ИМА, Бразилия ва Ҳиндустон ҳамоно се кишвари пешсаф дар шумори сироятшудагон ба коронавирус мебошад. То кунун дар Амрико 8 миллиону 456 ҳазору 653 нафар сироят шуда, 225222 нафар фавтидаанд. Шумори мубталоён дар Ҳинд 7 миллиону 597 ҳазору 063 нафар ва дар Бразилия 5 миллиону 251 ҳазору 127 нафар эълон шудааст. Дар Ҳинд то кунун аз ин беморӣ 115236 ва дар Бразилия 154226 нафар ҷон бохтаанд. Субҳи имрӯз шумори сироятшудагон ба коронавирус КОВИД-19 дар саросари олам 40 миллиону 651 ҳазору 388 нафар эълон шуд. То кунун дар саросари дунё аз КОВИД-19 1 миллиону 122 ҳазору 997 ҷон бохтаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон шоми дирӯз, 19 октябр аз 40 ҳодисаи нави сироят ба коронавируси нав хабар дод ва гуфт, ки шумори умумии мубталоён ба 10 ҳазору 533 нафар расидааст. Ин манбаъ ҳамзамон шумори муолиҷашудагонро 9563 (90,8%) гуфт ва хабар дод, ки аз аввали пандемия аз КОВИД-19 дар кишвар 80 нафар ҷон бохтаанд.
Дар қораи Аврупо кишварҳои зиёде, ки гирифтори мавҷи дуюми коронавирус шудаанд, талош доранд аз эълони карантини фарогир худдорӣ кунанд ва ба ҷойи он даст ба маҳдудиятҳои маҳдудтаре зананд.
Аммо дар иёлоти Викторияи Австралия тадбирҳои карантиниро, ки беш аз 100 рӯз ба инҷониб идома дошт, тадриҷан коҳиш медиҳанд.
Чин эълон кард, ки иқтисоди рукудкарда бар асари коронавирус КОВИД-19-ро дубора барқарор кардааст.
Донишмандон исбот кардаанд, ки баъди атса задан ё сулфидани шахси сироятшуда ба Covid-19 зарраҳои сироятшавандаи он муддати то 8 дақиқа дар ҳаво мемонанд. Ва чун дар фасли сарду сармо одамон вақти бештари худро дар хонаҳо мегузаронанд, пайваста тоза кардани ҳавои хона хеле муҳим аст.
Дар шабонарӯзи гузашта дар 84 минтақаи Русия 15 982 сироятшудаи нав ба коронавирусро ошкор кардаанд, ки дар 26,2% беморон аломатҳои сироят дида намешуд.
Дар Қирғизистон дар шабонарӯзи гузашта 482 ҳодисаи сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз оғоз то кунун 1111 нафар фавтидаанд.
Шумори мубталоёт ба КОВИД-19 дар Ӯзбекистон ба 63 ҳазору 523 нафар расидааст.