Дар Германия шумораи шахсони гирифтор ба намуди нави коронавируси COVID-19 давоми шабонарӯзи гузашта 6365 нафар зиёд шуда, дар маҷмӯъ ба 91 ҳазору 159 нафар расид. Ҳамин тариқ, Германия сеюмин давлати аврупоӣ гардид, ки аз рӯи ин нишондод аз Чин пеш гузашт.
Дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба намуди нави коронавируси COVID-19 ба беш аз 1,1 миллион нафар расида, теъдоди шифоёфтагон зиёда аз 228 ҳазор кас ва фавтидагон беш аз 59 ҳазор тан гардид.
Аз рӯи шумораи одамоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, ИМА дар ҷои аввал қарор дорад. Теъдоди мубталоён дар Иёлоти Муттаҳида 277 ҳазору 475 нафарро ташкил медиҳад.
Италия дар ҷои дуюм буда, дар он то имрӯз 119 827 ҳолат ба қайд гирифта шудааст. Италия ҳанӯз ҳам мамлакати аврупоие боқӣ мемонад, ки дар он шумораи зиёди фавт аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, он 14 681 нафарро ташкил медиҳад.
Испания аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷои сеюм қарор гирифта, дар он 119 ҳазору 199 нафар мубталои коронавирус шудаанд.
Шумораи зиёди сироятҳо ҳамчунин дар Германия — 91 159, Чин — 81 639, Франсия — 64 338, Эрон — 53 183, Британияи Кабир — 38 168, Туркия – 20 921, Швейтсария — 19 606, Белгия – 16 770, Нидерланд – 15 723, Канада – 12 549, Австрия – 11 524 ва Кореяи Ҷанубӣ — 10 156 ба қайд гирифта шудааст.
Аз ҳама бештар дар Чин — 76 755 нафар, Испания – 30 513, Германия – 24 575, Италия – 19 758, Эрон – 17 935, Франсия – 14 008, ИМА – 12 283, Кореяи Ҷанубӣ – 6 325, Швейтсария – 4 846 ва Белгия – 2 872 нафар беморон шифо ёфтаанд.
Ба даҳгонаи давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, Италия (14 681 нафар), Испания (11 198), ИМА (7 402), Франсия (6 507), Британияи Кабир (3 605), Чин (3 326), Эрон (3 294), Нидерланд (1 487), Германия (1 275) ва Белгия (1 143) дохил мешаванд.
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки 11 марти соли 2020 хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда буд, имрӯз дар бораи беш аз 200 кишвару ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.