ДОНИСТАНИҲО: Шумори ҳодисаҳои фавқулодаи кишвар дар солҳои 2015-2016-ро медонед?

Бино ба оморҳои таҳлилӣ дар соли 2015 дар саросари кишвар 90 ҳолати фавқулода сабт шудааст. Бар асари боронҳои шадид 42 ҳодисаи омадани селҳои харобиовар ба қайд гирифта шуда буд, ки он дар маҷмуъ 46,6% ҳодисаҳои фавқулодаи он солро ташкил медод.

Соли 2015 дар кишвар 15 маротиба замин такон хӯрдааст.

10 дарсади ҳодисаҳои фавқулода обхезӣ, 7,7 дарсади онро борони шадид ва раъду барқ ташкил медод.

Соли 2015 шаш маротиба лағзиши тарма ба қайд гирифта шудааст, резиши санг ва ярҷ 5 маротиба, 3 ҳодисаи тундбод, бориши шадиди барф бо сардии тоқатшикан ду маротиба сабт шудааст.

Як маротиба замин фурӯ рафтааст. 

Зарари расида аз ҳолатҳои фавқулода дар соли 2015 ҳолатҳои фавқулодда  325 млн. 639 ҳазор сомони арзёбӣ шуда буд.

Аммо соле баъд (2016) аз коҳиши ҳолатҳои фавқулода дар кишвар хабар дода шуд. Бино ба омори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 34 маротиба сел омадааст, 8 ҳодисаи тундбод, 4 ҳодисаи ярч,  боришоти шадид, жола ва раъду барќ 3 маротиба ба қайд гирифта шудааст. соли 2016 дар кишвар замин ду маротиба ларзидааст. Талафоти молии кулли ҳаводиси фавқулода 161 миллиону 336 ҳазору 200 сомониро ташкил додааст.

барчасп: