Шумори гирифторон ба вируси корона дар олам аз 92 миллион гузашт. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ теъдоди фавтидагон аз ин беморӣ дар оламро 1 миллиону 971 ҳазору 724 нафар эълон намуд. Ҳоло 110 ҳазору 135 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд. 65 миллиону 927 ҳазору 377 нафар пурра муолиҷа шудаанд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хабар дод, ки то ба имрӯз дар кишвар 13 308 нафар гирифтори КОВИД-19 шудаанд ва 13 215 нафар, ё худ 99,30% шифо ёфтаанд.
Кишварҳое, ки гирифторони зиёд ба коронавирус доранд:
ИМА — 23 369 732
Ҳинд — 10 495 816
Бразилия — 8 195 637
Русия — 3 471 053
Британияи Кабир — 3 164 051
Фаронса — 2 806 590
Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди Русия дар мавриди воксани ройгон ба кулли кормандони ин созмонро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Ширкати Pfizer пешниҳоди ариза зидди бақайдгирии воксани COVID-19 тавлиди Русияро баррасӣ мекунад.
Танзимкунандагони дору дар Иттиҳодияи Аврупо метавонанд истифодаи воксани AstraZeneca/Oxford 29 январ иҷозат диҳанд. Давлатҳои Аврупо изҳор медоранд, ки бисёре аз маъракаҳои воксанзанӣ ба суръате, ки интизор мерафт, сареъ ва дар миқёси васеъ набуданд ва бояд барои густардатару оҷилтар ба роҳ мондани ин кор талош кард.
Интизор меравад мақомоти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико касонеро, ки ба ин кишвар мерасанд вазифадор кунад, ки санади олуда набудан ба коронавирусро дошта бошанд.
Канада гуфт, ки боз 20 миллион вояи истифодаи воксани зидди коронавирусрусро аз ширкати Pfizer хоҳад харид.
Аввалин сироят ба навъи нави коронавирус аз Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар Олмон ба қайд гирифта шуд. Мутатсияи нави коронавирус дар як хонаводае ошкор шуд, ки 13 декабри соли гузашта аз ҶАҶ о мада буданд.
Як ҳодисаи таъсири баръакси воксани зидди COVID-19 тавлиди ширкатҳои Pfizer ва BioNTech дар Фаронса ба қайд гирифта шуд. Ин аксуламал дар шакли аллергия зоҳир гардид.
Воксани тавлиди ширкати «Модерна» рӯзи сешанбе ба Италия расид. Дар ин кишвар аввалтар аз ҳама духтурон, одамони солманд ва кормандони хонаҳои пиронсолон эм карда шуданд. Мақомот мегӯянд эмкунии сартосарӣ аз охири моҳи январ оғоз хоҳад шуд ва он ихтиёриву ройгон хоҳад буд. Аммо мақомот ҷиддан ба шаҳрвандон тавсия хоҳанд дод, ки аз воксан истифода кунанд. Қарор аст то охири соли 2021 90% аҳолӣ эм карда шаванд.
Швейтсария воксани амрикоии Modernaро тасдиқ кард. Истифодаи ин воксан барои афроди аз 18-сола боло иҷозат дода шудааст.
Дар беморхонаҳои Ирландия ҷой барои бистарӣ кардани гирифторони коронавирус намонд. Дар ин кишвар ҳодисаҳои беш аз беш ба қайд гирифта шудани мубталоён ба коронавирус ба ҳар миллион нафар мушоҳида мешавад.
Ҳавопаймои ширкати ҳавонавардии Aerolineas Argentinas рӯзи панҷшанбе ба Москав барои оврадани бахши дигар аз воксани "Спутник V" парвоз мекунад ва қарор аст рӯзи шанбе ба Аргентина баргардад.
Рӯзи сешанбе ҳукуматдорони Чин чораҳои иловагии карантиниро дар ноҳияҳои наздик ба шаҳри Пекин ҷорӣ карданд. Ин локдауни нав 4,9 миллион сокинонро дар вилояти Ҳибей дар бар мегирад. Ба ҳамаи бошандагони ин навоҳӣ лозим меояд, ки дар наздиктарин фурсат барои Covid-19 аз тест гузаранд. Рӯзи сешанбе 55 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шуда буд, ки 40 нафари онҳо дар Ҳибей буданд.
Лубнон эълон кард, ки 11 рӯзи оянда як қуюди шабгардии шабонарӯзӣ эълон хоҳад кард. Аз соати 5 субҳи рӯзи панҷшанбе лубнониҳо ҳатто барои харидории маводи ғизоӣ ҳам иҷозати хуруҷ аз хона нахоҳанд дошт.
Арманистон бо чанд кишвраи олам барои дарёфти воксани зидди коронавирус гуфтушунид мекунад, ки дар миёни онҳо воксани русии "Спутник V" низ ҳаст.
Шабонарӯзи гузашта дар Қазоқистон 692 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии Қирғизистон аз мақомоти ин кишвар хостаанд, ки 50% пардохти ҳақи таҳсили солҳои 2020 – 2021-ро тахфиф кунад. Ин донишҷӯён гуфтаанд, ки агар давлат донишгоҳҳоро маҷбур ба гузаштҳо ва ироаи имтиёзҳо накунад, ба тазоҳурот бармехезанд, гуруснагии умумӣ эълон мекунанд.
Воксани COVID-19, ки ширкати амрикоии Pfizer истеҳсол кардааст, барои озмоиш ба Қирғизистон оварда шуд. То имрӯз дар Қирғизистон дар маҷмӯъ 82 495 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Шабонарӯзи гузашта боз 178 нафари дигар чун мубталои нав сабт шуданд.
Ӯзбекистон аз сирояти 77 663 нафар ба коронавирус аз оғози пандемия хабар дод.