Коронавирус nCov

COVID-19: 3 миллиону 165 ҳазору 999 куштаи коронавирус дар олам

Бино ба маълумоти Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинзи ИМА шумори олудагон ба вируси корона дар олам ба беш аз 151 миллион расидааст. ИМА бо 32288909, Ҳинд бо 18762976 ва Бразилия бо 14590678 мубтало дар сегонаи кишварҳое мебошанд, ки аз ҳама бештар гирифторон ба КОВИД-19 доранд. Шумори ҷонбохтагон бар асари ин беморӣ дар олам ба 3 миллиону 165 ҳазору 999 нафар расидааст.

Британияи Кабир дозаи зиёдатии воксани коронавирус надорад, ки ба Ҳинд фиристад

Шумори гирифторон ба коронавирус дар олам ба 151 миллиону 161 ҳазору  947 нафар расида аз ин беморӣ то кунун дар олам 3 миллиону 179 ҳазору 961 нафар ҷон бохтаанд. Муолиҷашудагон 129 миллиону 112 ҳазору 199 нафар буда, ҳоло дар беморхонаҳои олам 111 ҳазору 791 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд. 

Ҳолати имрӯза ва суръати баланди паҳн шудани штамми

КОВИД-19: Пойтахти Ҳинд дигар ҷойи мурдасӯзӣ надорад

Мавҷи дуввум ва саҳмгину маргборо коронавирус дар Ҳинд ҳанӯз рӯ ба рукуд наовардааст ва дар Деҳлӣ-пойтахти ин кишвар дигар ҷойи мурдасӯзӣ намондааст. Рӯзи панҷшанбе бо сирояти беш аз 386 ҳазор нафари дигар шумори гирифторони коронавирус дар Ҳинд аз 18 миллион нафар гузашт.  Ин бештарин теъдоди мубталоёни рӯзонаи як кишвар аз оғози ҳамагирии корона аст.

Хатари коронавирус дар Ҳинд. Мурдаҳоро дар кӯчаҳо месӯзонанд

Ҷомеаи ҷаҳони аз вазъи гирифторон ба коронавирус дар Ҳинд нигарон аст. Тибқи оморҳои расмӣ шумори фавтидагон дар ин кишвар аз КОВИД-19 аз 200 ҳазор нафар гузаштааст. Аммо коршиносон мегӯянд ин рақам ба воқеъият рост намеояд, чун дар кишваре мисли Ҳиндустон, ки бештар аз 1,3 миллиард аҳолӣ дорад, амалан ҳисобу китоби дақиқ имкон ҳам надорад. Боз дар ҳолест, ки механизми сабти ин ҳодисаҳо...

Барномаи умуиҷаҳонии озуқаи СММ ба КҲФ воситаҳои ҳифозат аз COVID-19 тақдим намуд

Бо мақсади омодагӣ ба пешгирии паҳншавии эҳтимолии сирояти коронавируси COVID-19 ва дар доираи татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи байналмилалӣ дар соҳаи пешгирӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда байни КҲФ ва Барномаи Умумиҷаҳонии озуқаи СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27 апрели соли 2021 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвил ва қабули...

Страницы