Созмони ҷаҳонии тандурустӣ субҳи имрӯз шумори гирифторон ба Covid-19 дар оламро 85 миллиону 552 ҳазору 661 нафар эълон кард. Танҳо шабонарӯзи гузашта дар саросари олам ба ҷамъи сироятшудагон то 240 014 нафар пайвастанд. То кунун аз ин беморӣ 1 миллиону 851 ҳазору 713 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Шумори шифоёфтагон 60 миллиону 527 ҳазору 744 нафар мебошад. Ҳоло дар бемористонҳои кишвраҳои олам 106 ҳазору 467 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки аз аввали ҳамагирӣ дар кишвар 13 300 нафар ба КОВИД-19 сироят шуданд. 12 980 нафар ё худ 97,59 дарсади сироятшудагон пурра муолиҷа шудаанд
Бештари сироятшудагони нав дар Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ (348 200 ҳодиса ва ё 56% аз ҳисоби умумии мубталоён дар 24 соат), минтақаи Аврупо (206 848) ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (29 892) ошкор шудаанд.
Daily Mail ахиран навишт, ки яке аз фарзияҳои вируси SARS-CoV-2 хориҷ шудани он аз озмоишгоҳи шаҳри Вуҳони Чин аст. Daily Mail истинодан ба суханони ҷонишини мушовири президенти ИМА Доналд Трамп дар масъалаҳои бехатарӣ Мэтю Поттингер дар ин бора навишт. Бино ба гуфтаи вай ин фарзия дар айни замон як фарзияи “боварибахш” аст. Поттингер ҳамчунин гуфтааст, ки ин вирус шояд ба сабабе ва ё ба иллати кадом садамае аз озмоишгоҳ хориҷ шудааст.
Британияи Кабир ҳарчанд аввалин кишвар дар Аврупо буд, ки даст ба воксанзании аҳолӣ зад, вале вазъи сироят ба коронавирус ҳамоно бад мешавад. Сарвазири ин кишвар Борис Ҷонсон ахиран гуфт, ки эҳтимоли шадид кардани маҳдудиятҳо вуҷуд дорад.
Карантини умумимиллӣ дар Олмон қарор аст 10-уми январ ба охир расад, вале ба эҳтимоли зиёд он тамдид карда хоҳад шуд.
Ҳинд ба эмкунии аҳолӣ ба воксани тавлиди ватании COVAXIN иҷозат дод. Эълони рӯзи якшанбе боиси тааҷҷуби бисёриҳо шуд, зеро мақомоти иттилоотӣ дар бораи асарбахшиву таъсири воксани тавлидшуда аз қабл хабаре мунташир накарда буданд. Аммо ин нахуствазир Норандро Модиро ба ташвиш наовард. Вай тавлиди воксанро пирӯзии илм ва соҳаи дорусозии Ҳинд номид.
Маҷористон аз воксани русии "Спутник V" даст кашид. Ин воксани тавлиди Русия ягона мухлисаш дар Аврупоро аз даст дод. Сарвазири Маҷористон Виктор Орбан воксани тавлиди Чинро муносибтар аз воксанҳои дигар донист.
"Воксани чинӣ умедворкунанда ба назар мерасад, ба назар меояд он зудтар ва бо миқдори бештар дастрас хоҳад шуд. Дар умум шумо ихтиёр хоҳед дошт, ки воксани ғарбиро бипазиред ва ё чиниро ва ин интихоби шумост”,-гуфт вай дар муроҷиаташ ба сокинон. Маврид ба ёдоварист, ки то кунун на воксани чинӣ ва на русӣ аз ҷониби Агентии аврупоии тиббӣ барои истифода дар қаламрави Иттиҳодияи Аврпуо тасдиқ нашудааст.
Шабонарӯзи гузашта дар Туркия боз 1515 сироятшудаи навро сабт карданд.
Аввалин ҳодисаи сироят ба штамми “британиёӣ”-и коронавирус (SARS-CoV-2) дар Гурҷистон ба қайд гирифта шуд.
Дар Финландия аввалин ҳодисаи аксуламали манфӣ ба воксана аз COVID-19-и тавлидиширкатҳои дорусозии Pfizer ва BioNTech сабт гардид. Коршиносон мегӯянд аз ин таъсироти манфӣ набояд тарсид, зеро аз воксанзании умумиву саросарии аҳолӣ фоидаҳо назар ба самараҳои манфӣ ба маротиб бештаранд.
Дар Белорусия зарфи як шабонарӯзи гузашта 1837 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус сабт шудааст. Аз аввали ҳамагирӣ дар ин кишвар аз КОВИД-19 1451 нафар фавтидаанд.
Зарфи 24 соати ахир дар Русия 24 150 сироятшудаи нав сабт шудааст ва ин камтарин омори сирояти нав аз 25 ноябри соли гузашта мебошад.
Қирғизистон аз сирояти боз 91 нафар ба SARS-CoV-2 хабар дод.
Дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон 30 ҳодисаи нави мубтало шудан ба коронавирус ба қайд гирифта шуда, дар вилоятҳои Тошканд ва Намангон панҷнафарӣ, Андиҷон чор, Хоразм се ва дар вилоятҳои Ҷиззах ва Қашқадарё якнафарӣ гирифтори нав ба қайд гирифта шудаанд. Аз аввали ҳамагирӣ 77 231 нафар дар Ӯзбекистон ба КОВИД-19 мубтало гардидаанд.