ПАЖӮҲИШ: Воксинҳо инсонро аз сирояти ҳамаи гунаҳои коронавирус муҳофизат мекунанд
Чоп шуд: 17/06/2021 | adminСарфи назар аз он ки гунаи ҳиндии коронавирус (Делта) нисбат ба гунаҳои дигари он сироятшаванда ва пурхатар аст ва ҳатто барои ононе ҳам, ки аз ду доза як доза воксинро гирифтаанд, хатар дорад, аммо донишмандон исбот карданд, ки эмкунӣ зидди ин вирус сатҳи ҳимояро маротиб боло мебарад. На танҳо садди роҳи сироят ба шаклҳои вазнини Covid-19 мешавад, балки сатҳи маргумирро ҳам поён мебарад.