Коронавирус nCov

COVID-19 : Шумори олудашудагон ба коронавирус ба 172,5 миллион ва ҷонбохтагон ба 3,8 миллион наздик мешавад

Теъдоди умумии гирифторон ба коронавирус дар олам субҳи имрӯз  172 миллиону  430 ҳазору 557 нафар эълон шуд. Шабонарӯзи гузашта боз 229 ҳазору 059 нафар мубталоёни нав сабт шуданд. Дар як шабонарӯз 9 763 нафар фавтиданд ва теъдоди ҷонбохтагон аз аввали ҳамагирӣ ба 3 миллиону 706 ҳазору 682 нафар расид. 155 миллиону 294 ҳазору 393 нафар пурра муолиҷа шудаанд. Дар беморхонаҳои олам ҳоло 90 ҳазору 168 нафар...

Беш аз 3,5 миллион куштаҳои коронавирус дар олам

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гиифторони ба Covid-19 дар оламро 171 миллиону 962 ҳазору 506 нафар эълон кард. Танҳо шабонарӯзи гузашта боз 223 ҳазору 955 нафар ба ин ҷамъ пайвастанд. Аз ин беморӣ аз аввали ҳамгирӣ 3 миллиону 576 ҳазору 848 нафар ҷон бохтанд ва 154 миллиону 676 ҳазору 301 нафар пурра муолиҷа шуданд.

Шабонарӯзи гузашта дар ИМА боз 5 735 сироятшудаи...

Вазъи сироят ба коронавирус дар олам. Тозатарин хабарҳо

Комиссияи Аврупо ба ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо иҷозаи воксани ширкати амрикоии Pfizer ва шарики олмонии вай BioNTech –ро барои кӯдакони 12-15-сола иҷозат дод.

41% сокинони ИМА зидди коронвирус пурра эм карда шуданд. Бино бар арзёбии Марказҳои назорат ва пешгирии бемориҳо 135 миллион амрикоиҳои аз 12-сола боло пурра эм карда шуданд. 

Covid-19: Аз аввали ҳамагирӣ дар олам беш аз 171 миллион нафар олуда ба коронавирус шуданд

Аз аввали ҳамагирӣ дар олам 171 миллиону 040 ҳазору 052 ҳодисаи сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. То кунун аз ин беморӣ 3 миллиону 556 ҳазору 935 нафар ҷон бохтаанд ва 153 миллиону 334 ҳазору 291 нафар пурра муолиҷа шудаанд.

Кишварҳое, ки шумори бештари гирифторон ба коронавирус доранд:

COVID-19: Шумори ҷонбохтагон дар олам аз 3,5 миллион гузашт

Дар олам то ба имрӯз 169 миллиону 648 ҳазору 054 нафар ба коронвирус олуда шуданд. Аз ин беморӣ то кунун 3 миллиону 525 ҳазору 426 нафар ҷон бохтанд. Шумори пурра муолиҷашудагон 151 миллиону 512 ҳазору  824 нафар эълон шудааст.

Кишварҳое, ки шумори бештари гирифторон ба вируси корона доранд:

Страницы