Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи гузашта боз 40 нафар сироятшудагони нав ба коронавирусро ба қайд гирифта, шумори умумии мубталоён ба ин беморӣ дар кишвар ба 10 ҳазору 137 расидааст. Ин манбаъ ҳамчунин хабар дод, ки то кунун дар кишвар 8959 (88,3%) нафар ба вируси корона муолиҷа шуда ва 79 нафар аз он ҷон бохтаанд.
Субҳи имрӯз, 10 октябри соли 2020 шумори сироятшудагон ба коронавирус дар олам бештар аз 37 миллион (37 137 720) нафар эълон шуд. Танҳо шҳабонарӯзи гузашта 120 ҳазору 636 нафар ба он сироят ёфтаанд. Аз коронавирус дар саросари олам то кунун 1 073 145 нафар фавтидаанд. Шумори муолиҷашудагон то субҳи рӯзи 10 октябр 27 миллиону 911 ҳазору 342 нафар эълон шудааст.
Дору барои муолиҷа аз COVID-19, ки дар бадани инсон антитела таҳия кунад, аз ҷониби ширкати дорусозии AstraZeneca дар доираи муоҳадаи нав бо вазорати тандурустӣ ва хадамоти иҷтимоии ИМА сохта хоҳад шуд.
Дар Лаҳистон 10 октябри соли равон маҳдудиятҳои нав ҷорӣ шуд. Акнун сокинон бояд ҳангоми аз хонаҳои худ хориҷ шудан даҳону бинии худро бо ниқоб ва ё рӯмал банданд.
30 % шаҳрвандони Италия мегӯянд аз идомадор омадани ҳамагирии коронавирус то ҷойе эҳсоси мушкилоти равонӣ мекунанд. Ин нишондиҳанда миёни сокинони аз 35 то 44 сола ва одамони дорои маълумоти олӣ бештар аст.
Дар Фаронса аз замони оғози пандемия 32 ҳазору 583 нафар ба КОВИД-19 фавтиданд.
Шабонрарӯзи гузашта дар Русия 12 ҳазору 126 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар Қирғизистон бошад 275 мубталои нав сатб шудааст.
Вазорати тандурустии Ӯзбекистон эълон кард, ки шумори гирифторон ба КОВИД-19 дар ин кишвар то соати 18:00 рӯзи гузашта ба 60 342 нафар расид, дар як шабонарӯз дар ин кишвар 316 нафар мубтало ба COVID-19 шудаанд ва шумори фавтидлагон аз ин виру ба 498 нафар расидааст.