Шумори ҷонбохтагон аз Covid-19 дар олам ба 3,5 миллион наздик мешавад. Аргентина дубора ба карантин меравад
Чоп шуд: 25/05/2021 | redaktorТеъдоди мубталоён ба коронавирус дар олам ба 168 миллиону 011 ҳазору 793 нафар расидааст. Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар саросари олам боз 156 ҳазору 978 нафар гирифтори ин вирус шуданд ва 3 758 нафар фавтиданд. Шумори ҷонбохтагон аз Covid-19 ба 3 миллиону 488 ҳазору 198 нафар расидааст. Аз ин беморӣ то кунун 149 миллиону 448 ҳазору 052 нафар шифо ёфтаанд.