Аллакай моҳи ноябр ҳам нисф шуд ва рӯзҳо ҳамарӯза кутоҳу шабҳо дароз мешаванд. Дамои ҳаво ва об торафт ба сатҳи поин мерасад. Соатҳои кӯтоҳи рӯзона ва ҳавои хунук на танҳо моро парешон мекунанд, инчунин метавонанд бештар ба бемориҳое мубтало созанд, ки бар асари тағйири иқлим, сардӣ ва бодҳои сахт пайдо мешаванд.
Бо назардошти ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандон чанд маслиҳатеро ироа мекунад, то оилаи шумо дар мавсими сармо ба ҳар гуна бемориҳо гирифтор нашавад. Ин маслиҳатҳо хеле одиянд ва иҷрои онҳо заҳмати зиёд талаб намекунанд, вале иҷрои онҳо сабабгори он мешавад, ки шумо камтар бемор шавед, аз ташвишҳои дигар раҳо ёбед.
1. Хобатонро танзим кунед!
Хоби бароҳати кофӣ барои мубориза бо эҳсоси заъфу сустӣ хеле муҳим аст ва он бадани шуморо аз ҳар гуна ноҷӯриҳо ҳифозат мекунад. Кӯшиш кунед, ки вақти шабонарӯзии хобро риоя намоед. Масалан, тақрибан ҳашт соат вақт ҷудо кунед ва кӯшиш намоед, ки он ба як одати хоби ҳамарӯзии шумо табдил шавад. Ҳама таҷҳизоти электрониву барқиро тақрибан ду соат пеш аз он ки хоб меравед, хомӯш намоед ва ин метавонад ба шумо имкон диҳад, ки хоби бароҳат равед. Исбот шудааст, ки нури гулобӣ эҳсоси хоболудагиро дар бадани мо саркӯб мекукунад.
2. Бештар ба сайругашт равед !
Ба муҷарради он ки рӯзҳо кутоҳ мешаванд, мо камбуди нурҳои хуршедро эҳсос мекунем ва ин ба он маъност, ки мағзи сар гармонҳои зиёд тавлид мекунад, ки мелатонин номида мешавад ва он шуморо хоболуд мекунад. Ҳатто сайругашти кутоҳ ҳангоми танаффуси нисфирӯзӣ метавонад вазъияти шуморо тағйир диҳад ва шумо бовар ҳосил мекунед, ки ҳолати хонаву кор бароятон ба ҳадди имконпазир сабуку роҳатдиҳанда аст.
3. Бештар витамин истеъмол намоед!
Меваву сабзаҷоти тоза беҳтарин манбаъи витамини “С” ҳастанд, ки аз муқовимати табии шумо, устувории сироятпазирӣ ва ҳуҷайраҳо ҳимоят мекунанд. Витамини C сироятнопазириро тавассути тавлиди ҳуҷайраҳои хун тақвият медиҳад ва организмро аз сирояти бемориҳо муҳофизат мекунад.
4. Тарзи ҳаёти солим дошта бошед!
Варзиш ва кори ҷисмонӣ мумкин аст охирин коре бошад, ки мехоҳед дар ҳангоми шабҳои торик ва сард вақте эҳсоси хастагӣ мекунед, анҷом диҳед. Аммо шумо шояд аз он дар тааҷҷуб шавед, ки баъди варзиш то куҷо худро нерӯманду бақувват ҳисс менамоед. Монанди парҳез ё низоми ғизои солим варзиш метавонад куллан ба саломатӣ мусоидат намояд, бахусус сироятнопазириро тақвият бахшад. Шумо на танҳо эҳсос мекунед, ки аз нерӯи солим пур шудаед, балки метавонед бо ҳар афзоиши эҳтимолии вазни худ дар шароити зимистон мубориза баред. Ва ин мубориза хеле самаровар ҳам хоҳад буд.
Бароятон тансиҳатӣ хоҳонем!