Суҳбати сеюми мо бо доктор Абдуллоҳ Давлатов-духтури тоҷики муқими Москав боз ҳам атрофи коронавирус ва таъсири воксинаҳо ба инсон буд. Ба назар мерасад имрӯз муҳимтар аз ин мавзӯъ надорем, чун мебинем, ки ҳам шумори гирифторони шабонарӯзӣ дар икшвар афзоиш дорад ва ҳам шумори фавтидагон.
- Аз охири соли гузашта ҳатто дар ҷаҳон аз мағлубияти тадриҷии КОВИД ҳарф мезаданд ва бахусус ваксинҳо умеде ба пок шудани ин беморӣ аз рӯи Замин буданд. Дар Тоҷикистон низ чунин буд. Аз Соли нави милодӣ дигар мо ҳодисаи гирифторӣ ба КОВИД-ро ёд надорем. Аммо ба наздик шудани тобистон ин беморӣ дубора аз худ дарак дод ва ҳатто ба назар мерасад ҷиддитар аз пеш. Чаро чунин шуд?
- Ин саволатон шеваи хушгӯиро намепазирад ва фақат ростиро талаб дорад, агарчӣ, ба қавли устоди шодравон Лоиқ Шералӣ, “рост гӯям, бипаронанд зи чашму даҳанам”. Ҳарчӣ шаваду нашавад ба ҷиддият аз воқеият арз кунам. Воқеият он аст, ки ҳар кишваре агар дар оғоз дар нисбати чораҳои пешгирӣ ҷиддӣ буд ва сахтгирӣ мекард, муваффақ шуда буд. Шахсан худам дар оғоз аз Ҳукумати Тоҷикистон тавсиф карда будам, ки дар ин мавзӯъ сахтгир буданд ва марзҳоро баставу ҳаракати ҳар нафари ба Тоҷикистон воридшавандаро тӯли ду ҳафта маҳдуд мекарданд ва дар ҳолати инвизо зери назорати қатъии духтурон медоштанд, ки ин кор саривақтӣ, хеле зарур ва ногузир буд. Ин амалҳо натиҷа ҳам дода буданд – ҳам уфунӣ ба Тоҷикистон дер омад ва ҳам суръати паҳншавияш суст буд. Агарчӣ, ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ интиқод мекарданду ба омори расмӣ бовар надоштанд, вале ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ омори расмиро тасдиқ карда буд ва воқеият ҳам дошт. Ҳамон замон дар кадом сӯҳбате гуфта будам, ки “то замоне лаҷоми уҳдаи ин уфунӣ дар дасти марзбонону сохторҳои қудратист, хавф кам аст. Фалокатбор он вақт мешавад, ки ин лаҷом ба дасти духтурон гузарад”. Зеро, кор ки то духтур расид, ин маънои онро дорад, ки аллакай фалокат сар задааст.
Вале, афсӯс, ки дар нисбати мардуми дохилӣ ин сахтгириҳо набуданд ва ахиран қисмати зиёди мардум ин уфуниро бе зуҳури аломатҳояш паси сар карданду масунияти ҷамъӣ пайдо шуд. Хуб, ҳарчӣ буду набуд – замоне расман эълон шуд, ки ин уфунӣ барҳам хурдааст ва мардум ҳам сабукӣ эҳсос карда буданд. Ҳамон замон вазорати тандурустӣ дар аввал эълон карда буд, ки онҳо дар мубориза бо Ковид-19 муваффақ шуданд. Вале, банда гуфта будам, ки шояд масунияти ҷамъӣ (иммунитети коллективӣ) пайдо шуда бошад, ки монеъи паҳншавии SARS-CoV-2 мегардад. Дар ёд дорам, ки баъди ягон ҳафта кадом намояндаи расмии соҳаи тандурустии ҳам тасдиқ кард, ки дар кишвар масунияти ҷамъӣ пайдо шудааст. Ин руйдод, яъне пайдошавии масунияти чамъӣ, бояд кафолати такрор нашудани сироятшавии зиёд мебуд. Вале, мебинем, ки дубора мардум ба таҳлука афтоаанду шабакаҳои иҷтимоӣ аз сироятшавии зиёд хабар паҳн мекунанд.
Хулоса, бо ҳар роҳе набошад, он замон воқеан ҳам Тоҷикистон дар мубориза бар зидди ин уфунии ҳамагир муваффақ шуда буду мардум ҳам бо ҳама интиқодҳояшон то ҷое нафаси озод кашида буданд. Вале, афсӯс, ки баъди он руйдоди хубу хабари хуши дафъи Ковид-19 аз Тоҷикистон, дар талаби риояи чораҳои профилактикӣ саҳлангорӣ карданд ва мавҷи нав ба осонӣ даврон дорад.
ҶУРҒОТУ ЧАККАВУ ДУҒУ АМСОЛИ ИНҲО МИКРОБИОМИ РӮДАҲОРО ДАР НИЗОМ НИГОҲ МЕДОРАНД
- Мавҷи якуму дуюму сеюм ва ҳоло баъзе кишварҳо аз мавҷи чорум низ ҳарф мезананд. Аслан сабабҳои сермавҷа шудани Ковид кадомҳоянд?
- Саволи калидӣ ҳам ҳамин аст, ки мепурсед. Мутахассисону олимон ҳам ин саволро матраҳ мекунанд, ки чаро баъди пайдо шудани масунияти ҷамъӣ дубора ин уфунӣ авҷ мегирад. Чанд сабаб дорад. Бубахшед, ки дар ҷавоби ин савол шояд аз ибораи “гуфта будам” бисёр истифода кунам, вале, воқеан ҳам тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва суҳбатҳои расонаӣ ҳамватанонро огоҳ менамудам ва илтимос мекардам, ки ҳамон талаботҳои шаръиро дар нисбати риояи берун нашудан аз минтақаҳои гирифтори ин уфунӣ, фосила гирифтан аз якдигар, аз таҳорати дасту руй кор бигиранд ва аз ниқобҳои тиббӣ истифода кунанд. Афсӯс, ки ин талаботҳо хеле кам риоя мешаванд. Масалан, дар мавриди тарк накардан ва ё вуруд нашудан ба минтақаҳои гирифтори Ковид-19 на танҳо ин қоида риоя намешуд, балки баръакс, садҳо нафар ҳамарӯза дари сафорату консулгариҳоро мекӯфтанду талаб мекарданд, ки онҳоро ба ватан баргардонанд. Ҳукумат ҳам талош карду хатсайрҳои чартерӣ кушод ва то ҷое роҳи мардумро боз кард. Бо кишварҳои дигар ҳам роҳҳо кушода шуданд, ки воридшавии гунаҳои нави SARS-CoV-2-ро осон кард. Ин сабаби якуми авҷи мавҷи нави Ковид-19 аст, яъне, ба тадриҷ афзудани интиқоли уфунӣ аз берун ба дохили Тоҷикистон;
Сабаби дуввум он аст, ки назорати риоя кардан ё накардани чораҳои пешгирӣ аз ин уфунӣ қариб, ки аз байн рафтааст. Яъне, аз беруни кишвар гирифторони Ковид-19 ворид мешаванду метавонанд озодона ин вируси маргафканро паҳн кунанд. Он тестҳои фаврие, ки дар гӯё фурудгоҳҳо мекунанд, мулоим карда гуем, дилпуркунанда нестанд, ки гирифторонро сари вақт пайдо намоянд ва то сиҳат шуданашон гардишашонро миёни мардум маҳдуд кунанд. Худи ҷомеъа ҳам талаботи чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии ин уфуниро, ки хеле заруранд, нодида мегирад. Бубинед, ки ҳатто президент бо ниқоби тиббӣ миёни мардум меравад, вале аксар инро нодида мегиранд. Албатта, ин ҳолат на танҳо хоси ҷомеъаи мост – дар дигар кишварҳо ҳам ба назар мерасад. Ба хотир биёред, ки ҳатто собиқ президенти тавонотарин давлати дунё – Амрико ҳам дар аввал чораҳои профилактикиро мазоҳ мекард ва баъде, ки дар онҳо муриш аз дигар кишварҳо зиёд шуд, ҷиддӣ гирифтанд. Аммо, набояд чунин таҷрибаи манфӣ бароямон намуна бошад, балкӣ, якояки моро зарур аст, ки дар мадди аввал худрову пайвандони худрову атрофиёни худро эҳтиёт кунем ва ҳукумат ҳам дар нисбати риояи ин талаботҳо сахтгирӣ кунад. Дуруст аст, ки ин кор ба касе хуш намеояд, вале вазъ ҳам дилхушкунанда нест. Вақте мебинем, ки мусофирон дар нақлиёт ба якдигар часпидаанд, дар бозорҳо ҷои сӯзанпартоӣ нест ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ касе аз касе фосила намегирад, хуб шудани вазъ маҳол аст.
Дар ҳамин Маскави мо ҳам баъди кам шудани шумораи беморони Ковид-19 ҳатто духтурон дар нисбати пушидани ниқоби тиббиву риояи дигар чораҳои профилактикӣ беэътиноӣ мекарданд ва вазъ дубора ваҳим шуда буд. Ҳукумати шаҳр маҷбур шуд чораҳои катъӣ бияндешаду сахтгирӣ кунад ва ҳоло вазъ хуб шудан дорад. Албатта, воксинҳо ҳам кумак мекунанд, вале чораҳои профилактикӣ ивазнашавандаанд;
Сабаби сеюм он аст, ки штаммҳои нави мутатсия шудаи SARS-CoV-2 пайдо шудаанд, ки ҳам дар суръати паҳншавӣ, ҳам дар шохиси сирояткунӣ ва ҳам дар шиддати халалдор кардани фаъолияти узвҳо аз гунаи аввали ин SARS-CoV-2, ки аз чиниҳо омада буд, ба маротиб фаъолтар ҳастанд. Ин штаммҳои нав худро хеле тағйир додаанд ва ҳатто онҳое, ки аз навъи пешинаи SARS-CoV-2 сироят шуда буданд, дубора гирифтор мешаванд. Бояд гуфт, ки дар давраи кунунӣ ягона чора - ин воксин кардан аст, ки ҳарду навъи масуниятро (ҳуморалӣ ва ҳуҷайравиро) таккон медиҳад ва агар одам гирифтор ҳам шуд, ин уфуниро ба осонӣ паси сар мекунанд.
САБАҲОИ МУРИШИ ЗИЁД АЗ КОВИД-19
- Кариб ду сол мешавад, ки ин уфунии ҳамагир ҷаҳонро таккон медиҳаду ҳамаро ба ларза даровардааст. Сабаб, чист ки то ҳол муриш зиёд аст?
- Яке аз сабабҳои асосии марговар будани ин навъи вирус ҳамон хусусиятҳои хосаш ва тағйирпазирии (мутатсияи) беҳамтояш аст. Сабаби дигараш то имрӯз набудани доруи нобудкунандаи ин вирус аст. Сабаби сеюм, тарсу таҳлукаву ба афсурдагӣ дода шудани одамон аст, ки имконоти дарёфти васеъи иттилоъотӣ доранд ва тариқи интернет он қадар росту дуруғ мехонанду мешунаванд, ки ёрои “муйро аз хамир ҷудо кардан” намемонад ва як иллати мавҷударо ба 10 иллат мубаддал мекунанд. Мақсадам аз ин ҳарфҳо он аст, ки вақте нафаре тариқи имконоти дастрас дар нисбати коронавирусҳо маълумот меҷӯяд ва маводе пайдо мекунад, ба хоса агар он мавод фаҳмо бошад, хаёл мекунад, ки дастури дуруст ҳамон аст ва аҷала худашро диагноз мемонаду думболи истифодаи он “тавсияҳо” мешавад. Вале, зиндагӣ маънии бештаре аз он дорад, ки мо медонем. Ман зиёда аз 35 сол аст, ки вориди илми тибб ҳастам, вале бисёр мешавад, ки дар нисбати ташхис ё усули табобат аз ҳамкасбонам маслиҳат мепурсам. Зеро ҳар як инсон хосиятҳои худро дорад ва ташхису табобати хосро талаб дорад. Ва агар касе ба ин осонӣ – тариқи интернет ё маслиҳати шиносҳояш худро муолиҷа мекунад, бояд донад, ки ба ҷони худ зулм мекунад. Кам нест ҳолатҳое, ки он беморони Ковид-19 муроҷиат мекунанд, ки худсарона аз антибиотикҳо, дексаметазон ва клексан (ё дигар доруҳои хунро тунуккунанда) истифода кардаанд. Афсӯс, ки дар бисёр ҳолатҳо наҷоти чунин нафарон мушкил мешавад.
ҶАНБАҲОИ МАНФИВУ МУСБАТИ ВОКСИНКУНӢ ДАР СУҲБАТ БО ДОКТОР АБДУЛЛОҲ ДАВЛАТОВ
Аммо, чунин ҷоҳилӣ (бубахшед, вале вожаи дигаре дар ин маврид коршоям нест) дар истифодаи доруҳо на танҳо хоси нафарони ғайрикасбӣ мебошад, балкӣ, на як бору ду бор шоҳиди ҳол шудаам, ки кормандони соҳаи тибб ҳам ба гирифторони коронавируси SARS-CoV-2 доруҳои изофавӣ, зиёда аз 10-15 намуд, таъин мекунанд, ки ин амал баробари ҷиноят аст. Аҷиб, ки ҳама медонанд – то имрӯз ягон доруе бар муқобили ин вирус ихтироъ нашудааст, пас, чаро ин қадар дору таъин мекунанд - муаммои сарбаста. Ҳатто чунин шуда буд, ки як шиноси хубам гирифтори коронавирус шуду занг зад. Гуфт, ки зери чак-чак аст. Духтурашро пурсидам, ки чӣ мечаконад, гуфт, ки “Рингер”. Пурсидам, ки ташхисаш чист? Гуфт “ҳоло диагнозша намондем”. Ҳуш аз сарам парид! Пурсидам, ки “агар ташхис накарда бошед аз кадом беморӣ табобат доред?”.
Чунин амалкарди духтур иштибоҳи касбӣ нест – ҷиноят аст. Қайд кунам, ки чунин ҷиноятҳои касбӣ фақат хоси духтурони мо нест, дар сартосари ҷаҳон як дарди бедаво шудааст ва Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ ҳам ба ин таваҷҷуҳ кардааст. Пайваста қайд мекунам, ки беморон аз коронавирус намемиранд – аз ташхиси хато ё табобати нодуруст мемиранд.
- Агар аз иштибоҳи касбӣ гуфтед, боз ба кадом тавсияҳои духтурон бо шубҳа бингарем?
- Шайх-ур-Раис Ибни Сино фармуда буданд, ки “мо маризиро не, беморро муолиҷа мекунем”. Баъди ҳазор сол яке аз беҳтарин академикҳо дар соҳаи тибби Шӯравӣ Николай Амосов гуфт: “Мо фақат муолиҷа мекунем, одамон худашон бояд саломатиро пайдо кунанд”.
Бубинед, ки тафовут аз куҷо то ба куҷост. Дар тӯли 1 000 сол то ҷое расидем, ки новобаста аз пешрафти бесобиқаи илми тиббу техноложиҳои замонавӣ, ба беморон мегӯем “Бубахшед, вале худатон саломатӣ пайдо кунед, кори мо бо беморӣ машғул шудан аст, на беморро табобат кардан”.
Ин аҳвол дар давраи ҳамин уфунии ҳамагир бештар ба назар мерасад. Мушоҳида мешавад, ки ҳамкасбонам ҳамон қисмати дастурамали доруҳоро мехонанд, ки оиди усули истифодаи доруст ва дигар барои омӯзишу таҳлили хусусиятҳои инфиродии ҷисмиву равониву мизоҷи бемор фурсат намеёбанд. Ин амалкард дар нисбати тавсияҳои духтурон баръало дида мешавад.
Масалан, ғайр аз полипрагмазия (истифодаи изофавии доруҳо), ки дар боло гуфтем, бисёриҳо аз усулҳои нодурусти табобат кор мегиранд. Агар иҷозат диҳед ин иштибоҳҳоро, ки дар муолиҷаи гирифторони Ковид-19 истифода мешаванд, табақабандӣ кунам:
а) ҳамон Фавипиравир (бо номҳои Авиган, Авифавир, Арепливир, Коронавир ва ғайра ба бозор ворид мешавад) ва Гидроксихлорохин (Хлорохин, Плаквенил, Иммард, Делагил, Маларон, Коартем ва ғайра), ки ҳамчун доруҳои ҳазфкунандаи SARS-CoV-2 муаррифӣ шудаанд, то ҷое кӯмак мекунанд, аммо на чуноне, ки қаноаткунанда бошад. Ва агар, миқдору муҳлати истеъмоли ин доруҳо риоя нашавад, онҳо на танҳо беҳуда, балки хатарзо ҳам мешаванд. Нусхаи тавсияи як духтури калидӣ дар табобати Ковид-19 дар дастам ҳаст, ки навиштааст: “Фавипиравир 40 таблетка”. Аз бемор пурсидам, ки “ин доруро чи хел истифода мебарӣ?”. Дар дасташ қутии доруро тоб доду гуфт: “духтур ҳичӣ нагуфт. Хай, 1 таблеткагӣ 3 бор хурдан мегирам”. Вақте тавсияи он духтурро ба профессори яке аз пажуҳишгоҳҳои Маскав фиристодаму хулосаашро пурсидам, дар ҷавоб як вожаро истифода кард – “Ужас!” (“Даҳшат!”);
б) антибиотикҳо бар муқобили вирусҳо аслан на фақат чизе нолозиманд, балкӣ зараровар ва хатарнок ҳам ҳастанд, ки баъди афсурдагӣ дар пахши масуният нақши калидӣ доранд. Барои мисол, дар Тоҷикистон ба беморони Ковид-19 қариб, ки дар ҳама ҳолатҳо Меропенем ва доруҳои гурӯҳи тсефалоспоринҳо (Цефтрикасон, Цефатаксим ва амсоли инҳо) таъин мекунанд. Аҷиб, ки дар бемории Ковид-19 яке аз хатарҳои асосӣ ин лаълбастанӣ хун аст ва духтурон дар таъини доруҳои зидди лаълбандӣ ҳам аҷала мекунанд. Вале, боз ҳам аҷибтар он аст, ки ҳамин доруҳои аз гурӯҳи тсефалоспоринҳо худашон сабаби ҳипопротромбиенемия (гипопротромбинемия) ҳастанд, ки хунро тунук мекунанд ва метавонанд сабаби хунравӣ шаванд. Аз ин хотир, ҳатто дар дастурамали дар дохили қуттии ин дору буда ҳам огоҳӣ ҳаст, ки тсефалоспоринҳоро бо тромболитикҳо (моеъкунандаҳои хун) истифода бурдан хатарнок аст.
Ё гирем доруи дигари дӯстдоштаи баъзе духтуронро - Меропенемро. Бояд донем, ки ин дору фақат дар ҳолатҳои фавқуллодаи вазнине, ки сабабаш бактерияҳо ҳастанд, истифода мешавад. Меропенем доруест, ки баръакси тсефалоспроринҳо хунро “ғафс” мекунад ва боиси лаълбандии (эҷоди тромб) мешавад. Яъне, агар Меропенем таъин кардем, бояд ҳатман дар бораи вазъ ва суръати лаълбандии хун иттилоъ дошта бошем. Вале, афсӯс, ки аксари ҳолатҳо натиҷаи КТ-и шушҳоро мебинанду беасос Меропенем таъин мекунанд. Қайд кунам, ки штамми “делта”-и навпайдои коронавирус дар оғоз узвҳои ҳозимаро гирифтор мекунад ва шушҳо метавонанд тоза бошанд ва КТ таҳқиқи калидӣ нест. Бори дигар қайд кунам, ки ҳамаи антибиотикҳо кори рӯдаҳоро халалдор мекунанд, ки боиси заъфи масуният мегардад ва дар мавриди сироятҳои вирусӣ истифодаи онҳо зараровар аст.
в) истифодаи доруҳои таъсиркунанда ба суръати лаълбандии хун (Ҳепарин (Гепарин), Клексан, Курантил, Кардиомагнил ва амсоли инҳо) бе таҳқиқи хун ҳам аҷиб аст. Зеро, ҳар яке аз ин доруҳо метавонад сабаби хунравии дарунӣ шавад, ки дар аксари кулли ҳолатҳо бо марг анҷом меёбад. Соли гузашта наворе гузошта будам ва навишта будам, ки “агар бемореро баъди Ковид-19 рухсатӣ карданду он бемор бо хушҳолӣ ба хонааш баргашт ва пайвандонаш шод шуданд, ки аз дасти ин фалокат раҳид, вале, баъди ду се рӯз вафот кард, тааҷуб накунед – антибиотикҳо ё Дексаметазон ӯро куштаанд”. Чаро, ки истифодаи беасоси ин доруҳо дар бадан боиси пайдоиши илтиҳоби (колити) псевдомембранозӣ, варами мағз ва ғайра мегарданд, ки ба тадриҷ одамро мекушанд. Ин аст ҷавоби дигаре ба саволи пешинатон оиди муриши зиёд Вале, афсӯс, ки дар нисбати мардуми дохилӣ ин сахтгириҳо набуданд ва ахиран қисмати зиёди мардум ин уфуниро бе зуҳури аломатҳояш паси сар карданду масунияти ҷамъӣ пайдо шуд.
СОЗМОНИ ҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ: ОЛАМ ДАР ОСТОНАИ МАВҶИ НАВИ СИРОЯТ БА КОРОНАВИРУС ҚАРОР ДОРАД
г) Дексаметазон ва дигар доруҳои ҳлюкокортикоидӣ масуниятро пахшу заъиф мекунанд ва истифодаи онҳо дар ҳолатҳои сабук ва ё миёнаи Ковид-19 қатъиян манъ аст! Фақат аз ноилоҷӣ дар мавриди сар задани “тӯфони ситокинӣ” аз дексаметазон истифода бояд шавад. Афсӯс, ки ҳолатҳоеро шоҳид шудаам, ки дар КТ 25% зарар ёфтаанду таъҷилӣ дексаметазон таъин кардаанд ва вазъи бемор ваҳим шуда буд. Аз ин ҳам даҳшатовар он аст, ки тартибу миқдори истифодаи ин доруҳои хеле хавфнок риоя намешавад. Дар нисбати меъёру миқдор як мисол меорам: ба нафаре Метилпреднизолон ба миқдори 1 грамм (1 000 мг) таъин кардаанд. Дар ҳоле, ки дар ҳамаи тавсияҳо омадааст, ки дар ҳолатҳои “тӯфони ситокинӣ” агар аз Метилпреднизолон истифода шавад, бояд ба миқдори 120-125 мг се бор дар як рӯз дар тӯли се рӯз истифода шавад ва баъд таркиби хун, пеш аз ҳама ферритин, таҳқиқ шавад ва баъд хулоса бояд кард. Аммо, ин таъиноти 1 000 мг ва як бор дар як рӯз аз куҷо ва дар кадом асос гирифта шудааст – муаммо. Табиист, ки вазъи бемор хеле вазнин шудааст.
е) ба наздикӣ бо хоҳиши яке аз дӯстонам, нафаре аз Душанбе тамос гирифт. Қисса кард, ки падараш баъди воксин бемадорӣ ҳис кардасту табаш кардааст. Духтур даъват кардаанд. Даррав дору навиштааст (ҳамон Меропенему Цефатаксиму (ин ду дору як таъсир доранд) Клексану Аспирину Курантилу (се доруи ахир як таъсир доранд) ва поливитаминҳову фенкаролу (аз аллержӣ) ва ҳамон Дексаметазон). Ба ростӣ мақсади ин таъинотро нафаҳмидам... Дар ҳоле, ки воксин ба хотири таккон додани масуният ва истеҳсоли иммуноҳлобулинҳо ворид карда мешавад, инҳо дексаметазон мекунанд, ки баръакс таъсир мекунад – масуниятро пахш мекунад...
БА УСУЛИ ТАБОБАТИ БЕМОРИҲОИ ВИРУСӢ БЕШТАР МУРОҶИАТ КАРД
- Пас чӣ бояд кард? Муддати ин ду сол дар муолиҷаи КОВИД ҳам албатта, баъде чизҳо мушаххастар шуданд. Шояд таҷрибаи ягона ҳам набошад, пешрафтатару таъсиргузортар ба даст омада бошад?
- Дар мавриди шеваи ягона ё пуртаъсири муолиҷа ҳоло ҳам ҳарф задан бармаҳал аст. Аммо мешавад, ки ба усули табобати бемориҳои вирусӣ бештар муроҷиат кард. Вале чун таҷрибаи ягонаву мушаххаси илмӣ ҳоло нест ва бошад ҳам расонаӣ нашудааст, пас аз имкониятҳои мавҷуд бояд истифода намуд. Яъне, чӣ?
- дар марҳилаи ҳозира воксин кардан беҳтарин ва ягона роҳи наҷот аз ин уфунист;
- аз чораҳои пешгирӣ (профилактикӣ) ҳатман бояд кор гирифт;
- духтурон бояд аз тавсияҳои расмии Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ истифода кунанд. Барои тоҷикон хуб аст, ки дар сомонаҳои касбиву расмии русӣ ва форсӣ метавонанд беҳтарин тавсияҳои олимони кишварҳои гуногун ва стандартҳои табобати ин ё он бемориро ба осонӣ пайдо кунанд;
- Вазорати тандурустӣ ва духтурон набояд тани танҳо думболи нобудсозии ин уфунӣ бошанд. Сохторҳои дигаре, ки барои амнияту бехатарии мардум мутассадиянд, дар ин самт ҳам бояд фаъолтар бошанд ва талаботи риояи қонунҳои санитарӣ сахттар бошанд;
- маслиҳатҳои касбӣ на фақат бо забони расмии ҷиддӣ, балки тариқи фаъолона истифода кардан аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва наворҳои диққатҷалбкунандаву комиксҳову ғайра дар нисбати пешгирӣ ва эмкунӣ бештар бошанд;
- намедонам дар Тоҷикистон кадом сохтор масъули назорати фаъолияти касбии кормандони соҳаи тибб аст (дар Русия “Росздравнадзор” ва “Роспотребнадзор” ҳастанд), вале онҳо бояд таҳқиқоту ташхису таъиноту тавсияҳоро зери назорати қатъӣ дошта бошанд ва мардум ҳам бояд имкони ба осонӣ ба онҳо шикоят бурданро дошта бошад. Дар Русия ин корро тариқи “Госуслуги” ба осонӣ карда мешавад.
Дигар аз Худованди кариму раҳим бо дуъо талаб дорам, якояки мардуми Тоҷикистонро солиму осуда нигоҳ дорад ва то зодрӯзи Абу Алӣ ибни Сино,ки моҳи августи милодист, ин уфуниро аз Тоҷикистон рафъ созад!
Суҳбати Б.Шафеъ