Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба далели маҳдуд будани шавоҳид дар мавриди муассир будани воксанҳо дар коҳиши интиқоли вируси корона тавсия медиҳад, ки кишварҳо ҳангоми мусофиратҳои байналмилалӣ гувоҳномаи эмшуда ба коронавирусро талаб накунанд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар ин бора рӯзи 19-уми апрели соли равон зимни пахши як изҳорот изҳори назар кард.
Ин ҳаштумин ҳафта аст, ки дар саросари олам шумори мубталоёни шабонарӯзӣ рӯ ба афзоиш дорад. Дар гузориши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ омадааст, ки ҳафтаи гузашта дар олам 5 миллиону 228 ҳазору 318 мубтало ба коронавирус ба қайд гирифта шуд, ки 13,97 дарсад бештар аз як ҳафтаи пеш буд. Кишварҳои Ҳинд, ИМА, Бразилия, Туркия, Фаронса, Эрон, Аргентина, Олмон, Колумбия ва Лаҳистон шомили даҳгонаи давлатҳое мебошанд, ки бештар аз дигарон гирифторон ба коронавирус доранд.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба қароре омад, ки низоми ҷаҳонии вазъи фавқулода бар асари коронавирус COVID-19-ро се моҳи дигар тамдид кунад.
Ҳинд ҳамзамон бо афзоиши шадиди гирифторон ба КОВИД-19 ва эълони карантин дар пойтахт барномаи эмкунии худро густариш медиҳад. Давлат рӯзи душанбе эълон кард, ки аз ин ба баъд ҳамаи шахсони аз 18-сола боло пурра эм карда хоҳанд шуд. Бо вуҷуди камбуди воксан дар бисёре аз иёлотҳо мушаххас нест ин кишвар дозаҳои изофиро чӣ гуна таъмин мекунад.
Бисёре аз мардуми Эрон аз давлат ба хотири кундӣ дар воридоти воксани корона интиқод мекунанд, вале мақомоти вазорати тандурустӣ гуфтаанд, ки иллати ин дар хориҷ аст ва иртибот ба таҳримҳо дорад.
Дар Қазоқистон шабонарӯзи гузашта 2719 ҳодисаи мубталоӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Аз ҳама бештар дар шаҳрҳои Олмаато — 665, Нур-Султон — 436, вилоятҳои Олмаато — 251 ва Қарағанда — 220 мубталоён сабт шудаанд.
Дар Қирғизистон аз сирояти боз 212 нафар ба COVID-19 хабар доданд.
Шумори мубталоён дар Ӯзбекистон аз аввали ҳамагирӣ ба 86 ҳазору 982 нафар расид.