То 15 октябри соли 2020 дар саросари олам 38 миллиону 752 ҳазору 973 нафар мубтало ба коронавирус Covid-19 шуданд ва шумори фавтидагон ба 1 096 962 нафар расидааст. Дар шабонарӯзи гузашта 103 ҳазору 473 нафар чун сироятшудаи нав сабт шуда, бар асари ин беморӣ дар 24 соати гузашта 2420 нафар фавтидаанд. Дар саросари олам аз ин вирус 29 миллиону 129 ҳазору 637 нафар пурра муолиҷа шуданд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ошкор шудани 39 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус хабар дод. Ин манбаъ дар охирин хабари худ шумори мубталоён дар кишварро 10 ҳазору 336 нафар эълон кард. Ҳамчунин аз коронавирус аз аввал то кунун 9245 нафар муолиҷа шуда, 79 нафар фавтидаанд.
Сумя Сваминатан сарходими илмии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд афзоиши сафи мубталоён ба коронавирус дар саросари олам метавонад зарфи чанд ҳафтаи оянда теъдоди фавтидагонро афзоиш диҳад. Сумя Сваминатан ин суханонро дар ҷараёни пурсиш ва посух аз тариқи Твиттер иброз дошт.
Ҳукумати Фаронса аз 17 октябри соли равон дар манотиқи пойтахт ва дигар шаҳрҳое, ки коронавирус бештар паҳн шудааст, қуюди шабгардӣ эълон мекунад. Дар ин минтақаҳо аз соати 21:00 ҳамаи тарабхонаҳо ва театрҳо баста мешаванд. Барои нақзи қуюди шабгардӣ ба андозаи 135 евро ҷарима таъин шудааст.
Италия ба Русия барои кумакаш дар мубориза бар зидди коронавирус ба ин кишвар изҳори сипос кардааст. Мақомоти ин кишвар гуфтаанд, ки Москав дар талошаш барои сохтани воксан ва доруи зидди КОВИД-19 комёб будааст. Дар ин бора рӯзи чоршанбе вазири умури хориҷии Италия Луидҷӣ Ди Майо изҳор дошт.
Ҳукуматдорони Африқои Ҷанубӣ рӯзи чоршанбе низоми офати миллиро боз як моҳи дигар тамдид карданд.
Венесуэла ба санҷиши воксани русии “Спутник V” – и Русия аз COVID-19 оғоз кард, хабар дод президенти ин кишвар Николас Мадуро.
Сербистон бо Русия дар мавриди дастрасӣ ба воксани тавлиди ин кишвар гуфтушунид мекунад.
Дар Молдова рӯзи чоршанбе 1149 нафар сироятшудагони нав ба вируси корона ба қайд гирифта шуд. Аз аввали пандемия дар ин кишвар 1514 нафар мубталоён ба коронавирус сабт шуданд.
Дар баъзе кишварҳои аврупоӣ мактаббачагон дубора ба таътил фиристода хоҳанд шуд, дар бисёр беморхонаҳо ҷарроҳиҳои нақшавӣ мавқуф гузошта мешаванд, соҳибони дӯконҳо, тарабхонаҳо ва қаҳвахонаҳо, ки дар моҳҳои охир аллакай зарари молиявӣ дидаанд, аз мавҷи нави баста шудани онҳо дар остонаи зимистон ба андеша рафтаанд, ки чӣ бояд кунанд.
Бонки Ҷаҳонӣ бастаи кумаки 12 миллиард доллариро тасвиб кард, ки барои таъмини воксинаи коронавирус ба кишварҳои дар ҳоли рушд истифода хоҳад шуд.
Гурӯҳи олимони Фаронса ва Лубнон мегӯянд, ки сагҳо метавонанд беморони гирифтори Ковид-19-ро тақрибан 100% ҳолатҳо аз бӯи арақи одамӣ бишиносанд.
Ирландияи Шимолӣ рӯзи чоршанбе дар бораи ба муддати то як моҳ бастани пурраи мактабҳо, тарабхонаҳо ва майхонаҳо эълон кард.
Аз шаби чоршанбе дар Нидерландия, қаҳвахонаҳо ва тарабхонаҳо баста шудаанд ва дар як қатор минтақаҳо маҳдудиятҳои дигар ҷорӣ шуданд.
Дар шабонарӯзи гузашта дар Русия 14 ҳазору 231 нафар чун сироятшудаи нав сабт шуда, 239 нафар ҷон бохтанд. Коршиносон мегӯянд ин рекорди нав дар ин кишвар аз замони оғози ҳамагирӣ мебошад.
Дар Қирғизистон дар шабонарӯзи гузашта 330 ҳодисаи сирояти нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Қисмати бештари нав сироятшудагон (81 нафар) дар вилояти Ботканданд.