Шикори воксини "КовиВак". Ин чӣ воксин аст ва чаро камёфт?

ВВС дар як гузориши муфассал хабар дод, ки ҳафтаҳои охир дар Русия як шикори сартосарӣ барои ба даст овардани воксани зидди Covid-19 "КовиВак" дар ҷараён аст. Хоҳишмандони эмкунӣ ба ин воксин соатҳои дароз дар нуқтаҳои эмгузаронӣ навбат мепоянд, вале на ҳамеша барояшон муяссар мешавад, ки онро дарёфт кунанд. Ин чӣ воксин аст ва аз дигар воксинҳои то кунун маълум бо чӣ фарқ мекунад? Чаро талабот ба он афзудааст?
"КовиВак" – яке аз пурмуаммотарин воксинҳои тавлиди Русия аст. Он дар Маркази илмии Федералии таҳқиқот ва коркарди доруҳои иммунобиологии ба номи М.П. Чумаков сохта шудааст. Он ҳаргиз дар дастрасии умум қарор надошт ва таҳқиқотҳои илмӣ дар бораи он низ сурат нагирифтаанд. Ҳафтаи гузашта департаменти тандурустӣ хабар дод, ки 12 ҳазор нафар бо “КовиВак” эм шудаанд, вале хоҳишмандон ба маротиб зиёданд.  

Дар бораи  "КовиВаке" чиро медонанд?

Воксини "КовиВак" чуноне ёдовар шудем, дар Маркази ба номи Чумаков таҳия шудааст ва ин марказ дар тавлиди воксинҳои мухталиф шуҳрат дорад. Он соли 1957 дар базаи Институти полиомиелит ва энсефалитҳои вирусӣ барои таҳияву коркарди технологияи ваксинаҳо зидди фалаҷи атфол (полиимиелит) бунёд шудааст.  
Ин корхона дар Русия ягона истеҳсолкунандаи ваксинаҳои “зинда” аз полиомиелит ва ягона муассисаест, ки ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва UNICEF (ташкилоти ҷаҳонии тобеъи СММ) ин воксинро таҳвил медиҳад.  
Вирусшинос Михаил Чумаков, ки муассиса ба номи вай номгузорӣ шудааст, ҳамроҳ бо ҳамсараш Марина Ворошилова ва академик Анатолий Смородинсев дар ҳамкорӣ бо ИМА соли 1956 истеҳсоли аввалин дар ҷаҳон истеҳсол ва санҷиши клиникии ваксини “зиндаи” полиомиелитро оғоз намуд. Ваксине, ки дар муассисаи Чумаков тавлид мешуд, ба беш аз 60 кишвари олам фиристода мешуд ва дар бисёре аз ин мамолик дар мубориза зидди ин беморӣ муваффақ шуд.  
 
"КовиВак" аз вирусти “кушта” сохта шудааст ва ин технология бештар аз 100 сол аст, ки истифода мешавад. Тибқи ҳамин усул дар гузашта ваксинаҳо барои бемориҳои фалаҷи атфол дар маркази Чумаков, ҳамчунин ваксинаҳо барои домана, вабо, тоун ва ғайра аз ҷониби истеҳсолкунандагони дигар сохта шудааст.  

"Технологияи истифодаи вируси “кушта” хеле хуб омӯхта шудааст, - гуфтааст духтури муолиҷи маркази тибии “Атлас” Кирилл Белан. – Аммо ба худии худ ин технология кафолати таъсирбахшӣ надорад. Бояд ин ҳамаро дар таҷриба ва дар муҳити табиӣ санҷид”.
"КовиВак"  20 феврали соли 2021  ба қайд гирифта шуд. Тибқи муқаррарот он низ ду маротиба дар фосилаи 14 рӯз гузаронида мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ваксинаҳои  "Спутник" ва "ЭпиВакКорона" дар фосилаи 21 рӯз гузаронида мешаванд.  
Дар"КовиВак" штамми вируси "AYDAR-1" (ба шарафи номи сарвари Маркази Чумаков Айдар Ишмуҳаммадов чунин номгузорӣ шуда) истифода мешавда. Тавре худи Ишмуҳаммадов гуфтааст, вируси ибтидоӣ барои таҳияи воксанро аз “бемори мушаххас” дарёфт кардаанд.

“Кормандони мо дар бемористони “Комунарка” фаъолият мекарданд ва наздик ба 400 озмоиши вирусро аз беморони гуногун аз назар гузарониданд. Ва яке аз гунаҳои он хеле зинда ба назар мерасид. Ин штамм хеле хуб худро афзоиш медод. Ва ҳоло ворисони ин вирус дар мо парвариш ва барои истеҳсоли воксин истифода мешаванд”,-гуфтааст сарвари Маркази Чумаков.

Оё самарбахшии "КовиВак" исбот шудааст?

Аммо то ба имрӯз ҳеч матлаби илмие дар мавриди  "КовиВак" чоп нашудааст ва ҳадди таъсири он барои доираҳои илмӣ маълум нест. Аз чаҳор ваксани расман ба қайдгирифташуда ин муаммобарангезтарин ваксина ба шумор меравад. Хулосаҳоро расонаҳо танҳо тибқи изҳори назарҳои худи таҳиякунандагони он чоп кардаанд.
Ишмуҳаммадов дар суҳбаташ бо “Новая газета” гуфтааст, ки чанд мақолаи илмӣ дар бораи ин ваксина ба маҷаллаҳои илмии Ғарб ирсол шудаасту рӯи мизи муҳарриронашон мехобад. Вале то ба имрӯз гарчи он мақолаҳо расман қабул шудаанд, вале чоп нашудаанд.  
Вай боз гуфтааст, ки барои санҷишҳои марҳилаи сеюм миёнаҳои моҳи июн иҷозат гирифтаанд, дар замоне, ки воксин аллакай маълум ва ба мардум гузаронида шуда буд. 

Манбаъ: ВВС