Шумори гирифторон ба КОВИД-19 дар олам ба 92 миллиону 778 ҳазору 983 нафар расид. Дар шабонарӯзи гузашта ин теъдод 285 037 нафар афзуд. Аз аввали ҳамагирӣ дар давлатҳои олам аз ин беморӣ 1 миллиону 986 ҳазору 903 нафар фавтиданд. Шумори ҷонбохтагони шабонарӯзи гузашта 6 078 нафар буд. Аз ин маризӣ 66 миллиону 294 ҳазору 446 нафар ҷон ба саломат бурданд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон шумори гирифторон ба КОВИД-19 дар кишварро 13 308 нафар эълон кард. Аз коронавирус 90 нафар ҷон бохтаанд. Мизони маргу мир 0,68%. 99,30 дарсади мубталоён шифо ёфтанд.
Дар ИМА боз ду навъи нави коронавирусро кашф карданд. Донишмандон мегӯянд яке аз онҳо зараррасонтар аз навъҳои дигарест, ки то кунун маълум шудааст. Бисёр беморхонаҳо ҷойи бистарӣ кардани беморонро надоранд, одамон ҳатто дар роҳравҳо ва шуъбаҳои кӯдакона хобанд. Духтурон бе рӯзи истироҳат кор мекунанд. Воксанзании сартосарӣ дар ИМА ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта оғоз шуда буд, аммо олимон мегӯянд натиҷа бояд танҳо аввали баҳор маълум шавад. Ҳоло духтурон ба авҷи бемориҳо ва на танҳо КОВИД-19, балки ба кулли касалиҳои уфунӣ омодагӣ мегиранд.
Канада низ аз мавҷи дуюми коронавирус ранҷ мебарад.
Рекорди нави маргумир бар асари коронавирус дар Британияи Кабир: шабонарӯзи гузашта аз ин беморӣ 1564 нафар фавтиданд. Синни онҳо аз 39 то 102 буд. Ба ҷуз 46 нафар боқӣ ҳамаи онҳо ба бемориҳои дигар низ гирифтор буданд.
Мушовирони илмии ҳукумат дар Фаронса хостори чораҳои навбатии маҳдудкунанда шуданд. Онҳо мегӯянд бояд бо ҳар роҳу васила садди роҳи “штамми британиёии” ин беморӣ шуд. Онҳо ҳамчунин гуфтаанд, ки дар айни замон гунаи британиёии коронавирус дар Фаронса барангезандаи 1% Covid-19 мебошад.
Олмон наметавонад чораҳои карантиниро дар аввали моҳи феврал низ лағв ва ё ҳаддиақал суст кунад, изҳор дошт рӯзи чоршанбе вазири тандурустии ин кишвар Йенс Шпан. Ӯ мегӯяд ҳоло хеле ба мушкил метавон садди роҳи густариши вирус шуд, бояд натиҷаҳои воксанзании умумиро интизор шуд, ки он ҳам метавонад баъди ду ё се моҳи оянда сурат гирад.
Италия ба қароре омад, ки то охири моҳи апрели соли равон низоми ҳолати фавқулодаро нигоҳ дорад.
Ирландия пас аз камтарин мизони олудагӣ дар Аврупо дар поёни моҳи ноябр ба кишваре бо бештарин мизон таҳдидкунандаи густариши вируси корона табдил шуд.
Ҳукумати Швейтсария дар пасманзараи густариши штамми биританиёии коронавирус тасмим гирифт маҳдудиятҳои қаблан ҷоришударо то охири моҳи феврали соли равон тамдид кунад.
Яке аз ширкатҳои эроние, ки ИМА таҳрим кардааст, ширкати созандаи воксан аз коронавирус дар ин кишвар аст. Сухангӯи вазорати беҳдошти Эрон хотирнишон кард, ки Вашингтон ба далели имтиноъ аз хариди воксани амрикоӣ ва азму иродаи Эрон барои сохтани воксани худ, ин ширкатро таҳрим кардааст. Дар ин гуна ҳолатҳо Амрико ин тавр рафтор мекунад: Онҳо зидди муассисаи илмиву таҳқиқотӣ таҳрим ҷорӣ мекунанд.
Рӯзи чоршанбе дар яке аз бузургтарин кишвари исломӣ ва пурҷамъияттарин мамлакати минтақа – Индонезия эмкунии сартосарии аҳолӣ оғоз гардид. Танзимкунандаи маҳаллӣ барои истифода аз воксани чинии CoronaVac (истеҳсоли ширкати Sinovac) иҷозат дод. Ин ҳам дар ҳолест, ки санҷиши клиникии дар Бразилия гузаронидашуда танҳо то 50% самаровар будани онро нишон дод.
Вилояти Ҳейлунгҷиёнг дар шимолу шарқи Чин, ки дорои 37,5 миллион аҳолӣ мебошад, баъди дар қаламрави вилояти ифшо шудани 28 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус ҳолати фавқулода эълон кард. Марзҳои он бо хориҷи музофот баста шуданд ва убуру вуруд танҳо бо иҷозатномаи махсус равост. Ҳукуматдорони Чин тактикаи локдауни нуқтаиро истифода мекунанд, ҳар ҷо, ки ҳатто нишоне аз коронавирус пайдо шуд, дучори маҳдудиятҳо мешавад. Ҳоло дар ин кишвар воксанзании саросарӣ идома дорад.
Ҷопон эълон кард, ки низоми ҳолатҳои фавқулодаро, ки то кунун дар Токио ва навоҳии атрофи он индома дошт, боз дар ҳафт минтақаи бузурги ин кишвар низ ҷорӣ мекунад. Аз аввалин ҳамагирӣ дар Ҷопон аз коронавирус ҳамагӣ 4100 нафар фавтидааст, ки ин як нишондоди пасттарин ҳисобида мешавад. Системаи тиббии Ҷопон хеле фаъол аст ва ҳукуматдорон талош мекунанд то ҳадди имкон фишор ба беморхонаҳоро коҳиш диҳанд.
Президенти Украина Владимир Зеленский ба Иттиҳодияи Аврупо барои таъмини ин кишвар бо воксан муроҷиат кард. Сарвари Украин ҳангоми сафари президенти тозаинтихоби Молдова Майи Санду ба кишвараш ин гуна дархост намуд. Пештар Киев гуфта буд, ки аз воксани русии "Спутник V" истифода нахоҳад кард.
Арманистон марзҳои заминии худро барои хориҷиён боз кард. Ҳамаи хориҷиёне, ки мехоҳанд ба Арманистон оянд, бояд маълумотномаи сироят набудан ба коронавирус дошта бошанд ва ин маълумотнома бояд 72 соати охирро дар бар гирад. Маҳдудияти дигаре ҷорӣ нашудааст.
Дар Русия шумори мубталоён ба коронавирус дар шабонарӯзи гузашта 22 850 нафар афзуд. 13,5 дарсади нав сироятшудагон аломати беморӣ надоштанд.
Вазорати мафорифи Қирғизистон талаби донишҷӯён дар мавриди коҳиши 50 дарсади ҳақи пардохти таҳсилро иҷро намекунад, изҳор дошт муовини вазир Нурлан Омуров дар як нишасти матбуотӣ. Вай гуфт, ки 88% буҷаи вазорат аз ҳисоби донишҷӯёнест, ки бо шартнома таҳсил мекунанд.
То 14 январ дар Қирғизистон 82587 нафар гирифторони вируси корона ба қайд гирифта шудаанд, аз ин беморӣ то кунун 1 375 нафар фавтидааст. Сатҳи маргумир бар асари коронвирус 1,66%-ро ташкил додааст.
То 14 январи соли равон дар Ӯзбекистон 77 716 нафар чун мубтало ба КОВИД-19 сабт шудаанд. Аз ин беморӣ то кунун 618 нафар ҷон бохтаанд. Мизони маргумир: 0.80%.