Субҳи имрӯз, 27-уми июл шумори беморони гирифтор ба коронавирус дар олам 195 миллиону 330 ҳазору 022 нафар ва ҷонбохтагон 4 миллиону 182 ҳазору 437 нафар эълон шуд. дар Тоҷикистон аз аввали ҳам агирӣ 14 673 нафар сироят шуданд ва 118 нафар фавтиданд.
Панҷгонаи кишварҳое, ки шумори бештари гирифторон ба коронавирус доранд:
ИМА — 35 228 726
Ҳинд — 31 439 764
Бразилия — 19 688 663
Русия — 6 149 780
Фаронса — 5 999 244.
Дар ИМА аз кулли кормандони тибб хостанд зидди коронавирус худро эм кунанд ва ин эмкунӣ барои табибон ҳатмӣ эълон шуд.
Дар Олмон аз сабаби камтар ҷалб шудани мардум ба воксингирӣ умедҳо барои иммунитети ҷамъӣ камтар шудааст.
Дар Италия дар як шабонарӯз то 5 ҳазор сироятшудаи нав ба қайд гирифта мешавад. Моҳе қабл ин нишондиҳанда 10 баробар камтар буд.
Аммо дар Испания ҳар шабонарӯз то 25 ҳазор нафар гирифтори вируси корона мешаванд ва ин баландтарин омор аз моҳи феврали соли равон аст.
Дар Юнон ҳафтаи сипаришуда 4,3 ҳазор нафар сироятшудагон ба COVID-19 ба қайд гиифта шуданд, ки болотарин омор аз оғозӣ ҳамагирӣ мебошад. Дар Қибрис бошад дар шабонарӯз то 1 ҳазор нафар мубталои нав сабт мешавад.
Вазорати тандурустии Туркия рӯзи душанбе аз ифшои боз 16 809 гирифтори нав хабар дод.
Зарфи 24 соати гузашта дар Русия 23 239 нафар чун гиифтори нав ба COVID-19 сабт шуданд. Аз ҳама бештар сироятшудагон дар шаҳри Москав - 1 490 707 (+2629) ба қайд гирифта шуданд ва аз аввали ҳамагирӣ дар пойтахти Русия 25 207 нафар фавтидаанд. Зарфи шабонарӯзи гузашта дар Русия 727 нафар аз COVID-19 ҷон бохтанд ва шумори умумии фавтидагон аз аввали пандемия 154 601 ва сироятшудагон 6 миллиону 149 ҳазору 780 нафар эълон шуд.
Дар Қазқистон аз аввали ҳамагирӣ 535 906 нафар сироят шудаву аз ин беморӣ 5452 нафра ҷон бохтаанд, дар Қирғизистон бошад шумори умумии мубталоёт ба 158 120 нафар ва фавтидагон 1 261 нафар расидааст.
Ӯзбекистон аз сирояти 124 995 ва марги 839 нафар аз Covid-19 хабар дод.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон шоми дирӯз, 26-уми июл шумори сироятёфтагони навро 81 нафар эълон кард. Дар хабари ин вазорат омадааст: “давоми як шабонарӯзи охир дар мамлакат 81 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 71 нафар пас аз муолиҷа солим гардонида шуданд. Инчунин, аз бемории мазкур 1 нафар фавтидааст.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 26 июл дар кишвар 14673 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 14167 нафар (96,5%) шифо ёфта, дар маҷмӯъ аз ин беморӣ 118 нафар фавтидаанд.
Дар ҳамин замина, Варзорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорад, ки қоидаҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла, пушидани ниқоби тиббӣ, зуд-зуд шӯстани дастон ва фосилаи байниҳамдигариро қатъиян риоя намоянд”.