Зарфи ду моҳи гузашта бар асари як беобии сартосарӣ дар Зимбабве ҳаддиаақал 55 фил дар мамнуъгоҳи миллӣ ба далели гуруснагӣ ва ташнагӣ ба ҳалокат расид. Сухангӯи созмони мудирияти ҳаёти ваҳшӣ ва паркҳои Зимбабве ба хабарнигорон гуфт: “Шароит ногувор аст, филҳо бар асари гуруснагӣ мемиранд ва ин як мушкили бузург аст. Имсол хушксолӣ ба шиддат ба тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ зарар овард”.
Гузориш мешавад, ки бар асари як буҳрони шадиди иқтисодӣ аз се як ҳиссаи аҳолии ин кишвар бо камбуди маводи ғизоӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар моҳи августи соли равон гузориш дода буд, ки ду миллион нафар дар Зимбабвер ба хатари гуруснагии шадид рӯ ба рӯ шудаанд.
Ҳамчунин гузориш расидааст, ки ҷасади ду филро 4 метр то расидан ба ҳавзи об пайдо кардаанд, ин ба он маъност, ки онҳо аз гуруснагиву ташнагӣ ва беқувватӣ ҳамин чор метрро ҳам натавонистаанд тай кунанд.
Созмони мудирияти ҳаёти ваҳшии Зимбабве талош кардааст, ки бо кандани чоҳҳои иловагӣ ба беҳбуди авзоъ кумак кунад, аммо ба гуфтаи сухангӯи ин созмон на давлат ва на ташкилот имкони молии расидагӣ ба вазъи гуруснагиву ташнагии филҳоро надоранд.
Хабарнигори ВВС дар ҷануби Африқо Эндрю Ҳардинг дар гузоришаш менависад, ки пайкараҳои ин филҳо дар канори ҳавзҳои холӣ аз об пайдо шуданд ва 55 лоша фақат дар ду моҳи ахир, ки қурбониёни хушксолии вайронгар ҳастанд. Дар мамнуъгоҳи миллии Зимбабве мушкил фақат беборонӣ нест, балки зиёд будани теъдоди филҳост. Зиёдии теъдод ба ин сабаб шудааст, ки ҳайвонот дар ҷустуҷӯи хӯрок аз мамнуъгоҳ хориҷ шаванд. Мақомот мегӯянд ин филҳо дар сари роҳи худ 22 деҳотиро куштаанд.
Дар пушти ҳамаи инҳо камбуди манбаъҳо чун як мушкили асосӣ вуҷуд дорад. Буҳрони иқтисодии Зимбабве ба ин маъност, ки пули кофӣ барои беҳбуд бахшидан ба ҳаёти ҳавонот ҳам вуҷуд надорад.
Як роҳи ҳалли мушкил фурӯхтани филҳо ба мамнуъгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ аст, аммо ин раванд хеле ношаффоф ва бо вокуниши коршиносони ҳаёти ваҳшиён рӯ ба рӯ мешавад. Онҳо мегӯянд филҳои ҷавон аз хонаводаҳои худ ҷудо мешаванд.
Чаро филҳо гуруснаву ташна мемонанд? Илм чӣ мегӯяд?
Филҳо аз замонҳои қадим таваҷҷуҳи одамонро ба худ ҷалб мекарданд. Ҳар боғи ҳайвонот метавонад бе уштур, гӯрхар ва ё паланг бошад, вале набудани фил зуд эҳсос мешавад. Филҳо ба ҳадде шакли ба худ хос доранд, ки онҳоро наметавон бо ягон ҳайвони дигар иштибоҳ кард ва ҳадде маълуму машҳуранд, ки ба хонанда шинос кардани онҳо зарурат надорад.
Бо вуҷуди ҷуссаи бузургашон, ҳамеша мавриди ҳадаф қарор гирифтанашон филҳо ҳамоно ба теъдоди зиёд дар Африқо, Ҳиндустон, Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубу Шарқӣ аз ҷумлаи ҳайвоноти паҳншудатаринанд. Дар гузашта ин ҳайвони бузургҷусса боз ҳам паҳншудатар буд, онро ба ҷуз Антрактида ва Австралия дар ҳама қитъаҳову гӯшаҳои олам дидан мумкин буд.
Филҳои африқоӣ азимҷуссатар аз филҳои Ҳиндустонанд. Гоҳ-гоҳе филҳое дида мешаванд, ки қадашон то 4 метр ва вазнашон то 12 тонна аст.
Филҳо оилавӣ зиндагонӣ мекунанд. Аммо бо гурӯҳҳҳо ва оилаҳои дигар ҳамеша дар иртиботанд. Ҳангоми кӯч бастан аз маконе ба макони дигар онҳо ба подаи калоне мепайванданд, ки то 1000 сар филро дар бар мегирад. Ҷамъияти филон модаршоҳист ва оила аз ҷониби фили модаи калонсол роҳабарӣ ва идора карда мешавад. Модарон фарзандони худро муддати 10-15 сол парастиш мекунанд.
Филҳо асосан алафхӯранд, шоху барги дарахтонро нӯши ҷон мекунанд, реша мехӯранд ва гоҳе меваи дарахтонро низ тановул мекунанд. Дар як шабонарӯз фил баробар ба 4-6% вазнаш ғизо мехӯрад. Мушкили зиндагӣ барои филҳо пурхӯр будани онҳост. Як фили баркамол дар як рӯз бояд то 180 кило алаф хӯрад.
Бахусус, дар замоне, ки аз гармои шадид рустаниҳо мехушканд, барои филҳо мушкилоти зиёд пайдо мешаванд. Чун фил наметавонад алафи хушкшуда ё навдаи хушкидаро бихӯрад. Ва онҳо ногузир мешаванд, тарки одат кунанд: ҳар гуна рустаниҳои худрӯи ёбоӣ, хурмо, олуро бихӯранд. Ҳайвонҳои гурусна ҳатто баобаб меҷӯянд, бо дандонҳои худ решаи алафҳо ва дарахтонро мекованд ва онро бо хартумашон мекананд.
Мушкили дигар барои филҳо об аст. Дар як шабонарӯз ба фил лозим меояд то 100 литр об нӯшад. Вақте дар саваннаҳо обҳои табиӣ хушк мешаванд, филҳо дар поёноб, дар маҷрои рӯдхонаҳо бо дандонҳо ва пойҳои пеши худ чоҳҳо мекованд. Ҳатто филҳое, ки аз ташнагӣ ба ҷон расидаанд, ба муҷарради пайдо шудани об дар чоҳ аз он наменӯшанд, мунтазир мемонанд, ки он соф шавад. Ва бо низоми синнусолӣ ташнагӣ мешикананд, метавонад дар ин ҳол дар қаъри чоҳ як миқдор оби лойолуд боқӣ монад ва ба филбачаҳо ҳамон чанд қатра мерасад. Ва ҳамин риояи қоидаи сахт боис шудааст, ки филҳо зинда монанд.
Аммо вақте хушксолӣ ҳама ҷоро фаро мегирад, гармои шадид захираҳои обро хушк мекунад, танҳо филҳои солманду тансиҳат ва доно зинда мемонанд. Стратегияи ахлоқ дар подаи филон ба ёрии беҳтарин филҳо равона шудааст. Агар онҳо аз ин офатҳо зинда берун оянд ва насл диҳанд, филҳо дубора метавонанд теъдоди талафёфтаи худро барқарор созанд ва саванна дубора аз вуҷуди онҳо моломол шавад. Чоҳҳое, ки филҳо кофтаву оби онро покиза нӯши ҷон кардаанд, баъди чандин дақиқа ё соат метавонанд дубора аз об лабрез шаванд ва онҳо ҷони садҳо ҳайвони дигарро аз хатари марг бар асари ташнагӣ наҷот медиҳанд.
Гармо барои бошандагони кишварҳои тропикӣ мушкилоти зиёд дорад. Бахусус, барои ҳайвонҳои азимҷуссае, ки ҳам ғозои фаровон бояд истеъмол кунанд ва ҳам оби зиёд нӯшанд. Дар танаи бузурги онҳо гармии зиёд ҷамъ мешавад ва раҳоӣ аз зиёдатии он осон нест. Олоти сардкунанда барои филҳо гӯшҳои бузурги онҳост. Онҳо пур аз рагҳои хунгарданд, дар онҳо хуни гарм аз қаъри организм меояд ва ба муҳити атрофи гармӣ медиҳад. Дар се метр баландие, ки гӯшҳо ҷойгиранд, ҳатто дар ҳоле, ки аслан бод намевазад ва филҳо ҳамешагӣ гӯшҳояшонро меҷунбонанд, он раванди интиқоли гармиро метезонад. Рӯзона, вақте офтоб дар болои сар қарор мегирад ва саванна ба як кураи оташи сӯзон табдил мешавад, ин механизм наметавонад филҳоро аз гармои тоқатшикан наҷот диҳад. Ҳавои гарм, нурҳои сӯзандаи хуршед, шуоҳои инфрасурх, ки ба хок афканда мешаванд, зиндагӣ дар саваннаҳоро даҳҳо баробар мушкилтар мекунанд. Дар ин гуна ҳолатҳо филҳо низ чун ҳамаи дигар ҳайвонот соя меҷӯянд.
Филҳо дар авҷи гармои шадид ҳамин гуна барои ҳаёти худ мубориза мебаранд. Аммо чун ҳавзҳову кӯлҳо дубора пуроб мешаванд, онҳо даст ба оббозӣ мезананд. Маъмулан ҳамаи филҳо оббозиро дӯст медоранд ва ба об бо сар ворид мешаванд. Онҳо шиноварони хуб ҳам ҳастанд, барояшон даҳшат нест агар об болотар аз сарашон бошад. Онҳо шинокунон мераванд, то он даме, ки хартуми болобардошташуда болои об мешавад ва нафаскашӣ барояшон осон мегардад. Агар дарё хурд аст ва оббозӣ дар он имконпазир нест, филҳо дарғот месозанд, ба ҷараёни об санг мепартоянд, решаҳои дарахтони бузургро канда меоранд ва бо бунёди ҳавзи бузурге шуруъ ба оббозӣ мекунанд.
Ин буд, ки дар гармову хушксолии Зимбабве бештар филҳо қурбон шуданд, чун ниёз ба обу алафи зиёдтар доштанд.
Филҳо ҷонварони меҳрубонанд, вале агар хашм гиранд, ҳамаро хароб мекунанд. Чуноне дар ин видео мебинед.