Шабонарӯзи гузашта дар саросари олам 424 716 сироятшудаи нав ба коронавирум ба қайд гирифта шуд ва 7766 нафар аз COVID-19 ҷон бохтанд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон шоми гузашта аз сирояти боз 74 нафар ва шифо ёфтани 83 нафар хабар дод. Ин вазорат навишт: дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 3 август дар кишвар 15293 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 14788 нафар (96,7%) шифо ёфта, дар маҷмӯъ аз ин беморӣ 121 нафар фавтидаанд.
Ташхису таҳқиқи бештар аз 3,5 млн сокинони Британияи Кабир, ки бо ваксинаҳои AstraZeneca ва Pfizer худро эм карданд, нишон дод, ки ин ваксинаҳо эҳтимолияти камтари мусоидат ба лахшавии хун доранд.
Ҳукумати Олмон тасмим гирифтааст, ки тирамоҳ ва зимистон чораҳои карантиниро новобста аз суръати густариши сироят ба коронавирус ташдид бахшад.
Аз ҷониби Комиссияи Аврупо эътироф шудани шаҳодатномаи ковид аз ҷумҳурии Сан-Марино, ки воксинаи русии "Спутник V" истифода мешавад, ба маънои он нест, ки Иттиҳодияи Аврупо ин воксинаро тасдиқ карда бошад
Табибони Булғористон аз наздик шудани мавҷи чоруми коронавирус хабар доданд. Аз охири моҳи июл ва аввали августи соли равон сироят ба коронавирус авҷи тоза гирифт ва ин метавонад сабаби марги садҳо тан шавад.
Ҳукуматдорои Иморати Муттаҳидаи Араб аз 5-уми августи соли равон қабули мусофирони транзитиро иҷозат доданд, ҳамчунин рӯйхати давлатҳое, ки ба шаҳрвандонашон иҷозаи вуруд дода мешавад, афзуд.
Шумори гирифторон ба КОВИД-19 дар кишварҳои Африқо ба 6 миллиону 778 ҳазору 167 нафар расид ва шабонарӯзи гузашта ин рақам 33 854 нафар афзуд. Бештар аз ҳама дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ шумори сироят ва маргумир ба қайд гирифта шудааст (беш аз 2,4 миллион сироятшудаву 72 437 фавтида). Дар Тунис 20 226 ва дар Миср 16 535 нафар аз коронавирус ҷон бохтаанд.
Русия аз сирояти боз 22 010 нафар хабар дод.
То 4-уми августи соли равон дар Қазоқистон 595 433 ва дар Қирғизистон 165 540 ҳодисаи сироят ба коронавирус сабт шудааст.
Дар Ӯзбекистон 131 978 нафар чун мублалои нав ба Covid-19 ба қайд гирифта шудаанд.