Бино ба маълумоти Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинзи ИМА дар саросари олам то кунун 40 миллиону 281 ҳазору 741 нафар ба коронавирус КОВИД-19 сироят шудаанд. Кишвари пешсаф дар сироят ба ин вирус ИМА мебошад. Дар ин кишвар 8 миллиону 387 ҳазору 799 нафар мубтало ба вирус буда, то кунун аз он 224730 нафар фавтидаанд. Ҳинд бо 7 миллиону 550 ҳазору 273 нафар мубтало дар олам дар ҷойи дуюм буда, Бразилия бо 5 миллиону 235 ҳазору 344 нафар сироятшуда дар ҷойи сеюм мебошад. То ба имрӯз аз коронавирус дар Ҳинд 114642 ва дар Бразилия 153905 нафар фавтидаанд. Русия ва Аргентина дар сироят ба коронавирус дар олам дар ҷойҳои чорум ва панҷум мебошанд.
Бино ба хабари Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон шумори мубталоён ба коронавирус КОВИД-19 дар кишвар ба 10493 расида, дар шабонарӯзи гузашта 38 нафар чун сироятшудаи нав ба қайд гирифта шудаанд. Ин манбаъ гуфтааст, ки то кунун 9511 (90,6%) нафар аз ин вирус муолиҷа шудаанд ва 80 нафар фавтидаанд.
Шумори мубталоён ба коронавирус дар Гурҷистон ба 17 477 нафар расида ва шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар 1192 нафар чун сироятшудаи нав сабт шудаанд. Табибон мегӯянд ин теъдод аз замони ҳамагирии коронавирус КОВИД-19 болотарин омор дар як шабонарӯз буд.
Дар Фаронса низ ҳадди рекордии сироятшудагон дар як шабонарӯз ба қайд гирифта шудааст. Мақомот эълон кардаанд, ки дар 24 соати гузашта дар саросари ин кишвар беш аз 32,4 ҳазор мубталои нав сабт ёфта, шумори умумии сироятшудагон ба КОВИД-19 ба 897034 расидааст. Танҳо дар як шабонарӯз аз коронавирус дар Фаронса 90 нафар ҷони хударо аз даст доданд.
Дар Британияи Кабир беш аз 700 ҳазор нафар гирифтори коронавирус мебошанд.
Дар шабонарӯзи сипаришуда дар Украина боз 5231 нафар чун сироятшудаи нав сабт шуда, бештари онҳо дар вилоятҳои Харков, Хмелнитский, Сумский, Лвов ва Киев будаанд. Аз аввалин рӯзҳои пандемия дар Украина 5607 нафар аз коронавирус фавтидаанд.
Дар Молдова дар шабонарӯзи гузашта 792 сироятшудаи нав ба қайд гирифта шудааст ва шумори фавтидагон дар ин кишвар ба 1569 нафар расидааст.
Мақомоти тандурустии Эрон шумори сироятшудаҳои нав дар шабонарӯзи гузаштаро 3890 нафар эълон карданд. Аз оғоз то кунун шумори мубталоён ба SARS-CoV-2 дар ин кишвар аз 530 ҳазор гузашта, беш аз 30,3 ҳазор нафар ҷон додаанд. Танҳо шабонарӯзи гузашта дар Эрон 252 нафар бар асари коронавирус фавтидаанд.
Мақомоти расмии Белорусия рӯзи 18 октябр шумори сироятшудагон ба коронавирусро 87 698 нафар эълон карданд.
Шабонарӯзи гузашта дар Русия боз 15 ҳазору 99 нафари дигар сироятшудагони нав сабт шуда, аз чор як ҳиссаи онҳо бе ягон аломати вирус ба қайд гирифта шудаанд.
Қазоқистон аз 301 нафар афзудани шумори мубталоён ба коронавирус дар як шабонарӯз хабар дод. Дар айни замон теъдоди гирифторон ба КОВИД-19 дар ин кишвар 109 ҳазору 406 нафар эълон шуда, аз ин беморӣ 1792 нафар фавтидаанд.
Дар Қирғизистон зарфи 24 соати гузашта 554 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус ошкор шудааст. То кунун дар ин ҳамсоякишвар 52 ҳазору 044 нафар ба SARS-CoV-2 сироят шуда, 1111 нафар фавтидаанд.
Дар Ӯзбекистон аз оғози пандемия 63 219 нафар чун мубтало ба коронавирус ба қайд гирифта шуда, дар айни замон дар беморхонаҳои ин кишвар 2 369 нафар муолиҷа мешаванд. Бар асари COVID-19 дар ин ҷумҳурӣ 527 нафар фавтидаанд.