Коронавирус nCov

COVID-19: Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон боз 81 мубталои нав сабт шуд ва 1 нафар фавтид

Субҳи имрӯз, 27-уми июл шумори беморони гирифтор ба коронавирус дар олам  195 миллиону 330 ҳазору 022 нафар ва ҷонбохтагон 4 миллиону 182 ҳазору 437 нафар эълон шуд. дар Тоҷикистон аз аввали ҳам агирӣ 14 673 нафар сироят шуданд ва 118 нафар фавтиданд.

Панҷгонаи кишварҳое, ки шумори бештари гирифторон ба коронавирус доранд:

Чанд хабари нав аз коронавирус дар олам ва Тоҷикистон

Тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинз шумори гирифтрон ба коронавирус дар олам ба беш аз 194 миллион нафар расид. Теъдоди ҳалокшудагон аз 4,17 миллион нафар боло рафт. Дар ИМА мубталоён ба зиёда аз 35, дар Ҳинд болотар аз 41,4 ва Бразилия бештар аз 19,6 миллион нафар расидаанд. Русия дар гирифторӣ ба коронавирус дар ҷаҳон ҷойи панҷумро ишғол мекунад.

Доктор Давлатов: Беморон аз коронавирус намемиранд – аз ташхиси хато ё табобати нодуруст мемиранд

Суҳбати сеюми мо бо доктор Абдуллоҳ Давлатов-духтури тоҷики муқими Москав боз ҳам атрофи коронавирус ва таъсири воксинаҳо ба инсон буд. Ба назар мерасад имрӯз муҳимтар аз ин мавзӯъ надорем, чун мебинем, ки ҳам шумори гирифторони шабонарӯзӣ дар икшвар афзоиш дорад ва ҳам шумори фавтидагон.

Аз охири соли гузашта ҳатто дар ҷаҳон  аз мағлубияти...

Шикори воксини "КовиВак". Ин чӣ воксин аст ва чаро камёфт?

ВВС дар як гузориши муфассал хабар дод, ки ҳафтаҳои охир дар Русия як шикори сартосарӣ барои ба даст овардани воксани зидди Covid-19 "КовиВак" дар ҷараён аст. Хоҳишмандони эмкунӣ ба ин воксин соатҳои дароз дар нуқтаҳои эмгузаронӣ навбат мепоянд, вале на ҳамеша барояшон муяссар мешавад, ки онро дарёфт кунанд. Ин чӣ воксин аст ва аз дигар воксинҳои то кунун маълум бо чӣ фарқ мекунад? Чаро талабот ба он афзудааст?

COVID-19: Шумори гирифторон дар олам ба 193 миллион наздик мешавад. Дар Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта 63 сироятшудаи нав сабт шудааст

Шумори гирифторон ба коронавиурс дар ҷаҳон  ба 192 миллиону 714 ҳазору 680 нафар расидааст ва фавтидагон аз Covid-19 4 миллиону 140 ҳазору 479 нафар эълон шудааст. Шоми 21 июли соли равон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  63 ҳолати нави гирифтории шаҳрвандон ба бемории  коронавируси нави COVID-19  ва марги боз як нафар аз ин беморӣ хабар дод. Ин манбаъ гуфт, ки  45 нафар баъди шифо ба хонаҳояшон баргаштаанд.

Страницы