августа 2023

Корҳои рафъи паёмадҳои офати табиӣ дар Урметан идома доранд. Сел 150 метр роҳро дар Лахш барои ҳаракати нақлиёт номумкин кард

офати табиӣ дар Урметан

Шабонарӯзи гузашта дар деҳаи Лангари ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнии вилояти Суғд барои бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ корҳои зерин  ба анҷом расонида шуданд:

- барои расонидани кумак ба оилаҳои осебдида, тоза кардани қубурҳои интиқоли об, кӯчаву роҳҳо аз селовардаҳо мақомоти иҷроияи ноҳияи Айнӣ 150 нафар сокинон ва 7 адад техникаи

КҲФ: Эҳтиёт кунед: боз ҳавои пурчангу хок дар пеш аст!

ҳавои пурчангу хок

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан  ба маълуоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 4-6 августи соли 2023 дар қаламрави вилоятҳои Хатлон, ҳамчунин навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ба сабаби омилҳои метеорологӣ – чангу хок, ки ноҳияҳои ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ мерасад, боиси олудагии ҳаво мешавад.  Олудагии ҳаво аз ҳисоби ҳиссачаҳои гарду чанги андозаи 10 мкр (Рм-10) ва 2,5 мкр (Рм-2,5) интизор меравад.

Ҷаласаи Гурӯҳи арзёбиҳои фаврӣ ва ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулода (РЕАКТ) доир шуд

1 августи соли 2023 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ва Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кавилмадам Рамасвами Парвати, иштироки намояндагони як қатор созмонҳои байналмилалӣ ҷаласаи Гурӯҳи арзёбиҳои фаврӣ ва

КҲФ: Хатари омадани селҳо боқӣ мондааст

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши обуҳавошиносон рӯзҳои 1-2 августи соли равон дар як қатор ноҳияҳои ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо дар назар дошта шудааст.

Страницы