Омори нави гирифторон ба коронавирус дар олам: Сироятшудагон 94 миллиону 315 ҳазору 331 нафар. Ҷонбохтагон 2 миллиону 017 ҳазору 913 нафар; пурра муолиҷашудагон 67 миллиону 345 ҳазору 640 нафар. 111 ҳазору 753 нафар дар беморхонаҳои олам дар ҳоли вазнин қарор доранд. Мизоми маргумир 2,14 дарсад.
Намояндагони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои муайян кардани ҷойю макони аввали зуҳури вируси корона ба Вуҳони Чин ворид шуданд. Тибқи иттилои расида ин коршиносон дар ҳайати 14 нафар ба Чин рафтанд, гуфтушуниди дурудароз билохира самар дод ва Чин 14 январи соли равон ба коршиносону мутахассисони байналмилалӣ иҷозаи вуруд дод. Дар ин ҳайат вирусшиносон аз ИМА, Австралия, Олмон, Ҷопон, Британияи Кабир, Русия, Нидерландия, Қатар ва Ветнам шомиланд.
Дабири кулли СММ Антониу Гуттерреш ҳафтаи оянда худро муқобили коронавирус эм мекунад. Аз 12 январ дар иёлоти Ню-Йорк воксанзании аҳолӣ шуруъ гардид, ки аввал афроди аз 65-сола боло эм карда мешаванд. Ин аст, ки Дабири кулии 71-сола шомили ҳамин категорияи синну сол аст.
Бисёре аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо сари вақт вояҳои лозимии воксани Pfizer –ро дарёфт намекунанд, чун ширкати амрикоӣ барои интиқоли он таъхир мекунад. Шветсия, Дания, Финляндия, Литва, Латвия ва Эстония инро қобили қабул намедонад ва мегӯянд ин бовариро ба раванди воксанзанӣ коҳиш медиҳад. Онҳо аз ИА талаб карданд, ки ба ин корхонаи азими дорусозӣ фишор оварад. Аммо Pfizer изҳор дошт, ки таъхир муваққатист, суръати дорурасонӣ аз раванди тағйиротҳо дар истеҳсолот вобаста аст.
Дар Португалия то 30 январи соли равон локдауни умумимиллӣ эълон шуд. Танҳо мактабҳо, мағозаҳои озуқаворӣ, беморхонаҳои байторӣ, гулфурӯшиҳо ва меҳмонхонаҳо боз хоҳанд буд. Аз сокинон хоҳиш карда мешавад, ки бе зарурат аз хонаҳои худ берун нашаванд.
Маҷористон метавонад аввалин кишвари аврупоие бошад, ки воксани чинии CoronaVac-ро қабул кунад.
Дар истироҳатгоҳи лижаронии кӯҳии Китсбюэли Австрия Covid-19 хуруҷ кардааст. Маъмурият мегӯяд сабабгори ин мураббиён аз Британия буданд. Ҳоло ин истироҳатгоҳ аз ҳисоби буҷаи дохилии худ ҳамаи сокинони атрофро водор мекунад аз тести коронавирус гузаранд. Дар Китсбюэл, дар роҳи машҳури “Штрайф” як зинаи Ҷоми ҷаҳонии варзиши лижаронӣ мебоист баргузор мешуд, вале аз сабаби авҷи коронавирус лозим омад онро ба дигар минтақаи Австрия гузаронанд.
Испания аз ҷаҳиши шадиди вируси корона баъд аз таҷлиди ҷашни Крисман хабар хоҳад дод.
Дар Чин бори аввал аз моҳи марти соли гузашта то ба имрӯз шумори зиёди гирифторони нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Мақомот гуфтанд, ки шабонарӯзи гузашта 144 нафар чун мубталои нав сабт шуд (моҳи марти соли гузашта 202 нафар буд). Дар қиёс ба мамолики дигар ин омор чандон зиёд ҳам нест, вале ҳукуматдорони Чин онро чун як бонги изтироб қабул мекунанд.