Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар Қазоқистон ба 670 нафар расида, теъдоди беморони шифоёфта ва фавтида мутаносибан 46 ва 6 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин бора маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.
Дар дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), аз ҷумла дар Россия 6343 ҳолат, Украина – 1 319, Молдова – 965, Арманистон – 833, Беларус – 700, Озарбойҷон – 641, Ӯзбекистон – 457 ва Қирғизистон — 228 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ошкор гардид.
Дар ҳамаи ин давлатҳо шумораи беморони шифоёфта низ рӯз аз рӯз меафзояд. Масалан, то имрӯз дар Россия 406 нафар, Арманистон — 62, Беларус — 53, Қазоқистон — 46, Озарбойҷон — 44, Молдова — 37, Қирғизистон — 33, Ӯзбекистон – 30 ва Украина – 28 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.
Дар баробари ин, дар Россия 47 ҳолат, Украина – 38, Молдова – 19, Беларус – 13, Арманистон – 8, Озарбойҷон – 7, Қазоқистон — 6, Қирғизистон — 4 ва Ӯзбекистон — 2 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Бояд тазаккур дод, ки миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус бетағйир боқӣ монда, 367 нафарро ташкил медиҳад, ки 18 нафари онҳо шифо ёфта, 11 тани дигар вафот кардаанд.
Мувофиқи маълумоти нави СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон 1 миллиону 347 ҳазору 235 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора 74 ҳазору 767 нафар вафот карда, 286 ҳазору 95 кас шифо ёфтаанд ва 47 ҳазору 249 тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.
Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (367 629 нафар), Испания (136 675), Италия (132 547), Германия (103 375), Франсия (98 010), Чин (81 740), Эрон (60 500), Британияи Кабир (51 608), Туркия (30 217) ва Швейтсария (21 657) дохил мешаванд.
Аз ҳама бештар дар Чин — 77 167 нафар, Испания – 40 437, Германия – 36 081, Эрон – 24 236, Италия – 22 837, ИМА – 19 671, Франсия – 17 250, Швейтсария – 8 056, Кореяи Ҷанубӣ – 6 694 ва Белгия – 3 986 нафар беморон шифо ёфтаанд.
Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, Италия (16 523 нафар), Испания (13 341), ИМА (10 941), Франсия (8 911), Британияи Кабир (5 373), Эрон (3 739), Чин (3 331), Нидерланд (1 867), Германия (1 810) ва Белгия (1 632) дохил мешаванд.
СУТ, ки 11 март хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда буд, имрӯз дар бораи беш аз 205 кишвару ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.