Ин навишта муддатҳост, ки дар саҳифаҳои иҷтимоӣ гардон аст. Доктор Фаҳим Юнус, сарвари донишгоҳи бемориҳои уфунии Мэриленди ИМА тавсия медиҳад, ки дар мавриди вируси КОВИД-19 зиёд ба эҳсосту воҳима дода нашавед. Чаро? Вай назари худро бо овардани чандин далел асоснок мекунад. Инҳо аслан ҳамон далелҳоеанд, ки борҳо духтурон ба мо гуфтаанд, аммо ин ҷо фишурдаву бе ҳарфи зиёдатӣ. Доктор Фаҳим Юнус ҳамвора ба шустани дастон ва риояи фосила таъкид мекунад ва дигар ҳамаро воҳимаи зиёдатӣ медонад.
ИНАК, ИН МАСЛИҲАТҲО:
1-Мо бо Ковид-19 (С19) моҳҳо зиндагӣ хоҳем кард. Биёед ин воқеъятро бипазирем, рад ҳам накунему ба воҳима низ дода нашавем. Биёед хушбахт буданро омӯзем ва барои ҳамин хушбахтӣ зиндагӣ кунем.
2- Асари ин вирус тобистон ҳам кам намешавад ва он дар саросари олам доман мегустарад.
3- Вируси С19-ро, ки вориди ҳуҷайраҳо мешавад, наметавон нобуд кард. Онҳое, ки бештар об менӯшанд, бештар ниёз ба ҳоҷатхона рафтан пайдо мекунанд.
4-Шустани дастон, риояи фосила то 2 метр беҳтарин усули ҳимоя аз виурс аст. Агар дар хонаи шумо шахси гирифтори вируси С19 нест, пас зарурати он вуҷуд надорад, ки табдирҳои зиддиуфунӣ андешед, онро бо дорувор пок намоед.
5-Бастаҳо ва ҳар он чизе, ки молҳои харидаи худро аз мағоза ба хона мекашед ва ё иртибот бо банкомат сабабгори сироят намешаванд. Дастонатонро покиза бишӯед ва чун пештара озодана зиндагонӣ кунед.
6-С19 ин уфунати ғизоӣ нест. Ин бо қатраҳои сироятие иртибот дорад, ки ба мову шумо аз грипп ошнос. То кунун исбот нашудааст, ки ҳангоми фармоиши ғизо барои хона касе ба ин вирус сироят шуда бошад.
7- Сауна ҳаргиз вируси С19-ро намекушад, ин гуна иддиоҳо поя надоранд.
8-Шумо метавонед аз ин ё он намуди аллергия ва уфуниҳои дигар ҳисси бӯйро аз даст диҳед, вале ин аломати фарқкунанда барои С19 нест.
9-Агар дар хона танҳо мондед, ин ба маънои он нест, ки зуд либосҳои худро берун кунед ва душ қабул кунед...!!!
Низофат ин худ фазилат аст, на бадгумонӣ.
10-Вируси С19 дар ҳаво муаллақ намемонад. Ин як уфунати инфузионӣ аст, ки ниёз ба иртиботи наздик дорад. Фазо тозаву пок аст, метавон дар гулгашту хиёбонҳо ва боғҳо оромона гаштугузор кард, танҳо ин ки фосила ҷиддан риоя шавад.
11-С19 ба нажоду ирқу авлод ва дину эътиқод коре надорад, инҳоро аслан намешиносад ва метавонад ба ҳамаи одамон сироят кунад.
12-Кофист, ки зидди С19 собуни маъмулиро истифода кунед, шарт нест, ки шумо ҳатман собуни зиддибактерия дошта бошед. Дар ҳар ҳолат вирус ин бактерия нест!
13-Аз он ки ғизо фармудед, дар ташвиш набошед, вале боз ҳам агар мехоҳед шубаҳоти худро рафъ созед, онро дар микроволна ё ҳар асбоби дигари гармкунанда дубора гарм кунед.
14-Имкони бо пойафзол ба хона кашондани вирус ва сироят шудан ба монанди он аст, ки дар як рӯз ду бор шуморо барқ занад. Ман собиқаи кори 20-сола муқобили вирусҳо дорам ва медонам, ки уфунии қатраӣ ЧУНИН паҳн намешавад...!!!!
15-Уксус, шакар, афшурдаҳои гуногун ва занҷабил шуморо аз вирус ҳифозат намекунанд!
16-Дастпӯш доштан идеяи бадест: вирус метавонад дар дастпӯш ҷамъ шавад, вай метавонад хеле ба осонӣ сироят кунад, агар шумо дастпӯшро ба рӯятон расонед. Беҳтар аз ҳама дасти урён бошед, вале ҳамеша дастонатонро бишӯед!!!
БИЛОХИРА БА ҲОЛАТИ РӮҲИИ ХУД ДИҚҚАТ ДИҲЕД:
Агар мард ё зани солманд навгониҳо дар бораи фоҷеаҳоро ҳамарӯза аз оинаи нилгун тамошо кунад, пандемияву эпидемияҳоро ҳар рӯз бо хабарҳои: “Ин то ба ту низ хоҳад расид! Ту низ ба ин сироят хоҳӣ шуд. Қурбонии оянда ин туӣ...” ва ғайра бинаду бишнавад, пас ин шахс баъди чанд моҳ мемирад.
Ин барномаҳо аз тариқи стресс ва изтироб боиси коҳиши системаи эминии бадани мо мешаванд.
Ҳамчунин суханрониҳои муаллимон ва лекторони тибро, ки мҷриёну мураббиёни фалокатҳо шудаанд, тамошо накунед.
Такрор ба тарор гуфтани як ҳарф сифати зисти моро халалдор мекунад.
ПАЙНАВИШТ:
САЛОМАТИИ РАВОНӢ ВА ҶИСМОНИИ ХУДРО ҲИФЗ КУНЕД!
ИНРО ФАРОМӮШ НАКУНЕД: ҲОЛАТИ НОУСТУВОРИ РАВОНӢ БА ҲАМА СИСТЕМАИ ЭМИНИИ БАДАН ТАЪСИР МЕРАСОНАД.