Дар Раёсатҳои КҲФ дар шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, инчунин дар Шуъбаҳои минтақаҳои Ҳисор ва Рашт натиҷаҳои фаъолияти корӣ дар семоҳаи якуми соли 2020 ҷамъбаст карда шуданд, ки дар он рохбарон ва сардорони сарраёсатхои Кумита ширкат варзиданд.
Ҳамин тавр, дар Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон таҳти раисии муовини аввали КҲФ генерал-лейтенант Шоҳиён Р. бо иштироки муовини Раиси вилоят Зоҳирзода У. ва дигар шахсони масъул натиҷаҳои кори Раёсати Кумита дар семоҳаи аввал ҷамъбаст карда шуданд. Дар рафти ҷаласа сардорони шуъбаву бахшҳо оид ба корҳои анҷомдодашуда ҳисобот доданд.
Дар ҳамаи ҷаласаҳои ҷамъбастӣ оид ба тамоюлҳои калидии давраи зикршуда мавриди таҳлил қарор гирифта шуда, оид ба чорабиниҳои минбаъдаи зерсохторҳо дар давоми сол таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд. Ғайр аз он, ҳисоботи сардорони шуъбаву бахшҳо оид ба чораҳои пешгирии паҳншавии коронавирус ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ шунида шуданд.
Дар рафти ҷаласаҳои ҷамъбастӣ ҳисоботҳои сардорони шӯъбаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд шунида шуданд. Онҳо оид ба вазъи ҳолатҳои фавқулода дар давраи ҳисоботӣ маълумот ва ҳисобот доданд.
Пас аз анҷоми ҷаласаҳо назди зерсохторҳои Кумита дар семоҳаи дуюми соли 2020 вазифаҳои асосӣ муайян карда шуданд:
-ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунанда бо мақсади кам кардани хатари офатҳои табиӣ, роҳ надодан ба осеби одамон ва ҳалокати онҳо;
-назорати иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ;
-баланд бардоштани маҳорати касбии кормандон;
-омодагӣ ба мавсими оббозӣ, гузаронидани вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ дар байни аҳолӣ.