Муаллифони солномаи “Шарҳи вазъи ҳолатҳои фавқулода...дар соли 2018” ба ин назаранд, ки таҳлили раванди зуҳуроти фалокатбори табиӣ дар рӯи Замин нишон медиҳад, ки сарфи назар аз пешрафти илмӣ - техникӣ, ҳифзи одамон ва техносфера аз хатарҳои табиӣ боло намеравад. Дар тӯли солҳои охир шумораи қурбониёни зуҳуроти харобиовари табиӣ дар ҷаҳон ҳар сол 4,3% ва теъдоди осебдидагон то 8,6% зиёд мешавад. Талафоти иқтисодӣ дар як сол аз рӯи ҳисоби миёна 6% боло меравад. Дарк шудааст, ки фалокатҳои табиӣ - ин мушкилоти умумиҷаҳонист ва манбаъи такони амиқи гуманитарӣ ва яке аз муҳимтарин омилҳое мебошад, ки рушди устувори иқтисодиётро муайян менамоянд.
Кадом омилҳое сабаб шудаанд, ки хатарҳои табиӣ ҳамоно рӯ ба афзоишанд? Ба андешаи мо сабабҳои аслӣ эҳтимолан инҳоянд:
- афзоиши таъсири антропогенӣ ба муҳити табии зист;
- ҷойгиронии ғайриоқилонаву нодурусти иншооти иқтисодӣ;
- ҷо додани одамон дар мавзеъҳое, ки эҳтимол дорад ба хатари табиӣ рӯ ба рӯ шаванд;
- пуртаъсир набудан ва рушд наёфтани системаҳои мониторинги муҳити табиии зист;
- заиф шудани системаҳои давлатии назорати равандҳо ва ҳодисаҳои табиӣ;
- набудан ва ё дар ҳолати бад қарор доштани иншооти гидротехникӣ, зидди ярч, селпартоҳо ва иншооти дигари муҳандисии муҳофизатӣ, инчунин бешаҳои муҳофизатӣ;
- нокифоя будани ҳаҷм ва суръати пасти сохтмонҳои ба заминларза тобовар, истеҳкоми биноҳо ва иншоот дар минтақаҳое, ки хатари такони замин вуҷуд дорад;
- набудан ё нокифоя будани кадастрҳои ноҳияҳои эҳтимолан хатарнок (мунтазам зери об мемонанд, дорои хатари шадиди заминҷунбӣ, омадани сел, лағзиши тарма, рониши замин ва ғайра).
Бояд гуфт, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аксар вақт равандҳои хатарноки табиӣ, аз қабили заминҷунбӣ, омадани сел, лағзиши тарма, ярчҳо, обхезӣ, хушксолӣ, сармои шадид, боришоти зиёди барф, боронҳои селосо, баландшавии обҳои зеризаминӣ, садамаҳо дар роҳҳои мошингард, дар муасисаҳои истеҳсолӣ ва ғайра мушоҳида мешаванд.
Зарари умумии моддии фалокатҳои ногаҳонии табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 дар ҳаҷми 34 млн. 249 ҳаз. сомонӣ арзёбӣ мешавад.
Мутобиқ шудан ба тағйироти иқлим яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи пешгирӣ, эътино ва рафъи фалокатҳои ногаҳонии табиӣ мебошад. Бо мақсади пешгирии оқибати тағйирёбии иқлим дар кишвар чораҳои амалӣ ҷиҳати такомули қонунгузорӣ ва сиёсати давлатӣ, инчунин барои густариши ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулода андешида мешаванд.
Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти ваколатдори ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ ва созмонҳои салоҳиятдори байналмилалӣ пайваста дар самти пешгирӣ ва коҳиши таъсири фалокатҳои ногаҳонӣ, инчунин расонидани кумаки густурда ба шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи ҲФ зарар дидаанд, тадбирҳои мушаххас меандешанд.
Маълумоти бештар дар бораи ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиӣ дар кишвар
ИН ҶОСТ.