Шумори мубталоён ба коронавирус КОВИД-19 дар олам ба беш аз 38 миллион нафар (38 081 367 ) расид. Танҳо дар шабонарӯзи гузашта дар кулли кишварҳои олам 93 ҳазору 968 нафар сироятшудагони нав ба қайд гирифта шуданд ва аз ин беморӣ 1 ҳазору 681 нафар фавтиданд. Теъдоди ҷонбохтагон ба коронавирус аз оғоз ба 1 086 017 нафар расид. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз ошкор шудани боз 38 мубталои нав ба коронавирус хабар дод ва навишт, ки шумори умумии сироятёфтагон ба ин беморӣ дар кишвар ба 10260 расидааст. То кунун 88,7% гирифторон муолиҷа шудаанд.
То охири соли равон дар ИМА чанд воксани зидди коронавируси нав мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Ҳукумати Британияи Кабир бори дигар тасмим гирифт, ки чораҳои мубориза бо паҳн шудани коронавирусро сахттар кунад. Борис Ҷонсон-сарвазири подшоҳии Британия дар бораи эълони системаи нави сезинаии маҳдудиятҳо эълон кард, ки қарор аст дар қаламрави Англия амалӣ шавад.
Сарвазири Ҷумҳурии Чех Андрей Бабиш рӯзи душанбе якҷо бо Шӯрои амнияти миллӣ як ҷаласаи изтирорӣ ташкил кард ва вазъи сироят ба коронавирус дар кишварро баррасӣ намуд.
Қарор аст баъди ду ҳафта Эрон ба санҷиши воксан аз коронавирус дар одамон оғоз кунад.
Вазорати тандурстии Иморати Муттаҳидаи Араб ба роҳандозии таҳқиқоти сезинаии клиникии воксани тавлиди Русия аз коронавирус "Спутник V" иҷозат дод.
Наздик ба 500 олимон аз Украина ба президенти кишвар Владимир Зеленский дар мавриди ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои наву шадидтар муроҷиат кардаанд. Ин донишмандон дар номаи худ гуфтаанд, ки аллакай дар моҳи ноябри соли равон агар ҳукумат тадбири ҷиддӣ наандешад, системаи тандурустии кишвар дучори сакта хоҳад шуд. Онҳо талаб доранд, ки маҳдудиятҳои иловагӣ, аз ҷумла ҳатман доштани ниқоб, манъи кори муассисаҳои тафреҳиву марказҳои дилхӯшӣ, барҳо, маҳдудиятҳо дар шумори ширкаткунандагон дар чорабиниҳо ҷорӣ карда шавад. Ин олимон ҳамчунин гуфтаанд, ки то анҷоми ҳамагирӣ бояд аз баргузории ҳар гуна маросимҳо бо зиёфатҳои пуршукӯҳ манъ карда шаванд.
Русия метавонад баъди чанд ҳафта авҷи сироят ба коронавирусро боздорад.
Шабонарӯзи гузашта дар 18 минтақаи Русия 13 ҳазору 592 ҳодисаи нави сироят ба КОВИД-19 ба қайд гиифта шудааст, ки дар 26,2% онҳо аломатҳои сироят дида нашудааст. Ҳамоно дар шаҳрҳои Москав (4395) Санкт-Петербург (538), Подмосковйе (440), вилоятҳои Ростов (274), Нижегород (271), Архангелск (242), Свердлов (218) ва Вилояти мухтори Ханта-Манси (208) сироятшудагони бештар сабт шудаанд.
Дар Қирғизистон дар як шабонарӯз 298 ҳодисаи нави сироят ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда, теъдоди умумии мубталоён ба 49 528 нафар расидааст.
Дар Ӯзбекистон сироятшудагон ба КОВИД—19 ба 61 319 (+302) нафар расидааст.
Ҷаласаи шӯрои сарони кишварҳои ИДМ, ки қарор буд 16 октябри соли равон дар Тошканд баргузор шавад, ба вақти дигар мононда шуд. Дар ин бора РИА Новости истинодан ба сухангӯи Президенти Русия Дмитрий Песков хабар дод.