Шумори гирифторон ба коронавирус дар олам ба 86 миллиону 866 ҳазору 615 нафар расидааст. Шабонарӯзи гузашта 258 663 сироятшудаи нав ба қайд гирифта шудааст. Аз ин беморӣ то кунун 1 миллиону 876 ҳазору 726 нафар фавтиданд. Шумори муолиҷашудагон 61 миллиону 594 ҳазору 041 нафар эълон шудааст. Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта боз 5 нафар чун сироятшудаи нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуданд ва шумори гирифторон ба вируси корона дар кишвар ба 13 305 нафар расид ва 98,1% мубталоён муолиҷа шудаанд. Беш аз 600 рӯзноманигор аз 59 кишвари олам зарфи 10 моҳи охир бар асари сироят ба коронавирус ҷони худро аз даст доданд. Аз 602 рӯзноманигоре, ки аз аввали моҳи марти соли гузашта аз COVID-19 ҳалок шуданд, 303 нафари онҳо сокинони кишварҳои Амрикои Лотин буданд. 145 нафар аз мамолики Осиё, 94 нафар аз Аврупо, 32 тан аз Амрикои Шимолӣ ва 28 нафари дигар аз давлатҳои Африқо буданд. Британияи Кабир болотарин омори гирифторон зарфи як шабонарӯз аз коронавирус аз замони ҳамагириро эълон кард. Мақомот гуфтанд, ки дар 24 соати гузашт 60,9 ҳазор сироятёфтагони нав ба қайд гирифта шуданд. Дар Бритониё вазъи бениҳоят вазнини эпидемиологӣ бо сабаби паҳн шудани навъҳои мутатсияи коронавирус, ки тибқи ҳисобҳои пешакии коршиносон, метавонад 70% бештар сироятёбанда бошад, ташаккул меёбад. Олмон маҳдудиятҳоро дар иртибот ба коронавирус то охири моҳи январ тамдид мекунад. Ин маҳдудиятҳо аз 16 декабр шуруъ шуда буданд. Дар Фаронса суръати воксанзанӣ зидди коронавирус назар ба ҳамаи кишварҳои Аврпуо суст аст. Рӯзҳои истироҳат ҳамагӣ наздик ба 500 нафар воксан зада шуданд, дар ҳоле ки то кунун ин кишвар дар як ҳафта 500 ҳазор воя воксани Pfizer дарёфт карда буд. Мухолифони давлати Фаронса суръати эмкунии аҳолиро ба ҳадди ҷанҷолбарангез суст арзёбӣ карданд. Ҳукуматдорони Чин то ҳол ба гурӯҳи коршиносони илмии байналмилалии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, ки ба манзури муайян намудани хуруҷи вируси корона озими ин кишваранд, иҷозаи вуруд надодааст. Нахуствазири Ҷопон Есихидэ Суга изҳор дошт, ки ҳукумати ин кишвар масъалаи эълони эҳтимолии вазъи фавқулода дар Токио ва манотиқи атрофи онро ба сабаби афзоиши сироят ба коронавирус баррасӣ мекунад. Белоруссия ва Русия тасмим гирифтанд, ки гунаҳои навзуҳури коронавирусро дар қаламрави ду кишвар муштаракан таҳқиқ кунанд. Кори якҷояи ниҳодҳои дахлдори ду кишвар эҳтимолан баъди силсилаҷашнҳои солинавӣ ва таътилҳо оғоз шаванд. Президенти Арманистон Армен Саркисян дар Лондон гирифтори коронавирус шуд. Саркисян ҳамроҳ бо хонаводааш Соли навро дар Лондон ҷашн гирифта буд. Дар Гурҷистон даҳҳо ҳодисаи сирояти такрорӣ ба КОВИД-19 мавриди таҳлилу ташхис қарор гирифтааст. Шумори сироятёфтагон ба вируси корона дар Русия зарфи як шабонарӯзи гузашта 24 246 нафар эълон шуд. Теъдоди умумии мубталоён ба ин вирус дар Русия аз оғози ҳамагирӣ ба 3 миллиону 284 ҳазору 384 нафар расидааст. Духутурон гуфтаанд, ки авҷи сироят ба КОВИД-19 аввали баҳори соли равон тадриҷан рӯ ба коҳиш меорад. Дар Қазоқистон зарфи як шабонарӯзи гузашта 723 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шуд ва шумори умумии мубталоён дар ин кишвар ба 159 302 нафар расид. Аз ин пештар Комиссияи байниидоравии густариши коронавирус эълон карда буд, ки гунаи британиёии ин вирус дар Қазоқистон ба қайд гирифта нашудааст.