Коронавирус nCov

COVID-19: Беш аз 192 миллион сироятшуда дар олам. 51 гирифтори нав ва ду марг дар Тоҷикистон. Ҳунарманди маъруф Майрам Исоева низ шифо ёфт

Бегоҳии 20 июли соли равон Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба коронавирус дар оламро 192 миллиону 124 ҳазору 501 нафар эълон кард. Бино ба хабари Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дирӯз дар кишвар рақами рекордии сирояти якшабонарӯзӣ ба қайд гирифта шуд. Дар хабари расмии ин вазорат гуфта мешавад, ки 20 июли соли равон  дар кишвар 51 ҳолати нави

Муҳимтарин хабарҳо аз КОВИД-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинзи ИМА шумори гирифторон ба коронавирус дар ҷаҳонро 191 миллиону 110 ҳазору 490 нафар эълон кард. То кунун аз ин бемории ҳамагир 4 миллиону 103 ҳазору 396 нафар ҷон бохтаанд.

Кишварҳое, ки сироятшудаи бештар доранд:

ИМА— 34 959 706

Дар Тоҷикистон то имрӯз 14037 нафар ба КОВИД-19 сироят шудаанд. Шумори ваксингирифтагон 422 ҳазор нафар эълон шуд

Шоми 16-уми июли соли равон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикитсон аз ифшои 37 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус хабар дод ва гуфт, ки дар як шабонарӯз 28 нафар мулоиҷашудагон аз беморхонаҳо ба хонаҳояшон ҷавоб дода шудаанд. Дар хабар омадааст, ки дар маҷмӯъ, аз аввали ҳамагирӣ то имрӯз, 16 июл  дар кишвар 14037 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта

COVID-19: Шумори гирифторон дар Тоҷикистон ба 14 000 нафар расид, фавтидагон 110 нафар эълон шуд

Шабонарӯзи гузашта дар олам 516 528 нафари дигар олуда ба коронавирус шуданд. Ва шумори умумии гирифторон дар олам ба 188 миллиону 128 ҳазору 952 нафар расид.  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз пайдоиш ва густариши гунаҳои басо хатарноки  COVID-19 оламиёнро ҳушдор дод.

Кишварҳое, ки бештар аз дигар мамолик мубтало ба коронавирус зиёдтар доранд:

Тоҷикистон аз Чин вакиснаи “Коронавак” мехарад

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хабар дод, ки масъулинаш бо Чин дар мавриди дарёфти бастаҳои ваксинаи “Коронавак” гуфтугӯ кардаанд. Ин манбаъ гуфтааст, ки қарор аст ширкати созандаи ин ваксина Sinovac Research & Development Co. Ltd” дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин созишномаи харид ва таҳвили онро пешниҳод кунад. Ин гуфтугӯ дар низоми онлайн рӯзи 13-уми июли соли

Страницы