Коронавирус nCov

COVID-19 дар олам ва Тоҷикистон

Шабонарӯзи гузашта дар саросари олам 424 716 сироятшудаи нав ба коронавирум ба қайд гирифта шуд ва 7766 нафар аз COVID-19 ҷон бохтанд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон шоми гузашта аз сирояти боз 74 нафар ва шифо ёфтани 83 нафар хабар дод. Ин вазорат навишт: дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 3 август  дар кишвар 15293 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19

Дар Бадахшон баргузории ҳар гуна чорабиниҳои фарҳангӣ манъ шуд. Маблағи он ба пешгирии COVID-19 равона мешавад

Баргузории чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ дар ВМКБ манъ карда шуда, минбаъд маблағи онҳо барои пешгирӣ ва интиқол наёфтани бемории коронавирус равона карда мешавад. Ин нуктаро раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дар ҷаласаи фаврии Ситоди вилоятии пешгирии бемории COVID-19, ки имрӯз, 30 июл, баргузор гардид, зикр кардааст.

Ӯ ҳамчунин аз баргузории тӯю маъракаҳо...

COVID-19: 84 сироятшудаи нав дар Тоҷикистон. Донишмандони Ҷопон мегӯянд як гунаи ин вирус иммунитети инсонро мефиребад

Субҳи имрӯз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба коронавирус дар 220 кишвари оламро 197 миллиону 301 ҳазору 248 нафар ва ҷонбохтагонро 4 миллиону 213 ҳазору 045 нафар эълон кард. Шабонарӯзи гузашта дар саросари олам боз 595 149 ҳодисаи нави сироят ба КОВИД-19 ба қайд гирифта шуда, 8804 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

88 сироятшудаи нав ба COVID-19 дар Тоҷикистон дар як шабонарӯз. Дар олам ҳудудан 196 миллион нафар

195 миллиону 872 ҳазору 299 сироятшуда ва 177 миллиону 606 ҳазору 720 муолиҷашудаи Covid-19 дар олам. Шумори фавтидагон ба 4 миллиону 191 ҳазору 874 нафар расидааст. Дар Русия теъдоди мубталоён 6 миллиону 172 ҳазору 812 нафар ва ҷонбохтагон 155 ҳазору 380 нафар эълон шудааст. Танҳо шабонарӯзи гузашта  боз 23 032 нафар гирифтори Covid-19 гаштаанд.

Доктор Фаҳим Юнус: Дастонатонро пайваста бишӯед, фосиларо риоя кунед. Шумо дигар ҳаргиз сироят нахоҳед шуд!

Ин навишта муддатҳост, ки дар саҳифаҳои иҷтимоӣ гардон аст. Доктор Фаҳим Юнус, сарвари донишгоҳи бемориҳои уфунии Мэриленди ИМА тавсия медиҳад, ки дар мавриди вируси КОВИД-19 зиёд ба эҳсосту воҳима дода нашавед. Чаро? Вай назари худро бо овардани чандин далел асоснок мекунад. Инҳо аслан ҳамон далелҳоеанд, ки борҳо духтурон ба мо гуфтаанд, аммо ин ҷо фишурдаву бе ҳарфи зиёдатӣ.

Страницы