Коронавирус nCov

COVID-19 дар олам ва Тоҷикистон

Зарфи  як шабонарӯзи гузашта дар олам  362 132 сироятшувдаи нав ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст ва аз ин беморӣ боз  6894 нафар фавтидаанд. Дар ин бора рӯзи 5-уми июли соли равон Сзмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар дод. Бештар аз дигар кишварҳои олам дар ИМА - 33 717 574 нафар гирифтори коронавирус шудаанд. Дар ҷойи дуюм бо 30 585 229 сироятшуда Ҳинд ва дар ҷойи сеюм бо  18 769 808 мубтало Бразилия қарор доранд.

Афзалиятҳои эмкунӣ зидди коронавирус

Ин масъала хеле доғ аст. Бо вуҷуди он, ки коронавирус КОВИД-19 то кунун дар саросари олам беш аз 4 миллион нафарро куштааст ва 184 миллиону 970 щазору ҳазору 944 нафарро мубтало кардааст, одамон ба ваксинатсия ба назари шубҳа менигаранд. Дар бахши аввали ин силсиласуҳбатҳои худ мо аз дарсҳои таърихие сухан рондем, ки билохира эмкунии саросарӣ зидди бемориҳои ҳамагир дар қонунҳои кишварҳо сабт шуд...

Ваксинатсия дар таърихи башар. Ваксинатсияҳои маҷбурӣ ва ихтиёрӣ

Ду сол инҷониб олам дар гирдоби як кашмокаше ба сар мебарад, ки бар асари сироят ба коронавирус КОВИД-19 рух додааст. Аз оғози ин ҳамагирӣ донишмандони олам ба натиҷа расида буданд, ки танҳо роҳи наҷоти башар тавлиди ваксинҳо зидди ин бемории ҳамагир аст. Дар аввалҳои пандемия шеваи муолиҷа ва ихтирои доруҳои вижа мавриди баҳсу баррасӣ буд. Вале баъдан маълум шуд, ки ин вирус назар ба вирусҳои...

Ситоди ҷумҳуриявӣ ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18 сола болоро ҳатмӣ эълон кард

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони мамлакат муроҷиат карда, онҳоро ба иҷрои ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ва фосилаи иҷтимоӣ, инчунин ба истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатӣ дар нақлиёт ва ҷойҳои қамъиятӣ даъват менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Корҳои фаҳмондадиҳии Кумита дар сати пешгирии паҳгшавии бемории коронавирус

Дар доираи татбиқи "Нақшаи чорабиниҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемороии COVID-19" кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқотиро идома дода истодаанд.

Страницы