Бешаҳои боронии Амазон (Амрикои Ҷанубӣ. Видео)
Номи бузургтарин ҷангали боронии олам аст, ки дар қисмати шимолии Амрикои Ҷанубӣ ҷой гирифтааст ва бештари он дар хоки Бразилия ва Перу мебошад. Дар бораи оташсӯзии азими Амазон ду моҳ қабл зиёд гуфта мешуд. Беш аз ними ҷангалҳои боронии боқимонда дар ҷаҳон дар Амазон мебошад. Масоҳати умумии ҷангалҳои он 5,5 миллион килеметр мураббаъ аст, ки миёни бештар аз 9 кишвари минтақа тақсим шудааст. Ин ҷангалест, ки саросар бо дарахтони паҳнбарг пӯшида шудааст ва дарёи Амазон низ аз миёни он мегузарад.
Ин ҷангалҳо тамоми сол ҳавои гарм ва рутубатнок доранд. Бахши бразилии Амазон дар тӯли чил соли гузашта беш аз 18 дарсади ҷангалҳои худро аз даст додааст, ки ин як масоҳати баробар ба иёлоти Калифорнияи ИМА мебошад.
Ин ҷангалҳо пур аз дарандагонанд, пур аз хазандагон ва ҷонварони дигаре мебошанд, ки аксари онҳо ба ҷони инсонҳо хатар доранд. Бахусус ҳашараҳое ҳастанд, ки як миқдорашон заҳрогинанд ва ба муҷарради газидан заҳр мезананд. Моронро метавон донист, ки онҳо заҳрзананд, вале хатари бештар аз ҳашараҳост, ки одамон на ҳамаи хосиятҳои онҳоро медонанд. Ҳатто дар танаи дарахтони он ҷонвароне зиндагӣ мекунанд, ки пӯсташон заҳр ҷудо мекунад. Тахмин меравад, ки дар як километр масоҳат то 800 миллион мӯрча ва 100 миллион термитҳо зиндагонӣ мекунанд. Ин аст, ки омӯзиши куллии табиати Амазон ва бешазорони он номумкин аст. Ҳашароту дарандагону хазандагони бешазорони Амазон барои ҳаёти одамон хатари бузург доранд.
Соҳили кусамоҳии Фиш Хук (Африқои Ҷанубӣ)
На ҳама ҷуръат мекунанд, ки дар соҳили хатарнок дар ҷаҳон шино кунанд. Ин қисмати уқёнуси Атлантика яке аз муҳимтарин нукоти олам аст, ки кӯсамоҳиҳои сафед ҳаёт ба сар мебаранд. Онҳо аз он ҷиҳат хатарноканд, ки ба одамон ҳамла мекунанд ва таърих зиёд рӯйдодҳоеро дар хотир дорад, ки бар асари ин ҳамлаҳои ғофилгирона одамон ҷони худро аз даст додаанд ва ё туъмаи ин кусамоҳиҳо шудаанд.
Маъмурони соҳилҳои тафреҳӣ ҳама овезаҳои лозими огоҳкунанда аз ҷойҳои хатарро меовезанд, вале гардишгарон аз бепарвоӣ ба он таваҷҷуҳ намекунанд ва ё саргарм аз тамошои манзараҳои дилфиреби лаппиши об ба он ҷойҳое мераванд, ки маъмулан акулаҳо шино мекунанд.
Кйераг: нахуд миёни ду сахра (Норвегия)
Дар куҳҳои Норвегия ҷойи дилписанде мавҷуд аст, ки гардишгарон дӯст медоранд аз он дидан кунанд. Дар ин ҷо миёни сахраҳо дар баландии наздик ба 1000 метр бо ким - кадом сабаби барои илм то ҳол ном аълум тахтасанге сарозер шуда ва миёни ду сахра ба худ макон сохтааст. Болову поёни он озод, аз ду тараф сахраҳоро онро нигоҳ медоранд. Рафтану болои он суратгирӣ кардан як шуғли басо пурхатар барои ҷаҳонгардон аст. Зеро як қадами беэҳтиёт кофист, ки исон сарозер шавад ва оламро падруд бигӯяд.
Дақиқан он дар баландии 1084 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Ҳаҷми ин тахтасанг тахминан 5 м³ - ро ташкил медиҳад ва як макони дӯстдоштаи гардишгарон аст.
Гуфр Берже: ғори мурдагон (Фаронса)
Гуфр Берже (фр. Gouffre Berger — «Партгоҳи Берже») — ғор дар Фаронса. 24-майи соли 1953 аз ҷониби Жозеф Берже кашф шудааст ва исми Берже баргирифта аз номи аввалкошифи он аст. Аввалин ғори олам аст, ки то умқи 1 километри он омӯхта шудааст. Соли 1956 то умқи 1122 метри он рафтанд. Аммо ҳоло маълум шудааст, ки умқи ин ғор 1323 метр аст.
Вуруд ба ин ғор шабеҳи он аст, ки инсон ба маркази Замин сафар кунад. Барои тадриҷан расидан ба умқи он як шабонарӯз бояд дар ҳаракат бошанд. Дар ҳавои боронӣ дар кутоҳтарин муддат ин ғор пур аз об мешавад, аз ин рӯ қабл аз вуруд ба он бояд аввал вазъи ҳаворо донанд.
Оташфишони Майон (Филиппин)
Оташфишоне дар Филиппин, баландии он 2462 метр. Аз ҳама оташфишонҳои минтақа аз фаъолтаринҳост. Дар 400 соли охир вай бештар аз 50 маротиба фаввора задааст. 1 феврали соли 1814 бар асари фаввораи оташи он шаҳри Кагзаво пурра хароб шудааст ва ин пурфоҷеатарин фавраи оташи Майон будааст, ки бештар аз 1200 нафар ба ҳалокат расиданд.
Арвоҳ-шаҳр Припят (Украина)
Дар соҳили рӯдхонаи Припят дар масофаи 3 км аз Чернобил ҷойгир шудааст. Дар айни замон сокинонаш комилан онро тарк кардаанд. Баъди садамаи Чернобил зиндагӣ дар ин шаҳр номумкин шуд. То садамаи мазкур он дорои 47500 нафар аҳолӣ буд. Шаҳр ҷавон буд, онро соли 1970 сохта буданд. Рафтан ба ин шаҳр хатарноктарин ҳисобида мешавад, чун ҳоло ҳам сатҳи радиатсия баланд аст ва ин заҳролудӣ кушанда мебошад.
Бо истифода аз матолиби
Интернет таҳияи Б.Шафеъ