31 октябри соли 2020 сироятёфтагон ба вируси корона дар саросари олам 45 миллиону 921 ҳазору 794 нафар эълон шуд. Танҳо рӯзи гузашта 133 ҳазору 721 нафар мубтало ба ин вирус шуданд. Аз оғози пандемия то кунун дар олам аз КОВИД-19 1 миллиону 193 ҳазору 912 нафар фавтидаанд. Аз коронавирус то кунун 33 миллиону 252 ҳазору 284 нафар пурра муолиҷа шудаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон шумори мубталоён дар кишварро 10977 нафар эълон кард. Бино ба гузориши ин вазорат дар шоми гузашта дар як шабонарӯз боз 38 нафар чун мубталои нав сабт шудаанд. Ин манбаъ шумори муолиҷашудагонро 10182 (92,7%) нафар ва фавтидагонро 82 нафар эълон кард.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар қисмати аврупоии Сайёра дар як шабонарӯз 239 085 ҳодисаи нави сироят ба COVID-19-ро ба қайд гирифт. Дар ҷойи дуюм Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ (143 411 ҳодиса) ва дар ҷойи сеюм Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (59 127 нафар).
Ҳукуматдорони Фаронса доштани ниқоб барои кӯдакони аз шашсола болоро ҳатмӣ эълон мекунанд.
Дар Ҷумҳурии Чех, ки то кунун бемории коронавирус аз авҷи аввал 40 баробар афзуд, мактабҳо, тарабхонаҳо, барҳо, клубҳо, иншоотҳои варзишӣ ва тафреҳиву фарҳангӣ ва теъдоди зиёди мағозаҳо баста шуданд.
Дар Лаҳистон, ки беморӣ 30 баробар афзудааст, ҳукуматдорон ҷорӣ кардани низоми инзивоъ назири Фаронса ва Олмонро истисно намекунанд. Ҳоло дар ин кишвар ҳамаи иншоотҳои хӯроки умумӣ баста шудаанд, барои мактаббачагон низоми равуои фосилавӣ ҷорист.
Дар Белгия, ки дар Аврупо аз ҷиҳати сироят ба ҳар сари аҳолӣ дар ҷойи аввал мебошад, ҳамаи иншоотҳои тафреҳӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ ва қаҳвахонаҳо баста шудаанд. Аз нимишабӣ то соати панҷи субҳ қуюди шабгардӣ амал мекунад.
Чораву тадбирҳои ба ин монанд дар Нидерландия роҳандозӣ хоҳад шуд, ки беморӣ назар ба авҷи баҳорӣ 7 баробар афзудааст.
Дар Италия, ки низ шумори сироятёфтагон ба авҷи худ расидааст, аз рӯзи душанбе муддати як моҳ ҳамаи варзишгоҳҳо, ҳавзҳои оббозӣ, театрҳо, кинотеатрҳо ва толорҳои консертӣ баста мешаванд, тарабхонаҳо ва барҳо бошанд, бояд соати 18:00 кори худро қатъ кунанд. Дар Рум ва дигар шаҳрҳо ва вилоятҳои кишвар қуюди шабгардӣ ҷорӣ шудааст.
Дар Швейтсария аз рӯзи панҷшанбе доштани ниқоб ҳатмӣ шуд, дар ин кишвар низ клубҳои шабона ва дискотекаҳо баста мешаванд, тарабхонаҳо танҳо то соати 23:00 иҷозати фаъолият доранд. Ҳамаи чорабиниҳое, ки дар онҳо беш аз 50 нафар ҷамъ мешаванд, манъ аст, дар рӯйдодҳои варзишӣ ва фарҳангии касбӣ беш аз 15 нафар бояд ҳузур надошта бошанд. Кулли мактабҳои олӣ таҳсили фосилавиро ба роҳ мондаанд.
Рӯзи панҷшанбе дар ИМА шумори рекордии сироятшудагони нав ба қайд гирифта шуд. Он рӯз дар ин кишвар 91,2 ҳазор нафар чун мубталои нав сабт шуданд.
Дар Русия бори аввал аз замони авҷи коронавирус беш аз 18 ҳазор нафар дар як шабонарӯз чун сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуд. Сирояти нави беморон ба ҷуз Чукотка дар ҳамаи минтақаҳо ба қайд гирифта шуд.
Зарфи 24 соати гузашт дар Қазоқистон 392 мубталои нав сабт шудааст.
Қирғизистон рӯзи 31 октябр аз сабти 58 394 нафар ба Covid-19 хабар дод ва шумори фавтидагон аз ин беморӣ ба 1 142 нафар расидааст.
Дар Ӯзбекистон аз оғози пандемия 66 628 (+236) сироятшуда ба КОВИД-19 ба қайд гирифта шудааст.