Коронавирус nCov

Covid-19: Гирифторон дар олам ба 161 миллион наздик мешавад, шумори ҷонбохтагон аз 3,3 миллион гузашт

Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар олам 717 513 мубталои нав ба коронавирус сабт гардид ва 13 043 нафар аз ин беморӣ фавтиданд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо пахши ин омор шумори умумии гирифторон ба коронавирус дар оламро аз оғози ҳамагирӣ 160 миллиону 813 ҳазору 869 нафар эълон кард. Аз аввали пандемия дар олам 3 миллиону 339 ҳазору 002 нафар аз КОВИД-19 фавтиданд.

Иттилои изтиробангези Созмони ҷаҳонии тандурустӣ: Штамми ҳиндии коронавирус дар 49 кишвар дида шуд

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон кард, ки зарфи як ҳафтаи охир штамми ҳиндуии коронавирус тавонист вориди 49 кишвари дигари олам шавад. Шумори умумии сироятёфтагон ба КОВИД-19 дар кулли кишварҳо аз 160 миллион гузашт.

Шабонарӯзи гузашта дар Олмон 17 419 мубталои нав ба  COVID-19 ба қайд гирфита шуд ва дар ин муддат 278 нафра ҷони худро аз даст доданд. Маврид ба ёдоварист, ки пештар дар як шабонарӯз дар Олмон 14 909 сироятшудаи навро ба қайд гирифта буданд.

COVID-19: Ҳинд дар шумори мубталоён ба коронавирус дар олам дуюм шуд

Шоми 7-уми майи соли 2021 Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба коронавирус дар оламро 157 миллиону 400 ҳазору 521 нафар эълон намуд. Аз аввали ҳамагирӣ дар саросари олам 3 миллиону 280 ҳазору 436 нафар ҷон бохтаанд.

Кишварҳое, ки бештар мутбалоён ба COVID-19 доранд:

COVID-19: Марги 4 ҳазор нафар дар як рӯз дар Ҳинд

Шумори фавтидагон аз коронавирус дар олам шабонарӯзи гузашта назар ба як рӯзи пеш 6% афзудааст ва сироятшудагон тақрибан дар ҳамон сатҳ боқӣ мондааст. Аз аввали ҳамагирӣ дар олам 153 миллиону 954 ҳазору 491 нафар олуда ба ин вирус шудаанд ва 3 миллиону 221 ҳазору 052 нафар ҷон бохтаанд.

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ИМА бештар аз 40 ҳазор гирифторони...

COVID-19: Бо вуҷуди вазъи нобасомон Ҳинд намехоҳад як карантини сартосарӣ эълон кунад

Шумори мубталоён ба коронавирус дар Ҳинд аз 20 миллион нафар ҳам гузашт, вале ин кишвар ҳамоно намехоҳад як карантини сартосарӣ эълон кунад. Мавҷи дуюми ҳамагирӣ дар Ҳинд, ки аслан ба сабабҳои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ ва аз ҷониби ҳукумат лағв нашудани ҷашнвораҳои мазҳабӣ авҷ гирифт, ҳоло соҳаи тандурустии ин кишварро фалаҷ кардааст. Беморхонаҳо пур аз беморон ва мақмомот то кунун...

Страницы