Коронавирус nCov

COVID-19: Қирғизистон аз сирояти як нафар бо штамми британиёии коронавирус хабар дод

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамроҳ бо Агентии аврупоии доруворӣ қарор аст аз 10-уми майи соли равон марҳилаи дигари санҷиши воксани русии  "Спутник V" аз коронавирусро оғоз кунанд.

Шабонарӯзи гузашта дар ИМА 21 432 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.  

COVID-19: Шумори ҷонбохтагон дар олам ба 3 миллиону 72 ҳазору 576 расид

Шумори гирифторон ба коронавирус дар олам ба 144 миллиону 480 ҳазору 449 нафар расидааст. Шабонарӯзи гузашта мубталоён 228 ҳазору 206 нафар афзуда, 6 ҳазору 566 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд. Тибқи омори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ то ба имрӯз 3 миллиону 72 ҳазору 576 нафар ҷон бохтанд ва 122 миллиону 959 ҳазору 991 нафар пурра муолиҷа шудаанд.

COVID-19: Талоши бесобиқаи олмониҳо барои дарёфти воксани русии "Спутник V"

Агентии аврупоии доруворӣ (EMA) дар ҷараёни як таҳқиқот  иртибот миёни лахтшавии хун ва воксани Johnson & Johnson аз коронавирусро муайян кардааст. Агентӣ қатъи истифодаи доруро тавсия намедиҳад, зеро итминон дорад, ки манфиатҳои Johnson & Johnson назар ба хатарҳои он бештар аст.

600 нафар аз Олмон ҳоло омодаи сафар ба Русия ҳастанд...

COVID-19: Интиқоди тунди мардуми Эрон аз давлат аз кундии воридоти воксани корона. Мақомот мегӯянд иллати ин дар хориҷ аст

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба далели маҳдуд будани шавоҳид дар мавриди муассир будани воксанҳо дар коҳиши интиқоли вируси корона тавсия медиҳад, ки кишварҳо ҳангоми мусофиратҳои байналмилалӣ  гувоҳномаи эмшуда ба коронавирусро талаб накунанд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар ин бора рӯзи 19-уми апрели соли равон зимни пахши як изҳорот изҳори назар кард.

COVID-19: Марги 1300 кӯдак дар Бразилия аз коронавирус. Олмон бори дигар ба карантин меравад

Шумори мубталоён ба коронавирус дар олам ба 140 миллиону 531 ҳазору 290 нафар расид. Танҳо шабонарӯзи гузашта боз 196 ҳазору 576 нафар гирифтори ин вирус шуданд. Аз оғози ҳамагирӣ дар ҷаҳон 3 миллиону 012 ҳазору 206 нафар ҷон бохтанд.

Дар ИМА шабонарӯзи гузашта 74289 нафар сироятшудагони нав ба вируси корона  ба қайд гирифта шуд.

Страницы