ҚИССАҲОИ ҶУҒРОФӢ. Кашфи дарёи бузурги Амазон. Франсиско де Ореляна (солҳои 1512-1546)

24 июн испониҳо дар ҷустуҷӯи ғизо ба рустои навбатӣ рафтанд ва ҳиндуҳоро диданд, ки истеҳкомҳои худро сахт ҳимоя мекарданд ва он чӣ барои аврупоиён ҷолиб буд, ки тавре Карвахал менависад, ин рустоҳоро занони қоматбаланду пурқуввати ранги пӯсташон сафед дифоъ мекарданд. Онҳо бо тани нимбараҳна, дар даст камонғӯла ва гурз ба ҳадде пурҷасорат меҷангиданд, ки мардони ҳинду пушт ба душман гардонида наметавонистанд. Ба ин муҳофизон зуд-зуд кӯмак мерасид ва испониҳо дигар тавони муқовимат накарда, ақиб нишастанд...

***   ***   ***

Моҳи феврали соли 1541 капитан Франсиско де Ореляна сарварии гурӯҳи худ дар бандари уқёнусиоромии Сантяго-де-Гуаякилро ба ӯҳда гирифт. Дар ин гурӯҳ ҳамагӣ 25 нафар шомил буданд ва 14 тани онҳо саворагон (аспсаворон). Ва доштани ин миқдор савора аслан шӯҳрат буд, чун асбҳоро аз Италия меоварданд ва он ҳам бо қиммати азим.

Моҳи март даста ба Кито расид ва мебоист ин ҷо бо гурӯҳи Гонсало Пизорро, бародари фотеҳи Перу мепайваст. Ин гурӯҳ ҳоло омодаи ҳаракат ба самти Анд, дар ҷустуҷӯи кишвари тилло ва дорчин буд. Ба назар мерасад вай намехост шӯҳрат ва сарватро бо Ореляна тақсим кунад, аз ин рӯ хеле пештар аз он ки вай ба мавзеъи мавриди назар расад, аз он берун шуд. Аммо ба ҳар ҳол баъди чанд ҳафта ба Ореляна муяссар шуд, ки ба вай бирасад.

Гурӯҳҳои баҳамомада аз тариқи Анд ба Селва (номи бешазороне дар Амрикои Ҷанубӣ) ворид гардид. Ҷустуҷӯҳо якчанд  моҳ идома карданд. Дарахтони дорчин хеле кам пайдо карда шуданд. Вале  вазъи ҳаракати гурӯҳҳо ба самте, ки ба нақша гирифта буданд, мушкилтар мешуд. Гуруснагиву қаҳтӣ ҳамсафари ҳамешагии конкистадорон буд. Барои сабук кардани мушкили роҳ дар имдидоди “дарёи Дорчин” (Напо-шохоби чапи дарёи азими Амазон) як киштии хурде бо исми “Сандро Педро” сохтанд ва 26 декабри соли 1541 Ореляна бо 57 ҳамсафараш бо маҷрои Напо ба поён ҳаракат кард, то дар поёнтар макони зист ва об пайдо кунад.  Тахмин мерафт, ки чанд рӯз баъд Ореляна ба гурӯҳи асосӣ бармегардад, вале вай барнагашт. Моҳи июни соли 1542  наздик ба 80 нафар афроди хаставу абгоршуда ва аз гуруснагӣ ба марг наздикшуда ба Кито баргаштанд. Инҳо боқимондаҳои дастаи бузурги Пизорро буданд. 

 

Роҳҳои баста, умедҳои барбодрафта.

Рӯзҳо мегузаштанд, вале Ореляно на макони ист пайдо мекард, на ғизо ва на изи одамӣ. Одамон азоби шадиди гуруснагӣ мекашиданд, ба онҳо ҳазорон-ҳазори бешумор хомӯшакҳо ҳамла мекарданд. Ба назди Пизорро бозгаштан аз имкон берун буд: дар дарё шохобе пайдо шуд, ки имкони гузар аслан намедод, роҳи обии ҳаракат зидди маҷро моҳҳои зиёд вақт мехост. Ва чуноне роҳиби доминиканӣ, яке аз ширкаткунандагони ин сафар Гаспар де Карвахал дар хотироташ менависад, Ореляна ва ҳамсафаронаш ба қароре омаданд, ки аз тариқи дарё ба поён шино кунанд, то ин ки “ё бимиранд ва ё бинанд, ки ин маҷро онҳоро то куҷо мебарад”.  

Ду ҳафта баъди ин, 8 январи соли 1542 садои нақоразании ҳиндуҳо ба гӯш расид ва аз вақт ба вақти дигар ин навову ин садо ҳамсафари онҳо шуд. Дар ин маҳалҳо ҳиндуҳо бо ёрии садои басо баланди нақора, ки аз хеле масофаи дур шунида мешуд, ба ҳамдигар ҳар гуна пайғомҳо мерасонданд. Рӯзи дигар онҳо ба соҳил фуруд омаданд ва ғайричашмдошти сокинони ба ҳаросуфтода ба ғизо ҳамла бурданд.

12 феврал испониҳо ба макони ба ҳам омадани се дарё расиданд. Калонтарини онҳо “ба вусъат шабеҳи баҳр буд” – киштии хурди онҳо  аз Напо ба Амазон (порт. Amazonas - пуробтарин руди дунёст, ки  дар Амрикои Ҷанубӣ ҷараён дорад. Он аз риштакӯҳи Анд сарчашма мегирад ва ба уқёнуси Атлас мерезад) ворид шуд. Ҷараёни об шадид буд ва дида мешуд, ки киштии ҷаҳонгардон ба ин фишорҳо дурудароз наметавонад истодагарӣ кунад. Аз ин рӯ, дастаи Ореляна киштии дигари калонтаре сохт, ки онро “Виктория” номид ва 24 апрел испониҳо бо ду киштӣ ба роҳи худ идома доданд. 

 Дарёи Риу-Негру-руде ба тӯли

тақрибан 2255 км дар Амрикои Ҷанубӣ.

Ҳафтаи дигар сипарӣ шуд ва онҳо ҳатто нишоне аз баҳрро намедиданд, ҳамоно ба маҷрои дарё равон буданду равон. 21 май Ореляна резишгоҳи дарёи Журуаро кашф кард, ки 3280 км дарозӣ дошт. 3 июн бошад испониҳо аз тарфи чапи резишгоҳ дарёи дигари бузургеро мушоҳида карданд ва онро Рио-Негро (ҳоло Риу-Негру) – “Дарёи сиёҳ” номиданд. Он ба ҳадде тез ҷорӣ буд, ки оби чун ранг сиёҳи вай дар тӯли қариб 100 км ҳам бо оби зарди тираи Амазон омехта намешуд. 

Франсиско де Ореляна-дарёнаварди испонӣ, кашшофи Амазон.

Дар моҳҳои аввали ин сафари тӯлонӣ испониҳо бо ҳиндуҳо иртиботу муносибатҳои хуб доштанд ва онҳо баъзан ройгон онҳоро бо ғизо таъмин мекарданд, дар ғайри сурат конкистадорон ин ғизоро бо зӯрӣ аз онҳо мегирифтанд. Аммо ба муҷарради наздик шудан ба қаламрави қабилаҳои қудратманд вазъ дигар мешуд. Талошҳои ба соҳил фуруд омадан бисёр вақт ба муқовимати сахти ҳиндуҳо рӯ ба рӯ мешуд ва онҳо намегузоштанд бегонагон ба сарзаминҳояшон ворид шаванд.  Пайдо кардани маводи ғизоӣ мушкил мешуд ва ҳатто хатарнок ҳам буд. Ҳар вақте мехостанд ба соҳил наздик шаванд, садои нақораро мешуниданд ва ҷанговарони мусаллаҳи истодаро медиданд ва ночор аз соҳил дур мерафтанд. Онҳо дигар шабро ҳам болои киштии худ рӯз мекарданд ва ҳатто дар киштӣ хобидан ҳам чандон бехатар набуд. 

24 июн испониҳо дар ҷустуҷӯи ғизо ба рустои навбатӣ рафтанд ва ҳиндуҳоро диданд, ки истеҳкомҳои худро сахт ҳимоя мекарданд ва он чӣ барои аврупоиён ҷолиб буд, ки тавре Карвахал менависад, ин рустоҳоро занони қоматбаланду пурқуввати ранги пӯсташон сафед дифоъ мекарданд. Онҳо бо тани нимбараҳна, дар даст камонғӯла ва гурз ба ҳадде пурҷасорат меҷангиданд, ки мардони ҳинду пушт ба душман гардонида наметавонистанд. Ба ин муҳофизон зуд-зуд кӯмак мерасид ва испониҳо дигар тавони муқовимат накарда, ақиб нишастанд. 

 

Бонувони муҳифизи Амазон дар тасвири рассом.

Конкистадорҳо ба ин бовар шуданд, ки ба шоҳигарии духтарони ҷанговар, ки адибони замони бостон ва қарни вусто (Ҳомер, Ҳеродот, Марко Поло) дар бораи онҳо зиёд навишта буданд, расидаанд.  Амазон қитъаи афсонавӣ буд ва замини онҳоро аврупоиён дар Олами Нав даҳсолаҳо ба инҷониб меҷустанд.  Бори аввал Ореляна ва ҳамсафарони вай аз ҳиндуҳо дар бораи кишваре дар болоби Напо шунида буданд. Ва ҳоло мебинанд, ки орзу ҷомаи амал мепӯшад. Онҳо аз ҳиндуи асирафтода фаҳмиданд, ки қабилаҳои ин ҳама атрофро фатҳ карда аслан дар рустоҳои бузурге зиндагӣ мекунанд ва хонаҳову истеҳкомҳои сангӣ доранд. Расидан ба ин рустоҳо 4-5 рӯза роҳ аз соҳили дарёст ва ба мавзеъҳои онҳо роҳҳои хеле хубе мебаранд. Машҳуртарину доротарини амазонкиҳо аз қадаҳҳои заррин об менӯшанд ва дар косаҳои тиллоӣ ғизо мехӯранд. Шаҳри онҳо аз панҷ “хонаи Офтоб” иборат аст ва дар он хонаҳо онҳо бутҳои тиллоӣ ва нуқраи худро дар симои занони зебо нигоҳ медоранд.

Ҷанг бо бонувони муҳофизи Амазон.

 Аммо мушкил буд бовар кард, ки оё ин ҳама нақлҳо воқеъият доранд ва ё афсонаанд. Экспедитсияҳои баъдии аврупоиён ба ҷойи шаҳрҳои пурсарвату роҳҳои бузург дар ин масирҳои фалокатбор ҷангалҳои касногузари тропикиро диданд ва хеле кам рустоҳои фақиру бенавои ҳиндувон сари роҳашон пайдо мешуданд.  Вале наметавон гумон кард, ки ин ҳамаро Карвахал бофтааст, ҳарчанд ҳама нукоти шубҳаноки ривоёти вай аз саҳеҳияти муътамадии санадҳо ористанд.  Аз миёни борони тирҳое, ки дар Амазон меҳмонони нохондаро истиқбол гирифтанд, нигоҳи кунҷкови Карвахал шаклу шамоили ҳиндуҳоро дид, зиндагии онҳоро ба қалам кашид ва навишту тавсир кард, ки то куҷо онҳо бомаҳорату ӯҳдабаро ва кордонанд. Ба назар мерасад таърихи Амазон бар пояи баъзе рӯйдодҳои воқеъии таърихӣ низ офарида шудааст, ба мисли ширкати занҳо дар муҳорибаҳо, хешии онҳо бо қабилаҳои бразилӣ ва ғайра; вале тасаввури конкистадорон ин ҳамаро бо империяи инкҳо, ки Ореляна ва ҳамроҳонаш аз он ҷо омада буданд, омехта кардааст ва онро ба ҳам овардааст. 

Испониҳо Амазонро ба ҳоли худ гузоштаву бо ҳамон роҳе омада буданд, пас гаштанд, бо ҳамон соҳилҳо, бо ҳамон роҳҳое, ки борҳо раҳгум зада буданд. Дар ин ҷойҳо ҳиндуҳо бар зиддашон аз тирҳои заҳрогин истифода мекарданд ва ба испониҳо лозим меомад барои дифоъ аз худ девораи киштиҳояшонро баланд кунанд. Ба зудӣ дар ин дарё баланд шудани об - мадд мушоҳида шуд ва одамони хаста гумон карданд ба баҳр наздик шудаанд, онҳо намедонистанд, ки дар Амазон маддро метавон ҳатто дар масофаи 900 км аз уқёнус ҳам мушоҳида намуд.   

Аввали моҳи август роҳи Амазон ба поён расид ва дар пеш уқёнуси кушод буд, ки ин киштиҳо дар обҳои уқёнус қудрати шино надоштанд. Се ҳафта онҳо киштиҳои худро ба шино дар оби уқёнус омода карданд. 26 август Ореляна  киштиҳоро вориди уқёнус кард ва бидуни қутнамову штурман ба самти шимолу ғарб ҳаракат кард. Баъдан киштиҳо ҳамдигарро гум карданд ва ба зудӣ ба ҷазираҳои Кубагуа дар баҳри Кариб расиданд, ки дар он ҷо ишғолгарони испониро вохӯрданд. 

Франсиско де Ореляна билохира нафаси озод кашид. Дар ин ҳашт моҳи сафар вай нишон дод, ки шахси оқил ва ҳамсафари одилест. Дар ин моҳҳо вай ҳам бо ҳиндуҳо дар набард шуд, ҳам бо онҳо вориди гуфтушунид гашт ва ҳам ҳамсафарони шикаставу рӯҳан заъифшударо рӯҳбаланд карду умедвор. Ва ин сафари пурбор, ки кашфиётҳои гаронарзише ба бор дошт, бештар натиҷаи кордониву дониши Ореляна буд. Метавон ӯро ба раддаи дарёнавардони бомаҳорату машҳуре ворид кард: вай аввалин касе буд, ки ҷараёни миёна ва поини дарёи бузурги Амазонро кашф намуд ва ин кашфиёт густараи беш аз 3 ҳазор километрро дар бар мегирифт. Ин дарёи ба масоҳату паҳно бузург номи худро ё аз калимаи ҳиндуи “амасуну” – “оби бузург” гирифт ва ё аз номи қабилаи афсонавии бонувони ҷанговар. Корномаи худи  Ореляна бо ҳамин ба анҷом нарасид. Ба муҷарради расидан ба Испания вай ба сафари нави Амазон омодагӣ дид. Вале аз сабаби камбуди сармоя ин экспедитсия ба ҳадди кофӣ омода нашуд. Одамон, силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ намерасиданд.

Ҳангоми қарор гирифтан дар Димоғаи Сабз ниме аз одамони вай аз идомаи сафар даст кашиданд ва ҳангоми убур аз Атлантика яке аз киштиҳои вай дар тӯфон шикаста шуд ва нобуд гашт. Баъди санҷишҳои зиёди қисмат ба резишгоҳи Амазон расиданд ва бо ҷараёни об ба боло ҳаракат карданд. Бисёриҳо аз гуруснагӣ ва бемориҳо ва тири ҳиндуҳо ҳалок шуданд: идомаи экспедитсия ба марги ҳамагонӣ оварда мерасонд. Моҳи ноябр худи Ореляно ё аз вараҷа ва аз ғами он ки нақшаҳояшро натавонист амалӣ кунад вафот кард. Рамзан вай дар ҷойе аз олам гузашт, ки чаҳор сол пеш аз он муҳимтарин сафари вай анҷом шудаву номашро абадӣ гардонда буд...

 

Таҳияи Б.Шафеъ

МАТОЛИБИ ДИГАР ҚИССАҲОИ ҶУҒРОФӢ: