Шумори гирифторон ба коронавирус дар олам ба 167 миллиону 533 ҳазору 334 нафар расидааст. Зарфи як шабонарӯз боз 126 ҳазору 988 нафар мубталои ин вирус шудаанд. Теъдоди фавтидагони 24 соати гузашта 2803 нафар эълон шуда, аз аввали ҳамагирӣ 3 миллиону 478 ҳазору 523 нафар ҷон бохтаанд. Аз ин беморӣ 148 миллиону 623 ҳазору 446 нафар пурра муолиҷа шудаанд.
Вазорати беҳдошти Ҳинд хабар дод, ки теъдоди фавтидагон аз коронвирус дар ин кишвар аз 300 ҳазор гузашт. Танҳо зарфи камтар аз як моҳ 100 ҳазор нафар аз ин беморӣ ҷон бохтанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки мутахассисон мегӯянд эҳтимол меравад шумори фавтидагон аз омори расмӣ ба маротиб бештар бошад. Ҳинд дар ҳоли ҳозир як маркази ҳамагирӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Шумори сироятшудагон ба коронавирус дар ИМА ба 34 миллион наздик мешавад. Шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар130 мубталоён ба КОВИД-19 ҷон бохтаанд ва теъдоди умумии фавтидагон аз коронавирус ба 604 087 нафар расидааст.
Шабонарӯзи гузашта дар Британияи Кабир 2235 мубталои нав ба SARS-CoV-2 ба қайд гирифта шудааст. Шумори умумии гирифторон ба 4 462 538 нафар расидааст ва аз COVID-19 127 771 нафар фавтидаанд.
Эҳтимол меравад ҳукумати Ҷумҳурии Чех аз 14-уми июни соли равон ба тарабхонаҳо, қаҳвахонаву ошхонаҳо ва дигар муассисаҳои хӯроки умумӣ иҷозати фаъолият диҳад.
Дар Юнон зарфи 24 соати гузашта боз 870 сироятшудаи навро ба қайд гирифтаанд ва шумори умумии мубталоён ба коронвирус дар ин икшвар ба 389 804 расидааст. Ҳамчунин аз даргузашти 11 772 бемори гирифтори COVID-19 дар Юнон аз аввали ҳамагирӣ хабар дода мешавад. Рӯзе қабл дар ин кишвар 1,5 ҳазор сироятшудаи нав сабт шуда буд.
Дар қувваҳои мусаллаҳои Кореяи Ҷанубӣ ҳамоно ҳолатҳои сироят ба коронавирус ба қайд гирифта мешаванд.
Латвия аз сирояти боз 230 нафар дар як шабонарӯз хабар дод ва шумори умумии гирифторон ба SARS-CoV-2 ба 130 945 нафар расидааст. Теъдоди фавтидагон аз КОВИД-19 2,3 ҳазор нафар гуфта шудааст.
Дар Белорусия шабонарӯзи гузашта 1252 ҳодисаи нави сироят ба вируси корона сабт шудааст ва теъдоди гирифторон ба ин вирус аз аввали ҳамагирӣ ба 386 025 нафар расидаву 2771 нафар (даҳ нафар шаби гузашта) ҷон бохтаанд.
Дар Русия шабонарӯзи гузашта 8951 ҳодисаи нави гирифторӣ ба COVID-19-ро сабт карданд ва шумори умумии мубталоён аз аввали ҳамагирӣ аз 5 миллион нафар гузашт. Дар ин муддат аз ин беормӣ 118 482 нафар ҷон бохтанд.
Дар Қирғизистон шабонарӯзи гузашта 325 гирифтори нав ба коронавирус сабт гардид ва шумори умумии мубталоён ба 102 702 нафар расид ва 1757 нафар фавтиданд.
Вазирин тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иддиои баъзе расонаҳо дар мавриди дубора ба карантин фаро гирифта шудани чанд нафар ба нишонаҳои коронавирусро рад кард. Вай гуфт, ки онҳо гирифтори илтиҳоби шуш буданд ва бо дастури шахсии ман бистарӣ карда шуданд. Ҳамаи онҳо дар мавсими оббозӣ зери ҳавои номусоиди рӯзҳои охир дар соҳили махзанҳои об оббозӣ кардаанд. Онҳо барои атрофиён комилан бехатаранд,-гуфт вазири тандурустӣ ба хабарнигорон.