Коронавирус nCov

Ҷанбаҳои манфиву мусбати воксинкунӣ дар суҳбат бо доктор Абдуллоҳ Давлатов

Дар мавриди воксинатсия то ин замон чанд матлаб дар саҳифа гузоштем, вале суолҳои беҷавоб ҳамоно зиёданд. Баъди пахши матолиб дар ин мавзӯъ дар ҳошияи он дар шабакаҳои иҷтимоӣ суолҳое ҳам расиданд, ки лозим донистем нисбати онҳо бетаваҷҷуҳ набошем. Бастае аз ин суолҳоро дар суҳбат бо духтури шинохтаи тоҷики муқими Москав Абдуллоҳ Давлатов дар миён гузоштем. Доктор Абдуллоҳ Давлатов аз

COVID-19: Марги боз 7 469 нафар дар олам, ки 3 нафари онҳо аз Тоҷикистон буданд

Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар олам  372 970 мубталои нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд ва 7469 нафар аз ин беморӣ фавтиданд. Шумори умумии гирифторон ба COVID-19 дар олам ба 187 миллиону 086 ҳазору 096 нафар расидааст. Бар асари ин касалии ҳамагир то кунун ҳудудан 4 миллиону 43 ҳазор нафар ҷон бохтаанд.

Шиносии роҳбарияти Вазорати тандурустӣ бо вазъи саломатии гирифторони бемории COVID-19

Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо вазъи саломатии гирифторони бемории коронавируси нави COVID-19 имрӯз, 13 июли соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Абдухолиқ Амирзода ба як қатор муассисаҳои тандурустии пойтахт, ки дар онҳо гирифторони бемории коронавирус бистарӣ шудаанд,

COVID-19: Шумори ҷонбохтагон дар ҷаҳон аз 4 миллиону 35 ҳазор нафар гузашт

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба коронавирус дар оламро 186 миллиону 638 ҳазору 285 нафар эълон кард ва гуфта мешавад, ки шабонарӯзи гузашта боз 397 ҳазору 892 нафар ба ин ҷамъ пайвастанд. То кунун аз ин беморӣ 4 миллиону 035 ҳазору 037 нафар ҷон бохтанд. Бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба даҳгонаи давлатҳое¸ки шумори бештари гирифторон дар ҳафтаи охир доштанд,

Як куштаи дигари COVID-19 дар Тоҷикистон. Шабонарӯзи гузашта 38 гирифтори нав сабт шуда, 21 нафар шифо ёфтаанд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон шумори сироятшудагон ба коронавирус дар кишварро аз аввали ҳамагирӣ 13 834 нафар эълон карда, гуфтааст, ки аз ин беморӣ то кунун 103 нафар ҷон бохтаанд. Шабонарӯзи гузашта боз 38 ҳодисаи нави сироят ва як марг бар асари ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин манбаъ гуфтааст, ки шабонарӯзи гузашта 21 нафар пас аз муолиҷаи пурра ба хонаҳояшон ҷавоб

Страницы