Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гиифторони ба Covid-19 дар оламро 171 миллиону 962 ҳазору 506 нафар эълон кард. Танҳо шабонарӯзи гузашта боз 223 ҳазору 955 нафар ба ин ҷамъ пайвастанд. Аз ин беморӣ аз аввали ҳамгирӣ 3 миллиону 576 ҳазору 848 нафар ҷон бохтанд ва 154 миллиону 676 ҳазору 301 нафар пурра муолиҷа шуданд.
Шабонарӯзи гузашта дар ИМА боз 5 735 сироятшудаи нав ба SARS-CoV-2-ро сабт карданд. Шумори умумии мубталоёни коронавирус дар ин кишвар ба 33,26 миллион нафар ва фавтидагон ба беш аз 594 ҳазор нафар расид.
Зарфи шабонарӯзи гузашта дар Ҳинд беш аз 127 510 нафар чун гирифтори нав ба SARS-CoV-2 ба қайд гирифта шуд ва шумори умумии мубталоён дар ин кишвар аз 28 миллион гузашт. Дар ин 24 соат 2795 нафар аз КОВИД ҷон бохтанд ва теъдоди умумии фавтидагон аз ин беморӣ аз аввали ҳамагирӣ ба ба 331 ҳазор расидааст.
Вазорати тандурустии Эрон хабар дод, ки шумори фавтидагон аз коронавирус то ба 80 156 нафар расидааст ва шабонарӯзи гузашта аз ин беморӣ 217 нафар ҷон додаанд.
Дар Русия шабонарӯзи гузашта 9,5 ҳазор гирифтори COVID-19-ро сабт кард ва 372 нафар фавтиданд. Аз аввали ҳамагирӣ дар Русия 5 миллиону 081 ҳазору 417 нафар олудаи коронавирус шуданд ва 121 873 нафар фавтиданд.
Шумори гирифторон ба КОВИД-19 дар Қирғизистон аз аввали ҳамагирӣ ба 105 111 нафар расидаву аз ин вирус то кунун 1 815 нафар ҷон бохтааанд.
Теъдоди куштагони коронвирус дар Узбекистон аз аввали пандемия ба 690 нафар расидааст.