6-уми ноябри соли равон шумори гирифторон ба вируси корона дар ҷаҳон ба 35 миллиону 709 ҳазору 955 нафар расид. Аз ин беморӣ то кунун дар олам бештар аз 1 миллион нафар фавтидаанд. Танҳо дар шабонарӯзи гузашта дар кулли кишварҳои олам 78 ҳазору 517 нафар сироят шуда, 1 523 нафар ҷон бохтаанд. Аз коронавирус КОВИД-19 то кунун 26 миллиону 878 ҳазору 379 нафар муолиҷа шудаанд.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта дар кишвар 39 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шуда, шумори мубталоён ба 9974 нафар расид. Ин манбаъ гуфт, ки аз коронавирус КОВИД-19 то имрӯз 8794 нафар муолиҷа шуда, 78 нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Мавҷи дуюми коронавирус дар Аврупо аз аввала қудратмандтар будааст. Бар асари афзоиши сафи гирифторон ва густариши вирус аксари кишварҳои аврупоӣ дубора рафтуомади нақлиёти замину ҳавоиро маҳдуд мекунанд ва маҳдудиятҳои ҷудогонаи беҳдоштиро дубора ҷорӣ менамоянд. Вале ҳоло ҳам дар бораи карантини умумӣ ва фарогир ҳарф зада намешавад.
Фаронса дар қораи Аврупо пешсафтарин кишвар дар сироят ба коронавирус мебошад.
Аксари кишварҳои аврупоӣ барои ҷилавгирӣ аз густариши сатҳи сироят шаҳрвандони худро водор мекунанд, ки ҳатман ниқоб дошта бошанд.
Дар Исроил як шаҳрванди 24-солаи ҷануби ин кишвар ба сирояти дидавудонистаи COVID-19 муттаҳам шуд. Мақомот мегӯянд вай рӯзи 1 октябри соли равон бо вуҷуди он ки медонист гирифтори коронавирус мебошад, ба шабнишинӣ рафт.
Рӯзи душанбе дар Женева иҷлоссияи дурӯзаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ баргузор мешавад, ки масъалаи коронавирус дар оламро баррасӣ мекунад.
Шабонарӯзи гузашта дар Русия 10 888 ҳодисаи гирифторони нав ба COVID-19 ба қайд гирифта шуданд ва аз ин беморӣ 117 фавтиданд. Шумори бештари гирифторон дар Москав (3537), Санкт-Петербург (407) ва Подмоскавйе (339) буд.
Дар Қирғизистон 244 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Тибқи охирин иттилое, ки вазорати тандурустии Ӯзбекистон расонаӣ кард, дар ин кишвар 58 946 ҳодисаи мубтало шудан ба коронавирус ба қайд гирифта шуда, шумори фавтидагон ба 485 нафар расидааст.