Теъдоди мубталоён ба коронавирус дар олам ба 168 миллиону 011 ҳазору 793 нафар расидааст. Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар саросари олам боз 156 ҳазору 978 нафар гирифтори ин вирус шуданд ва 3 758 нафар фавтиданд. Шумори ҷонбохтагон аз Covid-19 ба 3 миллиону 488 ҳазору 198 нафар расидааст. Аз ин беморӣ то кунун 149 миллиону 448 ҳазору 052 нафар шифо ёфтаанд.
Дар ИМА шумори мубталоён ба коронавирус ба 33 миллиону 922 ҳазору 937 нафар расидаву аз он 604416 нафар фавтидаанд.
Аргентина боз як карантини нуҳрӯза эълон кард ва сабаби он авҷи нави коронавирус дар кишвар мебошад. Теъдоди мубталоён ба COVID-19 дар ин кишвар 3 539 484 нафар гузориш шудааст.
Рӯзи 23-уми май Мексика 50 марг бар асари КОВИД-19 – ро эълон намуд, ки аз аввали ҳамагирӣ сатҳи паси маргумир дар ин кишвар аст.
То ба имрӯз дар Италия аз коронавирус 125 335 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Шабонарӯзи гузашта боз аз марги 110 нафар (рӯзе пеш 72 нафар) хабар расид.
Дар Ҳинд 8484 ҳодисаи гиифторӣ ба мукормикоз ба қайд гирифта шудааст. 90 дарсади гирифторони ин беморӣ ҳафтаи гузашта фавтиданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар Ҳинд ҳамарӯза афзоиши мубталоён ба коронавирус сабт мешавад. Бино ба омори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори сироятшудагон ба КОВИД-19 дар Ҳинд ба 26 миллиону 948 ҳазору 874 нафар расидааст ва аз ин беморӣ то кунун беш аз 307 ҳазор нафар ҷон бохтаанд.
Дар Русия шабонарӯзи гузашта 8406 ҳодисаи нави сироят ба коронавирусро ба қайд гирифтанд. Мубталоёни нав аз 85 дар 82 минтақаи Русия сабт шудааст.
Шумори олудашудагон ба вируси корона дар Қирғизистон ба 102 702 нафар расидааст. То кунун аз Covid-19 1 757 нафар фавтидаанд.
Узбекистон шумори умумии мубталоён ба коронавирусро 98 657 ва фавтидагон аз онро 680 нафар эълон кард.