Дар олам маконҳое мавҷуданд, ки гардишгарон талош мекунанд аз он мавзеъҳо дидан кунанд. Қуллаҳое ҳастанд, ки таваҷҷуҳи кӯҳнавардонро ба худ мекашанд, обҳое, ки ғаввосони оламро сӯйи худ мехонанд...Ва дар ин гуна мавзеъҳо аз замони кашфашон то кунун садҳо нафар ҷони худро аз даст додаанд. Онҳо рафтанд, то чизеро бубинанду ба дигарон дар бозгашт нақл кунанд. Вале диданду нақл накарда даст аз ҳаёташон шустанд. Бозгаштагон қиссаҳо карданд, дигаронро ташвиқ намуданд, ки раванд. Ва ин аст, ки мераванду меоянд ё ҳоло ҳам мераванду на ҳама бозпас меоянд. Инҳо аз ҷумлаи муаммоҳои оламанд. Хостем аз даҳ мавзеъе ҳикоят кунем, ки барои гардишгарон басо хатарноканд...
Кӯли Ниюс
Кӯли Ниюс – кӯли қотил. Минтақаи маскунӣ дар Камерун аст, ки дар қисмати шимолу ғарбии ин кишвар воқеъ шудааст. Онро кӯли қотил меноманд. Аз ин кӯл шохоби чапи дарёи Жонга ҷорӣ мешавад. Паҳнои он 1,48 километри мукааб, ҳаҷми обаш 0,153 километри мукааб аст.
Як кӯли болоикӯҳист, ки дар баландии 1091 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Чор аср пеш дар ин макон бар асари гардиши оби гарм пайдо шудааст. Дар ҷараёни ин раванд гудозаҳо (модаҳои сӯзони кӯҳи оташфишон) бо обҳои зеризаминӣ бархӯрдаанд ва сабабгори як таркиши бузурге шуда, оби даҳона (инфиҷори оташфишоне, ки қутри бузург дошта ва ба василаи кӯл ишғол мешавад) шуда, баъдан тадриҷан обҳои зиризаминиву рӯйизаминиро пур кардааст.
21 – уми августи соли 1986 дар кӯли Ниюс фалокати лимнологӣ рух дод, ки бар асари он бештар аз 1700 нафар ҷони худро аз даст доданд. Партов шудани ҳаҷми бузурги диоксиди карбон ба сурати газ муддати чанд соат идома кард. Ин газ ба масофаи то 27 км паҳн гардид ва ҳар чизе сари роҳаш буд, нобуд сохт. Бино ба шаҳодати онҳое, ки зинда монда буданд, дар ҳаво як муддати тӯлонӣ бӯйи шабеҳ ба бӯйи тухми фосидшудаи мурғ боқӣ монда буд. Олимон ба ин боваранд, ки сабаби ҳалокати одамон сулфиди гидроген шуда буд. Пӯшида нест, ки ин газ дар ҳоли зиёд ихроҷ шудан кушанда аст.
Барои пешгирӣ аз такрори ин ҳодиса сар аз соли 2001 олимон табирҳое аз қабили бегаз кардани оби кӯлҳои Ниюс ва Манунро роҳандозӣ мекунанд. Ҳамчунин барои таъмини бехатарии сокинон пешниҳод шудааст, ки соҳилҳо мустақҳкам карда шаванд, сатҳи об поин бурда шавад ва омӯзиши ҳамзамони вазъи минтақа ба роҳ монда шавад.
Ҳамоно дар қаъри он махлути таркандаи гази карбон, метан ва гелий ҷамъ мешавад. Хурдтарин заминларза, боди сахт ва ҳатто дигаргун шудани иқлим барои муҳити атрофи он боз ҳам кушанда хоҳад буд.
Роҳ ба кӯҳи Хуа (Чин)
Кӯҳи муқаддаси даосизм яке аз пурхатартарин роҳҳои олам ба шумор меравад. Ҳазорон кӯҳнавардони пуртаҷриба ва дӯстдорони сайёҳӣ ба ин макон мераванд, то маҳорати худро бисанҷанд. Роҳ ба сӯи қулла басо мушкилзост, ҳолате пеш меояд, ки шумо ба варта овезон бошед ва боз талош кунед, то бо сар ба партгоҳ фурӯ наравед. Ҳар сол дар ин роҳ наздик ба 100 нафар гардишгарон аз саросари олам ба ҳалокат мерасанд, онҳое, ки мехоҳанд ба маъбад расанд ва ин макони таърихиро бо чашмони худ бубинанд, номуваффақ ба ҳаёти худ падруд мегӯянд. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, маҳз дар ҳамин қулла онҳоро бо беҳтарин навъи чойи олам зиёфат медиҳанд. Боз мегӯянд ба қулла метавон ба осонӣ бо василаи қатори кабелӣ (фуникулер) расид, вале тамъи чой на он аст, ки пиёда ба он бирасӣ.
Таноброҳи Ҳусайн (Покистон)
Ин иншооти овезон хатарноктарин пули Сайёра ба шумор меравад. Ҳатто як назари сатҳӣ ба акси он кофист, ки даҳшати он дар вуҷуди кас соя андозад. Одамон бо василаи он аз як соҳи ба соҳили дигар дарё мегузаранд ва ин сафарест афсонавӣ. Бовари кас намеояд, ки оё метавон аз ин пули дурударози ларзонак гузашт. Дар бисёре аз ҷойҳои он тахтаҳо уфтодаанд, танобҳо фарсудаанд ва ҳар қадами аз беэҳтиётӣ гузошташуда хатари марговаре дорад. Хатари афтодан ба қаъри рӯдхонае, ки бо силсилакӯҳҳои Ҳимолой иҳота шудааст.
Ва ҳангоми гузар кардан аз он илова ба хатари пул, бо хатари боди сарду сахт ҳам таҳдид мекунад. Боди сахт қувваи ба ларзиш овардани онро дорад.
То соли 1978 сокинони Покистони Шимолӣ аз қисмати асосии кишварашон ҷудо буданд, роҳе надоштанд ба осонӣ ба марказ раванд. Ҳоло ин гуна роҳ сохта шудааст, вале барои сокинон лозим меояд ҳамвора аз роҳи пули ларзон гузар кунанд. Акнун онҳо бидуни тарсу ларз аз он мегузаранд ва бовар доранд, ки пуле, ки номи Имом Ҳусайн дорад, барояшон бадбахтӣ намеорад. Аз ин рӯ бо борҳои вазнин мегузаранд, молу колову чорвои худро ҳам интиқол медиҳанд.
Шикофи обии бузург (Белиз)
Як шикофи обии басо бузург дар соҳили Белиз (кишваре дар Амрикои Марказӣ) аст. Ин шикофи доирашакли беш аз 300 метр буда, умқи он 108 метр мебошад. Бино ба таҳқиқоти илмӣ он дар ибтидо як системаи ғори оҳаксанг буд, ки дар даврони яхбандони сартосарии охир пайдо шуд. Он замон сатҳи оби баҳр поин буд, вале чун оби уқёнусҳо афзуд, он зери об монд. Ҳоло ин шикоф дар феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт шудааст.
Ин маҳал тавассути Жак Иву Кусто кашф гардид ва дар рӯйхати 10 ҷойи беҳтарини олам барои ғаввосӣ дохил карда шудааст.
(Давом дорад)
--------------------------------------------------------------
Моро дар Телеграмма пайгирӣ кунед
https://t.me/khftj
--------------------------------------------------------------