Агентии аврупоии доруворӣ (EMA) дар ҷараёни як таҳқиқот иртибот миёни лахтшавии хун ва воксани Johnson & Johnson аз коронавирусро муайян кардааст. Агентӣ қатъи истифодаи доруро тавсия намедиҳад, зеро итминон дорад, ки манфиатҳои Johnson & Johnson назар ба хатарҳои он бештар аст.
600 нафар аз Олмон ҳоло омодаи сафар ба Русия ҳастанд, то бо воксани русии «Спутник V" худро эм кунанд. То кунун 50 нафар олмониҳо дозаи аввали ин воксанро дарёфт кардаанд.
Британияи Кабир шабонарӯзи гузашта 2525 сирятшудаи нав ба коронавирусро ба қайд гирифтааст ва 33 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд.
Аз 16-уми апрели соли равон шумори фавтидагон аз КОВИД-19 дар Шветсия 37 нафар зиёд шудааст.
Дар Туркия шабонарӯзи гузашта беш аз 61 ҳазор мубталои нав ба коронавирус сабт шудааст. шаби гузашта шумори фавтидагон 346 нафар эълон шуд ва аз аввали ҳамагирӣ 36 613 нафар сокинони Туркия бар асари ин беморӣ ҷон бохтаанд.
19 – уми апрели соли равон дар Эрон 398 нафар қурбонии нави КОВИД-19 шуданд ва шумори умумии фавтидагон аз корона дар ин кишвар аз аввали ҳамагирӣ ба 67 130 нафар расид.
Имрӯз дар Гурҷистон бо даъвати сарвазир Ираклий Гарибашвили ҷаласае баргузор мешавад, ки масъалаи пурзӯр кардани карантин дар кишварро баррасӣ мекунад.
Дар Литва як мутатсияи номаълуми коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Шабонарӯзи сипаришуда дар Русия 8164 ҳодисаи нави сироят ба COVID-19 сабт шудааст.
Авҷи тоза сироят ба коронавирус дар Қазоқистон охири моҳи апрели соли ҷорӣ дар назар аст. Дар ин бора вазири тандурустии ин кишвар Алексей Сой изҳор дошт.
Дар пойтахти Қирғизистон Рӯзи Ғалаба-9 май ва рӯзи пойтахт – 29-уми апрел баргузор нахоҳад шуд. Сабаб коронавирус.
Ба сабаби авҷи сироят ба КОВИД-19 миёни хонандагон ва муаллимон 18 мактаби таҳсилоти умумӣ дар вилояти Тошканд ба омӯзиши фосилавӣ фаро гирифта шуданд. Гуфта мешавад, ки то кунун дар ин мактабҳо 30 хонанда ва 25 муаллим гирифтори коронавирус шудаанд.
Шумори умумии мубталоён ба КОВИД-19 дар Ӯзбекистон ба 87 225 нафар расидааст.