Субҳи имрӯз хабар дода шуд, ки шумори мубталоён ба коронавирус дар олам ба 38 431 369 расид ва дар як шабонарӯз 144 ҳазору 106 нафар сироят ёфтанд. Аз коронавирус КОВИД-19 1 092 038 фавтиданд ва 28 886 938 шифо ёфтаанд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон шумори мубталоён ба кооронавирусро 10 297 эълон кард. Аз аввали пандемия то кунун аз ин беморӣ дар кишвар 79 нафар ҷон бохтанд.
Аҳолии Олмон бори аввал зарфи 10 соли охир аз коҳиши вуруди паноҳандагон ба ин кишвар кам шудааст. Мақомот мегӯянд як сабаби аслӣ эълони маҳдудиятҳо ба иллати ҳамагирии коронавирус буд.
Намояндагони тарабхонаҳои Фаронса тасмим гирифтаанд, ки ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи ҳукуматдорон даст ба намоиш зананд. Онҳо мегӯянд бисёре аз ин муассисаҳо бар асари вазъи нобасомони вобаста ба авҷи коронавирус ҳоли табоҳе доранд.
Норвегия эълон кард, ки эмкунӣ аз коронавирус барои ҳамаи сокинони кишвар ройгон хоҳад буд. Харҷи онро давлат ба уҳда мегирад.
Сарвазири Лаҳистон Матеуш Мораветский хабар дод, ки баъди мулоқоташ бо як шахси мубтало ба коронавирус ба низоми фосилавии фаъолият мегузарад.
Исроил карантини ҷориро то 18 октябри соли равон тамдид кард.
Ҳукумати Ҷумҳурии Корея аз рӯзи сешанбеи гузашта дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҷойҳои пурҷамъияти қаламрави ин кишвар низоми ҳатмии маҳдудиятҳоро эълон намуд. Ҳадаф пешгирӣ аз густариши коронавирус дар ин кишвар аст.
Ҳукумати Украина низоми маҳдудиятҳо ҷиҳати пешгирӣ аз ин вирусро то 31 декабри соли равон тамдид мекунад.
Коршиносон сабаби авҷи нави сироят ба КОВИД-19-ро ба оғози дарсҳо дар муассисаҳои таълимӣ ва заъфи ҳиссиёти одамон нисбат ба хатарҳо рабт медиҳанд.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ роҳи ягонаи ҳифзи саломатии сокинони Заминро дар сохтани воксани пуртаъсир мебинад.
Дар Русия шабонарӯзи гузашта аз КОВИД-19 244 нафар фавтиданд ва ин як нишондиҳандаи рекордӣ аз аввали эпидемия буд.
Дар пойтахти Қазоқистон тадбирҳои карантинӣ сахттар мешаванд. Аз ҷумла бештар аз 60% кормандони мақомоти давлатии маҳаллӣ ба фаъолияти фосилавӣ мегузаранд. Ҳамчунин соати кории каҳвахонаҳо, барҳо, ошхонаҳо коҳиш меёбад. Дар ҳар аз онҳо бояд на бештар аз 30 нафар ҳузур дошта бошанд.