Субҳи имрӯз шумори мубталоён ба коронавиурус КОВИД-19 дар олам 34 миллиону 494 ҳазору 967 нафар эълон шуд. Шумори гирифторон дар ҷаҳон дар шабонарӯзи гузашта 97 ҳазору 671 нафр афзуд. Ҳамзамон бо ин хабар дода шуд, ки дар як шабонарӯз дар кулли кишварҳои олам бар асари коронавирус 5 ҳазору 418 ҷон доданд. Омори расонишуда аз Вазорати тандурустии Тоҷикистон шаҳодат аз он медиҳад, ки чун дар бисёре аз кишварҳои олам тамоили рӯ ба афзоиши мубталоёни нав дар кишвар ба қайд гирифта мешавад.
Навъи нави коронавирус метавонад дар 10 шакли гуногун ба бадани инсон таъсир расонад. Дар ин бора олимони британиёии Донишкадаи ба номи Фрэнсис Крих иттилоъ доданд. Онҳо мегӯянд хорҳои коронавирус тез-тез тағйир меёбанд, иваз мешаванд ва мустаҳкамтар мешаванд. Ин ба онҳо имкон медиҳад, ки бо сафедаи ACE2 дар болои ҳуҷайраи инсон беҳтар часпанд.
Ҳукуматдорони Маҷористон дар доираи мубориза бо коронавирус ба қароре омаданд, ки аз 1 окятбри соли равон марзҳои худро бо ҳамсоягон ва кишварҳои дигар боз як моҳи дигар бубанданд. Аз якуми октябр ба Маҷористон ворид шудани хориҷиён бе сабаби аоснок манъ шуд.
Ҳукумати Исроил тасмим гирифт инзивои умумимиллиро то 14 октябри соли равон идома диҳанд.
Шабонарӯзи гузашта сафи мубталоён ба коронавирус дар Эрон 3 820 нафар афзуд. Ин болотарин сатҳи сироят аз замони ҳамагирӣ мебошад.
Вазорати тандурустии Русия тавсияҳои муваққатии табобати беморони мубтало ба коронавирусро нав кард ва он имкониятҳои истифода доруи зидди коронавируси “фавипиравир”-ро, ки ҳоло дорои патенти байналмилалӣ нест, илова шуд.
Дар Ҳинд аз 15 октябр иҷозат доданд, ки сокинон ба кинохонаҳо, толорҳои нгамоишӣ ва дигар марказҳои тафреҳиву фарҳангӣ раванд, аммо танҳо дар сурате, ки ин толорҳо комилан пур набошанд.
Дар Словакия доштани ниқоб дар ҷойҳое, ки имкони риояи фосила вуҷуд надорад, ҳатмӣ шуд.
Созмони байналмилалии кори СММ эълон кард, ки Амрикои Лотин бар асари КОВИД-19 аллакай наздик ба 34 миллион ҷойи кориро аз даст додааст.
Шабонарӯзи гузашта дар Русия 8945 нафар мубталоёни нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуданд. Аз ин беморӣ дар ин кишвар дар як шабонарӯз 169 нафаро фавтидаанд. Беморони навро беш аз ҳама дар Москав (2424), Санк-Петурбург (285) ва Подмоскавйе (230) ошкор кардаанд.
Агар сокинони Маскав маҳдудиятҳо ба коронавирусро риоя накунанд, пас бозгашт ба карантини шадид аз эҳтимол дур нест, - гуфт шаҳрдори Маскав Сергей Собянин. Вазъи гирифторӣ ба коронавирус дар пойтахти Русия беш аз пеш бад мешавад. Бори аввал мақомот эълон кард, ки дар миёни сироятшудагон 19% кӯдакон буда, сирояти солмандон аз 15% тобистон ба 20-25% расидааст.
Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар Қирғизистон 172 ҳодисаи нави сироят ба вируси короно сабт шудааст. Теъдоди навсироятшудагон дар ин кишвар рӯз ба рӯз меафзояд ва ин хеле нигаронкунанда аст.
Коронавирус дар Тоҷикистон чун дар бисёр кишварҳои дигар сабабгори болорави ҳам сироят ва ҳам фавт шудааст. Агар пештар шумори сироятшудагон ҳар рӯз каме бештар аз 30 нафар буд, пас аз 15 сентябр ин адад аз 40 боло рафтааст. Чунончӣ, Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта дар кишвар 42 ҳодисаи нави гирифторӣ ба коронавирус ошкор шудааст.