Қиссаҳои ҷуғрофӣ. Португалиҳо дар роҳ ба сӯи Ҳинд. Аз Ҳенрӣ Дарёнавард то Васко да Гама. Бахши аввал

Португалия, ки дар қисмти ғарбии Аврупо ҷойгир шудаст, гӯё ба истиқболи уқёнуси Атлантик доман кушодааст. Аз қадим ин кишвар бо баҳр мутавассил буд. Аммо дар асри XYI португалиҳо дар миёни дигар кишварҳои наздибаҳрии Аврупо муваффақияти хосе надоштанд. Чун дар ҳама ҷо капитанҳо аз таҷрибаи рондани киштиҳо дар обҳои кушод надоштанд, харитаҳои хуб ва таҷҳизот намерасид.  Ва аз ҳама асосӣ одамонро ҳисси изтиробу  тарс фаро гирифта буд, онҳо аз ким-кадом хатари номуайян бим доштанд ва ин тарсу  ин нигаронӣ онҳоро аз сафарҳои дури баҳрӣ нигоҳ медошт. Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда касоне ҳам пайдо шуданд, ки марзи ин тарсу ҳаросро шикастанд ва дар охири асри XY ва аввали асри XYI давраи шукуфоӣ барои киштирониву сафрҳои баҳрии португалӣ фаро расид. Муддати камтар аз сад сол баҳрнавардони ҷасур аз ин кишвари хурдакак аз худ дарак доданд ва чашми аврупоиёнро ба ҷаҳони дигар боз карданд, ба харитаи олам қаламрави азимеро дар Африқо, Осиё ва Амрико ворид карданд ва ин сарзаминҳоро омӯхтанд.

 

Шоҳзода Энрике Дарёнавард: Роҳ ба сӯи   ҳокимият дар баҳрҳо

 

Шоҳзода Энрике Дарёнавард, ки бо номи

Ҳенрӣ Дарёнавард низ ёд мешавад.

Писари шоҳ Жуани якум.

 Дар саргаҳи иқтидори баҳрии Португалия шахсияти шинохта, ташкилотчии хастагинопазири сафарҳои баҳрӣ шоҳзода Энрике (Ҳенрих) Дарёнавард (1394—1460) қарор дошт. Соли 1415 вай дар ишғоли бандари Африқои Шимолии Сеут ширкат кард ва оғози ҳамлаи баҳрии Португлияро маҳз аз ҳамин рӯйдод медонанд. Дар ин шаҳр чун фаҳмид, ки роҳи корвонҳои тиҷоратӣ аз Саҳрои Кабир ба ҷануб, ба кишварҳои саршор аз тилло мегузарад, шоҳзода ба қароре омад, ки аз роҳи баҳр ба онҳо расад ва киштиҳои худро қад-қади соҳилҳои ғарбии Африқо равона сохт. Тӯли зиндагии худ вай суботкорона барои амалӣ кардани ҳамин ҳадафҳо талош кард. Аз соли 1420 вай сарварии фармонравоии қудратманди португалии фирқаҳои низомии Ордени Масеҳро ба ӯҳда дошт ва барои таҳқиқотҳои худ аз имконияту захираҳои он истифода мекард. 

Ҳарчанд Энрике Дарёнавард дар ягон экспедитсияи созмондодаи худ шахсан ширкат надошт ва танҳо ҷиҳати иштирок дар сафарҳои ҳарбӣ ба Африқои Шимолӣ по ба киштӣ мегузошт, лақаби ифтихориро барои хизматҳояш ноил шуд.

Аз соли 1416 то соли 1460 даҳҳо киштӣ ба ҷазираҳои Атлантика ва соҳилҳои Африқо бо фармон ва воситаҳои вай фиристода шуданд. Маъмулан дар ин гуна сафарҳо капитанҳои киштӣ аз ҳисоби шоҳзодаҳои дарбор таъин мешуданд. Барои расидан ба ҳадаф шоҳзода Энрике ба дарбор беҳтарин картографҳои Аврупо, ситорашиносон ва донандагони таҷҳизотҳои навро даъват намуд.

Дар аввал маллоҳони португалӣ талош мекарданд аз соҳилҳои Африқо дуртар нараванд ва аз баромадан ба паҳнои уқёнус тарс доштанд. Аввалин ҷазираи дур аз соҳилҳо соли 1419 тасодуфан кашф шуд: тӯфони азим португалиҳоро хеле дур ба самти ғарб бурд ва онҳо ба ҷазираи ҷангалӣ уфтоданд ва онро Мадейра (португалии «ҷангал») номиданд. Ва хеле ба зудӣ аввалин ҷазираҳои гурӯҳи Азор низ кашф гардиданд. Аслан инҳо ва ҷазираҳои пешин барои қадимиён аллакай маълум буданд ва аврупоиёни қарни вусто онҳоро фаромӯш карда буданд. Барои португалиҳо шино то ин ҷазираҳо мактаби бузурги киштиронӣ дар уқёнуси озод буд.

Аммо ҳаракат дар имтидоди соҳилҳои Африқо хеле ба душворӣ муяссар мешуд. Аввалин иқдомот хеле мушкил буд. Як сабаби нобарории биёр экспедитсияҳо тарсҳои хурофотии маллоҳон буд, ки афсонаҳо, ривоятҳо ва эътиқодоти динӣ дар бораи заминҳои Африқои экваторӣ талқин мекарданд. Ҳанӯз дар замонҳои қадим мегуфтанд, ки дар ин манотиқ зиндагӣ аслан номумкин аст. Ва афсона гӯё ба як ҳақиқати маҳз табдил шуда буд. Дар имтидоди соҳилҳо маллоҳон танҳо биёбонҳоро медиданд, ки ҳазорҳо километр тӯл мекашид ва ҳеч нишони ҳаёти одамӣ дар он дида намешуд. Гармои тоқатфарсо ва комилан мавҷуд набудани ҳаёт дар ин мавзеъҳо на танҳо маллоҳон, балки капитанҳои киштиҳоро ба даҳшат меоварданд. Киштиҳо бе он ки вазифаи дар наздашон гузошташударо анҷом диҳанд, аз нимароҳ бармегаштанд.

Муддати дурудароз ҳадди ҳаракат ба ҷануб димоғаи Буҷодур (шаҳре дар Марокаш, ки тибқи оморгирии соли 2012 58 101 нафар аҳолӣ дошт) буд. Дар ин макон сахраҳои азими регӣ дида мешуданд, ки амвоҷи пурқудрат ба онҳо бармехӯрд. Роҳи аввалия дар имтидоди соҳил баста буд ва маллоҳони португалӣ ҷуръат намекарданд, ки чандин мил ба уқёнуси озод шино кунанд то ин димоғаи пурхатарро гирдогирд тай намоянд. Ва ҳамагон ба ҳамин бовар эътиқоди қатъӣ ҳам доштанд: «Ҳар касе димоғаи Боуҷодурро гузарад, ҳаргиз дубора пас намегардад». Солҳои зиёд шоҳзода Энрике киштиҳои худро ба ин макони пурхатар эъзом мекард, вале ҳар бор онҳо бенатиҷа пас мегаштанд. «Мо марзҳоеро, ки гузаштагонамон пурхатар эълон кардаанд, чӣ гуна метавонем гузарем ва оё шоҳзода аз ҷонҳову танҳои мурдаи мо фоидаи зиёд ба даст меорад?»,- навишта буд яке аз таърихнигорони сафари баҳрӣ аз забони маллоҳон.

Пайкараи Жил Эаниш

дар шаҳри Лагуши Португалия.

 Вақте соли 1434 Жил Эаниш ба ҳар ҳол тавонист аз тарси дучор нашудан ба ғазаби шоҳзода ин димоғаи пурхатарро гузарад. Барои исботи он ки ҳаёт ҳатто дар ҷанубтари димоғаи Буҷодар имконпазир аст, Эаниш ба шоҳзода Эрике гулҳои худрӯи садбаргро армуғон овард. Дар асарҳои муаррихони баъдӣ мехонем: «Ҳарчанд убури димоға кори начандон мушкиле буд, вале он замон ин иқдоми боҷасорат дониста мешуд».

Муддати солҳои зиёд ҳама экспедитсияҳо зараровар буданд ва онҳо танҳо бо ташаббусҳои шахсӣ ва молу сарвати худи шоҳзода амалӣ мешуданд. Андешаи мавҷудияти роҳи баҳрӣ ба Ҳинд он замон пайдо нашуда буд. Дуруст аст, ки солҳои охири ҳаёташ шоҳзода, вақте ҳамлаи туркон ба Аврупо шиддат гирифт ва хатар бештар шуд, чун сарони давлатҳои дигари масеҳӣ дар ҷустуҷӯи муттаҳидони зидди ислом афтод ва онҳо бештар аз шоҳ-рӯҳонӣ Иоанн ёд оварданд, ки гӯё замоне дар умқи Осиё дар як ҷанги шадид мусалмононро шикаст дода будааст. Ба ин ривоят ва ин афсона ҷомаи воқеъият мепӯшонанд ва мегӯянд, ки дар асри XII дар қаламрави Осиёи Марказӣ як давлати қудратманди масеҳӣ вуҷуд дошт. Аммо дар асри XY  аврупоиён ба хулосае омаданд, ки дар Осиё ин гуна давлат вуҷуд надорад. Он вақт онҳо ин давлати роҳиб Ионнро ба давлати Эфиопия шабеҳ донистанд, ки дар ҳақиқат як кашиши масеҳӣ сарвари он буд. Ва талош карданд ин шоҳигарии афсонавиро пайдо кунанд ва шоҳзода Энрике (дар охирҳои ҳаёташ) ва пайравонаш аз ин талошҳо пуштибонӣ намуданд. Аммо дар бораи роҳи баҳрӣ ба самти Ҳинд хеле баъдҳо сухан оғоз шуд, ҳадсу гумонҳо зада шуданд ва билохира барои пайдо кардани он иқдомҳо намуданд.

Дар оғоз талошҳои зараровари шоҳзода маъруфият пайдо накарданд. Вале баъдан вазъ тағйир ёфт. Ҳангоми тай кардани ҳазорҳо км масофа дар имтидоди соҳилҳои беодам португалиҳо ногаҳон сокинони маҳаллиеро вохӯрданд, ки ба қабилаҳои барбарии пештар барояшон ошно шабоҳат надоштанд. Инҳо зангиҳое буданд, ки  дар бораи онҳо дар Аврупо аслан нашунидаву надида буданд. Аввалин асирони зангӣ, ки баъдан чун ғулом ба Португалия оварданд, соли 1441 иттифоқ уфтод ва ин як шӯру валвала ба бор овард. Солҳои баъдӣ таъқибу шикори ғайриинсонӣ ва ба ғуломон табдил додани онҳо аз муҳимтарин ҳадафҳои дастаҳои баҳрнавардӣ буд. Ин ғуломонро “устухонҳои сиёҳи филӣ” меномиданд. Тиҷорати ғуломон фоидаҳои зиёд меовард ва маҳз ҳамин як омили аслии ҳаракат ба самти ҷануб шуда буд. Сокинони маҳаллӣ пай бурданд, ки омадани португалиҳо хатар ба ҷони онҳост, аз ин рӯ аз даҳшат аз соҳилҳо ба дохили қитъа фирор мекарданд ва португалиҳоро ҳам лозим меомад, ки барои ба даст овардани ғуломон дуртар шино кунанд.

Ба зудӣ боз як кашфиёти дигар, ки одамонро ба тааҷҷуб меовард, рух дод. Баъди тай кардани масофаҳои зиёд дар соҳилҳои биёбони гарм португалиҳо димоғаи сарсабзеро кашф карданд ва онро Сабз номиданд (ҳоло он димоғаи Алмадӣ, воқеъ дар Сенегал аст). Маълум гардид, ки бар хилофи ақида ва тасаввури пешиниён ва муаллифони асарҳои қадима ҳаёт дар гармтарин нуқтаи олам ҳам имконпазир будааст. Даҳсолаҳои баъдӣ вақте тӯфони азим киштии Алвиз да Кадамосто (Alvide Ca 'ra Mosto-баҳрнаварди венетсиоӣ, ки дар Португалия хизмат мекард) - ро, ки афсари шоҳи Португалия буд, аз соҳил ба самти ғарб партов кард, ҷазираҳои Димоғаи Сабз кашф шуданд. 

Дар соли 1462 Педру ди Синтра ҷанубтар ҳаракат кард ва дар соҳил қуллаҳои баланди кӯҳро мушоҳида, ки садои баланди раъд ба сони наъраи шер шунида мешуд ва ин кӯҳҳо Шеркӯҳ – Съерра-Леона номида шуданд.  Дар Португалия ин кашфиёт як умеди беасосеро дар мавриди наздик шудан ба уқёнуси Ҳинд ба вуҷуд овард, аммо дар асл португалиҳо ба халиҷи бузурги Гвинея расида буданд ва то охири қисмати ҷанубии Африқо боз 8 ҳазор километри дигар боқӣ монда буд. 

Фаъолиятҳои пурсабру хастагинопазиронаи шоҳзода Энрике билохира самар оварданд. Тумани номуайяние, ки заминҳои Африқои Ғарбиро  мепӯшид, тадриҷан пароканда мегардид, тарс, нигаронӣ, хурофот нопадид мешуд. Насли нави баҳрнавардоне омаданд, ки вазифаҳои азимтару кашфиётҳои муҳимтарро анҷом доданд.

 (Идома дорад)

Таҳияи Б.Шафеъ

 

МАТОЛИБИ ҲАМСОН:

Саҳифаи нав: Қиссаҳои ҷуғрофӣ

Аввалин русиёӣ дар Ҳинд. Афанасий Никитин кӣ буд?

Давраи кушоишҳои бузург, яъне чӣ? Бахши аввал

Давраи кушоишҳои бузург, яъне чӣ? Бахши дуюм