апрели 2020

Роҳандозии корҳои таблиғотии зидди короновирус дар Суғд

Дар вилояти Суғд бо мақсади пешгирии бемории сироятии Коронавирус (COVID-19), иттилоотонии саривақтии аҳолӣ, роҳандозии корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдошт, истифодаи ниқобҳои муҳофизатии роҳи нафас, кам кардани гаштугузор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҳифзи саломатии худ ва наздикону пайвандон аксияи «Эҳтиёт-барои ҳаёт» баргузор гардид.

Баррасии масъалаҳои COVID-19 дар ҷаласаи гурўхи кории РЕАКТ дар Суғд

7 апрели соли ҷорӣ баҳри амалӣ намудани чорабиниҳои якҷояи пешгирии бемории сироятии COVID-19 бо иштироки намояндагони ташкилотхои байналмилалии муқими вилояти Суғд Актед, Барномаи озуқавории Созмони миллати муттаҳид, Орхус, Хелветас, Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаи гурўхи кории РЕАКТ баргузор гардид.

Дар Тоҷикистон 2 ҳазору 14 нафар зери назорати карантинӣ қарор доранд

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврал то  8 апрел  7 ҳазору 257 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд.

Аз ин шумора то санаи зикргардида 5 ҳазору 243

Омори нав оид ба COVID-19. Дар ҷаҳон зиёда аз 308 ҳазор нафар аз сирояти коронавирус шифо ёфтаанд

Дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба навъи нави коронавируси COVID-19 ба 1 миллиону 446 ҳазору 983 нафар расид. Теъдоди фавтидагон аз 83 ҳазор нафар гузашта, шумораи беморони шифоёфта беш аз 308 ҳазор нафар гардид. Оид ба ин теъдод  Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Тибқи маълумоти нави СУТ, дар Иёлоти Муттаҳида...

COVID-19 дар ИДМ. Шумораи гирифторони коронавирус дар Россия ба 7497 ва дар Ӯзбекистон ба 472 нафар расид

Дар Россия давоми шабонарӯзи гузашта 1154 ҳолати нави сироятёбӣ аз навъи нави коронавируси COVID-19, дар Украина – 143, Арманистон — 20 ва Ӯзбекистон – 15 ҳолат ошкор шуда, шумораи онҳо дар ин давлатҳо мутаносибан ба 7 497, 1 462, 853 ва 472 нафар расид.

Қаблан теъдоди мубталоён дар Россия 6343 нафар, Украина – 1319, Арманистон – 833 ва Ӯзбекистон...

Вохурӣ оид ба пешгирии коронавирус

Бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бо бемории коронавируси COVID-19 ва тарғибу ташвиқоти тарзи ҳаёти солим дар Раёсати моддию техникӣ, хӯрокворӣ ва таъминоти нақлиёти Кумита вохурии ҳайати шахсӣ бо намояндагониМаркази назорати давлатии санитарӣ эпидемологии шаҳри Душанбе Раҷабов Д. ва Салимов А. вохурӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Дар рафти вохурӣ мутахассисони Марказба кормандони

Ҷаласаҳои ҷамъбастии семоҳаи аввал дар зерсохторҳои Кумита

Дар Раёсатҳои КҲФ дар шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, инчунин дар Шуъбаҳои минтақаҳои Ҳисор ва Рашт натиҷаҳои фаъолияти корӣ дар семоҳаи якуми соли 2020 ҷамъбаст карда шуданд, ки дар он рохбарон ва сардорони сарраёсатхои Кумита ширкат варзиданд.

Ҳамин тавр, дар Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон таҳти

COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар Қазоқистон ба 670 нафар расид

Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар Қазоқистон ба 670 нафар расида, теъдоди беморони шифоёфта ва фавтида мутаносибан 46 ва 6 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин бора маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.

Дар дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои...

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз тағйири ҳарорати ҳаво ва боришоти шадид ҳушдор медиҳад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз 7 то 9 апрели соли 2020 дар ҳудуди кишвар ҳаво тағйир ёфта, боришоти борону жола ва пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ карда мешавад. Дар баландиҳои зиёда аз 1000 метр бошад, боришоти...

7041 НАФАР БА КАРАНТИН ФАРО ГИРИФТА ШУДАНД

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврал то 6 апрели соли равон 7041 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд.

Аз ин шумора то санаи зикргардида 4291 нафари...

COVID-19 ДАР ҶАҲОН. ГЕРМАНИЯ — СЕЮМИН ДАВЛАТИ АВРУПОИЕ, КИ АЗ РӮИ ШУМОРАИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС АЗ ЧИН ПЕШ ГУЗАШТ

Дар Германия шумораи шахсони гирифтор ба намуди нави коронавируси COVID-19 давоми шабонарӯзи гузашта 6365 нафар зиёд шуда, дар маҷмӯъ ба 91 ҳазору 159 нафар расид. Ҳамин тариқ, Германия сеюмин давлати аврупоӣ гардид, ки аз рӯи ин нишондод аз Чин пеш гузашт.

Дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба намуди нави...

Чӣ гуна бо кӯдакон дар бораи коронавирус (COVID-19) бояд сӯҳбат намуд

7 маслиҳати муфид барои оромӣ ва ҳифзи кӯдакон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди иттилоотро ба аҳолӣ оид ба усулҳои муҳофизат аз коронавирус идома медиҳад.

Имрӯз мо ба Шумо истифодабарандагони муҳтарами...

Страницы