Сил чӣ беморист ва инсон ба он чӣ гуна метавонад мубтало шавад? Оё нишонаҳое дорад, ки одам эҳсос мекунад, ки ба ин касалӣ гирифтор шудааст? Ва роҳҳои муоинаи он чӣ гунаанд? Омилҳои сироят ба ин беморӣ кадомҳоянд? Ва оё сил табобатшаванда аст? Инҳо чанд суоле буданд, ки дар ҷараёни мулоқоти мутахассисон бо сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбии КҲФ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бо мақсади дарёфти маълумоти комил дар бораи пешгирӣ аз бемории сил хадамоти тиббии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо кормандони Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз сил дар се қисми ҳарбии КҲФ мулоқотҳо баргузор карданд.
Дар ҷараёни ин мулоқот дар бораи аввалин нишонаҳои мубтало шудан ба бемории сил, оиди омилҳо ва барангезандаҳои сил, сари вақт муроҷиат ба духтур ва гузаштан аз муоинаи тиббӣ сухан ронда шуд. Дар ин мулоқотҳо наздик ба 200 сарбозону афсарон ва прапоршикҳои қисмҳои ҳарбӣ иштирок намуданд.
Дар поёни дидор барои ширкаткунандагон маводҳои аёнӣ, китобчаҳо ва дастурҳои таблиғотӣ тақсим карда шуданд.
Ин гуна вохӯриҳо қарор аст дар аксари қисмҳои ҳарбӣ гузаронида шаванд.