Тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинз шумори гирифтрон ба коронавирус дар олам ба беш аз 194 миллион нафар расид. Теъдоди ҳалокшудагон аз 4,17 миллион нафар боло рафт. Дар ИМА мубталоён ба зиёда аз 35, дар Ҳинд болотар аз 41,4 ва Бразилия бештар аз 19,6 миллион нафар расидаанд. Русия дар гирифторӣ ба коронавирус дар ҷаҳон ҷойи панҷумро ишғол мекунад.
Шабонарӯзи гузашта дар Русия боз 24 072 сироятшудаи навро сабт карданд ва аз ин беморӣ 779 нафар фавтиданд. Шумори гирифторон ба 6 126 541 ва ҷонбохтагон ба 153 874 нафра раисдааст.
Теъдоди мубталоён ба КОВИД-19 дар Қазоқистон 529 269 нафар ва дар Қирғизистон 157 147 нафар эълон шудааст. Дар Қирғизистон аз КОВИД 2 249 нафар фавтидаанд.
Дар Ӯзбекистон бо то имрӯз 124 290 ҳодисаи сироятро ба қайд гирифтаанд ва шумори фавтидагон 832 нафар гуфта шудааст.
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 78 ҳодисаи нави сироят ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд ва шумори умумии мубталоён ба 14 505 нафар расидааст.